Якбора хунук шудани ҳаво ҳоли Мунираро табоҳ гардонд. Сару рӯйи чиркин, дастҳои торс-торс кафидаву пурхун ва куртаи ҷо-ҷо даридаи ғилборгаштаи ин зан касро ба ваҳшат меовард. Се рӯз мешавад, ки вай ба даҳонаш чизе набурдааст. Пештар аз байни партовҳо ягон пора нони сиёҳ ё ягон банка консерваи вайроншуда ёфта, шикамашро сер мекард, вале аз дасти сагу гурбаҳои дайду дигар дар партовгоҳ ҳам ягон чиз намемонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, кӯдакон ҳар гоҳ барои партофтани партоб ба партовгоҳ биёянд, ба сӯйи Мунира санг меандозанд ё «Аҷуза! Дар партовгоҳ аҷуза пайдо шудааст» гӯён, доду фиғонкунон мегурезанд.
Аслан, ҳамааш айби худаш, ишқу ошиқӣ гуфта ҳаёташро бо дасти худ барбод дод…
Духтари бе модар
Мунира ҳамагӣ 5-сола буд, ки модараш аз дунё гузашт. Он вақт бисёр хурд буд ва ҳанӯз сарфаҳм намерафт, ки чӣ мусибати бузурге ба сараш омадааст. Мунира танҳо ҳамин қадарашро дар ёд дорад, ки он рӯз дар ҳавлиашон мардҳои тоқипӯшу занҳои рӯймолдори зиёде ҷамъ шуда, гиряву нола мекарданд. Аз ҳама бештар бибиаш гиряву нола карда, рӯю мӯяшро меканд. Баъд модарашро дар матои сафед печонда, ба тобут хобонданду аз болояш бахмали сурху рӯймоли сабз партофтанд. Тағоҳояш ва дигар мардҳои ҳамсояву хешу табор тобутро сари китф бардоштанду ба нолаҳои зори бибиву холаву аммаҳояш аҳамият надода, ҷониби қабристони деҳа, ки дар рӯ ба рӯи ҳавлии бобояш буд, раҳсипор гаштанд…
Нозпарварди падар
Падари Мунира марди вазифадор ва обрӯманд буд. «Акаи Амир» гӯён, ҳамсояҳо дар тамоми тӯю маъракаҳо ӯро бологузар мекарданд. Ин ҷавонмарди хушқаду қомати ба обрӯ бо он давлату сарвате, ки дошт, метавонист баъди марги ҳамсараш ягон духтари ҳанӯз очааш мучӣ накардаро ба занӣ бигирад, вале чандин соҳибҷамолро пешкаш крада бошанд ҳам, ба хотири духтарчааш дубора хонадор нашуд. Амир намехост, ки Мунираи хурдакак зери мушту лагади моиндар монда, хору зор шавад. Мунира ягона ёдгории ишқи аввалаш, ҳамсари ҷавонмаргаш Зулхумор буд ва Амир духтари фатиламӯяшро мисли гавҳараки чашмонаш эҳтиёт карда, чунон эрка мекард, ки ногуфтанӣ. Мунира гули чизро хӯрдаву гули чизро пӯшида, дар сари китфи падар калон шуд, вале…
Мислу ду қатраи об
Мунира Мавзуна ном амакдухтар дошт, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекард. Онҳо апаву хоҳар набошанд ҳам, мисли як себи дукафон ба ҳамдигар монанд буданд. Одамони ношинос Мунираю Мавзунаро дар кӯча дида, дугоник гумон мекарданд. Дар сарнавишти Мунираи эрка ана ҳамин амакдухтари меҳрубонаш бисёр нақши қисматсӯзро бозид.
Оташи ишқ
Мавзуна Шодӣ ном холабачаи зебое дошт, ки тез-тез дар хонаи онҳо меҳмон мешуд. Шодӣ ҷавони шӯх буда, чунон латифаҳои намакин мегуфт, ки бо шуниданашон кас аз ханда қариб, ки рӯдакан мегашт. Ин ҷавони бебок ба Мунира бо чашми харидорӣ нигариста, бо ҳар баҳона гап мепартофт, вале духтар ба луқмапартоиву хушгуиҳои вай аҳамият намедод. Мавзуна бепарвоии духтарамакашро нисбати ишқу ошиқӣ дида, мудом ба гӯши Мунира варсоқӣ мехонд, ки бахташро аз даст надиҳад, чунки Шодӣ ҷавони хушахлоқи боодобу ояндадор буда, ӯро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медорад…
Рафта-рафта таърифу тавсияҳои Мавзуна ба Мунира таъсир намуданд ва ишқи Шодиро қабул карда, дар ҷойҳои хилват бо ин ҷавони шӯх, ки аз як деҳаи дурдаст буд, мулоқоти ошиқона мекардагӣ шуд…
Танҳои танҳо
Аз марги модари Мунира беш аз 10 сол гузашта бошад ҳам, Амир ҳанӯз муҷаррад буд. Дар сар фикри зангирӣ надоштани писарашонро дида, волидонаш насиҳат мекарданд, ки умрашро беҳуда нагузаронда, хонаашро дубора обод намояд. «Духтарат ҳам калон шудааст бачам, имрӯзу пагоҳ шавҳар карда меравад. Ин давлату савлат поянда нест. Фардо пиру муҳтоҷ шавӣ, дасти туро кӣ мегирад? Зудтар оиладор шав, ки ақаллан соҳиби 1-2 писар ё духтари дигар шавӣ» мегуфт мӯйсафеди падараш. «Худо накарда ҳамин шабу рӯз мурда монам, аз ғами танҳоии ту дар гӯр ором хобида наметавонам. Гирду атроф пур аз зану духтарҳои бешавҳар, ягонтоашонро ба гап дароварда, хонаатро аз нав обод кун, то ману падарат бо дили пуру хотири ҷамъ ин дунёро тарк намуда, дар гӯрамон бароҳат хобем» гапи шавҳарашро тақвият медод модари пираш. Амир дар ҷавоби ин суханони волидонаш чизе намегуфт, вале баъзан дар танҳоӣ андеша мекард, ки падару модараш рост мегӯянд, охир Мунира аллакай духтари қадрас шудааст ва хоҳ-нохоҳ баъди як-ду сол шавҳар карда меравад. Он гоҳ ӯ мемонаду чор девори хушки хона…
Дар талаби бахт
Ҳамин тавр баъди фикру андешарониҳои зиёд Амир сар фароварда, ба зангирӣ розӣ шуд. Хоҳаронаш аз деҳаи ҳамсоя пирдухтареро ёфта, хостгорӣ намуданд ва Амир ба ҳаққу ҳамсояҳо як дег ош дода, дубора хонадор шуд. Вақте ки моиндари маккораш ба кошонаи онҳо қадам гузошт, Мунира аллакай духтари 17-сола ва арӯси таппа тайёр буд. Вай ба хубӣ дарк мекард, ки падараш наметавонад як умр тани танҳо зиндагӣ кунад ва ба моиндараш тамоман кордор намешуд. Мунира аз сидқи дил ба падараш, ки ба хотири вай шуда, 12 соли умрашро бе зан гузаронида буд, бахт мехост, аммо…
Рашки моиндар
Кампирарӯс аз рӯзи аввал Мунираро чашми дидан накард. Вай мудом ба сару либос ва рафтору кирдори духтари шавҳараш эрод гирифта, Мунираро дар назди падараш сиёҳ мекад. Аввалҳо Амир ба гапҳои подарҳавои зани ҷавонаш аҳамият надода, Мунираро мисли пештара эрка мекард ва чизи мехостагии духтарашро аз таги замин бошад ҳам, ёфта меовард. Назира бо дидани куртаҳои ранг ба ранги қиматбаҳо ва гӯшвораҳои ангуштаринҳои тиллоию бриллианте, ки шавҳараш тез-тез барои духтари нозпарвардаш мехарид, қариб, ки девона мешуд. Зани бадрашку бадкирдор намедонист бо кадом роҳ падару духтарро ҷанг андохта, аз ҳам ҷудо созад…
Писар дорам, чӣ ғам дорам?!
Аз байн як сол ҳам нагузашта, Назира аз Амир писар таваллуд кард ва буҷулаш якбора асп хест. Хешу табораш барои Амирро соҳиби писар ва муросхӯр гардониданаш Назираро дар ҳама ҷо бологузар мекарданд. Зан аз ин бардор-бардори хешу ақрабо курта-курта гӯшт гирифта, ба болои сари шавҳараш баромад ва лаҷоми Амирро ба даст гирифт…
Фитнаи қисматсӯз
Меҳрубонии аз ҳад зиёди Амирро ба Мунира дида, Назира аз он метарсид, ки шавҳараш боигариашро ба духтари эркааш мебахшад ва ба ӯву писараш чизе намемонад. Аз ҳамин хотир, пайт меҷуст, то коре карда, Мунираро дар чашми падараш сиёҳ кунад ва аз ин дарди сар абадан халос шавад. Вай аз куҷое бӯй бурд, ки Мунира Шодиро дӯст медорад ва аз паси фитна ангехтан шуд. «Мардак, духтари таърифиат бо як сағераи хуни бинӣ мегаштааст. Тезтар ягон бачаи хубро ёфта, ӯро ба шавҳар деҳ, набошад, ягон рӯз шикамаш дам мекунаду дар назди ҳаққу ҳамсояҳо шарманда нашавем» мегуфт Назира шабҳо дар ҷогаҳи хоб ба шавҳараш. Амир аввал ба ин гапҳои занаш аҳамият намедод, вале баъд миш-миши ҳамсояҳо низ дар бораи қиссаи ишқу ошиқии духтараш ба гӯшаш расида, ба ташвиш афтид.
Барои он ки духтари беақл ба доми ин ҷавони деҳотӣ афтида, ягон номаъқулӣ накунад, Амир Мунираро ба писари ҷӯрааш, ки ҷавони зебои соҳибмаълумот ва ояндадор буд, фотиҳа кард, аммо…
(Давомашро пагоҳ соати 21:00 интизор шавед)