tobiston
Ҷаримаи се мототсиклрон барои халалдор кардани оромии шабона дар Душанбе
132

Пулиси шаҳри Душанбе се ҷавонро барои рондани мототсикл бо садои баланду гӯшхарош ва халалдор кардани оромии сокинон боздошт ва ҷарима кардааст.

Тавре мақомот хабар доданд, ин се нафар Анушервон Холиқов, Ҳабибулло Ҳалимов ва Шаҳромбек Назаров мебошанд, ки шабона дар кӯчаҳои марказии пойтахт мототсиклро бо садои баланд идора кардаанд.

Ба гуфтаи пулис, нисбат ба ин ҷавонон бо гумони «халалдор кардани оромӣ» (моддаи 462-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ боз шуда, ҷарима баста шудаанд.

Бархе мототсиклронҳо шабона бо суръати баланд ва садои гӯшхарош ҳаракат мекунанд, ки боиси халалдор шудани оромии шаҳрвандон мегардад. Дар робита ба ин, пулис аз ҳамаи мототсиклронҳо даъват кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, оромии сокинонро халалдор насозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД