Arzon march 2024
Ҷавони тоҷик ҷинсашро иваз карда духтар шуд ё...?
10366

 

Дар шабакаи Инстаграм имрӯз навори аҷибе пайдо шуда, мавриди баҳсу мунозираи истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст. Зоҳиран навори мазкур аз фурудгоҳи ҳавоии Маскав сабт гаштааст.

Диққати тафтишгаронро яке аз мусофирони самти парвози Масква–Краснодар ба худ ҷалб мекунад. Ин мусофир мӯйҳои дарози парешон, лабҳои ғафси ботекс карда шуда, дар тан либоси занона, дар гӯшҳояш гӯшвораҳои дароз ва сумкачаи занона дорад, аммо дар шиносномаи тоҷикие, ки ӯ дар даст дорад, акси як ҷавонмарди соли таваллудаш 1994 часпонда шудааст, яъне тибқи ҳуҷҷатҳо ин мусофир мард аст, аммо дар асл чеҳраи занона дорад. Тафтишкунанда базӯр хашму ғазаби худро нигоҳ дошта, ба мусофир мефаҳмонд, ки симои ӯ бо аксе, ки дар шиносномааш часпонда шудааст, ба қавли мардуми тоҷик "тӯғрӣ” намегирад, аммо мусофир кӯшиш мекунад исбот намояд, ки ин шиносномаи ӯст, на аз каси дигар. Барои исбот намудани он ки ягон қонуншиканӣ накардааст ва дар ҳақиқат ҳамон ҷавони дар шиноснома тасвирёфта мебошад, хоҳиш менамояд, ки ба модараш занг бизананд. Тафтишгар бо далели он ки модар шахси манфиатдор асту метавонад дурӯғ гӯяд, розӣ намешавад. “Ин тавр бошад, изи ангуштонамро бигиред” ҳамоно паст наомада, талаб мекунад духтур ё ҷавони дар тан либоси занона дошта, аммо тафтишгар ин хоҳиши ӯро низ рад намуда, мегӯяд, ки изи ангештро дар ин ҷо не, дар ҷойи дигар мегиранд...


Ҷавони 19-соларо бераҳмона куштанд

 


Бо ҳамин навор ба итмом мерасад ва маълум нест, ки сарнавишти он мард ё зани тоҷик чӣ мешавад. Танҳо як чиз аён аст, ки шиносномаро ин шахс, ки зан ё мард буданаш аниқ нест, аз ШВКД-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Вилояти Хатлон гирифтааст.

Садои духтари дар навор буда ба садои мард бештар шабоҳат дорад ва тахмин меравад, ки шояд ин ҷавони тоҷик дар Русия ё кадом давлати дигар ҷинсашро иваз намуда, худро ба зан табдил дода бошад. Ногуфта намонад, ки ин нахустин ҳодисаи даъвои мардӣ намудани занону духтарони тоҷик нест. Ду-се сол қабл дар ноҳияи Панҷ Умеда ном духтари тоҷик худро мард эълон карда, номи Умедро гирифт. Умед ҳатто қатори мардон ба масҷид ба намози ҷамоат мерафт ва иддао дошт, ки баъди иди рамазон зан мегирад, аммо тақдири минбаъдаи ин Умед ё Умеда чӣ шуд, маълум нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД