Sebiston new 2024 october
Метарсам, ки писарам ба Сурия нарафта бошад
3475

 

Барои аз маҷлис дер намондан бошитоб аз роҳ мегузаштам, ки касе бо овози бисёр ҳазин аз пасам садо кард: «Ҳой бачаҷон, як дамак ист!»

Ба қафо нигариста пирамардеро дидам, ки либосҳои ҷанда дар тан дошт. Мӯйсафедро ҷӯгӣ гумон карда, роҳамро идома додам. Бечора аз пасам давида афтидааст. Садои гурсосзанон афтидани чизеро шунида ба қафо баргаштам. Пирамард дар рӯйи замин дароз мехобид. Давида рафта ӯро аз замин бардоштам ва чангу хоки либосҳояшро афшонда пурсидам, ки ягон ҷояш захмӣ нашудааст. Мӯйсафед бо аломати инкор сар ҷунбонда хоҳиш кард, ки ӯро ба назди бинои «Шарқи озод» бубарам. Ҳайрон шудам, ки ин пиракӣ дар редаксия чӣ кор дошта бошад, вале сир бой надода, аз дасташ дошта ӯро ба самтрав шинондам. Раҳораҳ дарди дилашро пурсидам. Бобо писарашро меҷустааст. Корманди сомонаи «Оила» будани маро фаҳмида зорӣ кард, ки дарди дилашро дар саҳифаи «муҳоҷир» нависам, то фарзандаш аз аҳволаш воқиф шуда ба хона баргардад. Инак, бо хоҳиши мӯйсафед дарди дилашро пешкаши шумо месозем.


ҶАВОНИ ТОҶИК ҶИНСАШРО ИВАЗ КАРДА ДУХТАР ШУД Ё...?


«Писарам Мирзораҳим ном дорад ва се сол боз дар Русия аст. Занаш баъди рафтани ӯ писарча таваллуд кард. Намедонам бо чӣ сабаб писарам на ба зану фарзандаш занг мезанад, на ба ман. Пулкоркунӣ меравам гуфта дуоямро гирифта рафта буд, вале то имрӯз ягон тин пул нафиристодааст. Аз як чиз хавотирам, ки мабодо писари беандешаи ман ба ҷанги Сурия нарафта бошад. Аз радиову телевизион барои чор танга пули ҳаром шуда ба ҷанг рафтани баъзе тоҷикбачаҳоро шунида «девона» мешавам. Бовар кунед, на шаб хоб дораму на рӯз ором, оби дидаи зану фарзанди писарамро дида сад бор мурда зинда мешавам. Ба ман кӯмак кунед, то писарамро ёбам!»
Ба Мирзораҳим, фарзанди кенҷаи ин марди бузургдил, ки аз деҳоти дурдасттарини Тоҷикистон-Тавилдара ба назди мо омаданду дарди дил карданд, гуфтанием:
Падару модар давлати ноёбанд, чаро мӯйсафеди бечораро хуни ҷигар месозед? Оби чашми падари пиратонро нарезонед, ки Худованд оби чашми шуморо дар бари рӯятон мекунад. Зудтар ба Ватан баргардед ва дар овони пирӣ асои дасти падар бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД