arzon replenishment
Шавҳар дар зиндону зан дар оғӯши дигарон
9984

         
Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ чашмамон ба аксу навори бисёр риққатоварданда афтид, ки марде дар даст чӯб бо ҷамъи наздикону пайвандонаш, ки ҳама ҷинси мардро ташкил медоданд, як зани бечораро ҳалқагир карда, зери мушту лагат мегирифтанд ва дашному ҳақоратҳои гӯшношунид карда, занро бо озору ҳақорат таҳдид мекарданд.

Дар навор ба гуфтаи ҳузурдоштагон маълум мегардид, ки шавҳари ин зан дар яке аз ҳабсхонаҳои давлати Руссия қарор дошта, тариқи телефон ҷавоби ҳамсарашро медиҳад. Ин зан миёни замину осмон тани танҳо бо се фарзандаш аз шавҳари маҳбасиаш дохили хона бидуни навозишу парастор мемонад. Дар навор дида мешуд,ки марди номаълум дар даст чӯб занеро дар кунҷаки хона аз манаҳаш қапида қасди куштан мекард. Занро б он гунаҳгор мекарданд, ки дар набудани шавҳараш ба хона марди бегонаро оварда, айшу ишрат кардааст. Марди дастгир шуда аз тарсу ҳароси зиёд ҳатто намедонист чӣ гӯяду киро тарафдорӣ кунад ва ба ки муроҷиат карда, киро ба ёри даъват кунад. Хуб медонист агар сухане бигӯяд ва ё занро ҷонибдорӣ намояд ба марг наздик мекунанд. Зан бо чашмони хунгирифта ба онҳо нигариста, қасам болои қасам мехӯрд, ки агар ба ӯ ва марди дар бистар буда, даст бардоранд, худашро бо кӯдаконаш оташ мезанад. Манзара ҳамин гуна сурат гирифт, ки мардони ба хашмомадаон марди ба хона меҳмоншударо лагаткӯб намуда, сар урӯяшро дар хун тар мекунанд. Ҳатто иҷозат намедиҳанд, ки мард суханҳояшро гап занад. Аз ҳаракату муносибат ва пуштибониҳои зан дарк карда мешуд, ки ин мард он қадар бегона нест. Сабаби ин ҳама муноқишаҳои оилавӣ ва муносибатҳои пинҳонӣ занҳое, ки шавҳарҳояшон дар Русия “мардикорӣ” қарор доранд, он буда метавонад, ки ҳамасола баъзе аз мардони тоҷик барои ба даст овардани маблағ суйи ғарибӣ мераванд.


Метарсам, ки писарам ба Сурия нарафта бошад


Бисёре аз духтарон дар тоҷик солҳои тӯлонӣ наметавонанд ба шавҳар бароянд , зеро тақрибан 80% мардони синнашон аз 18 то 25 сола, ба Русия барои кор ва дарёфти ризқу рӯзиашон рафтанд ва боқимондаҳо шароити хуби барпо кардани оиларо надоранд ва ҳато оилаҳои худро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, занон маҷбур мешаванд ба мардҳои оиладор ба издивоҷи ғайри расмӣ розӣ шаванд, ки ин амал аз ҷониби наздикон ва пайвандони тарафайн мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аксар вақт мардҳо бо зангҳои худ телефонӣ ба завҷаҳояшон аз Русия талоқ мефиристанд, ки бо ҳамин зиндагии онҳо хотима меёбад.


Сарваршоҳ аз ш. Маскав: Писаронат бомж шуданд, оча!


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД