Ба хотири мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон амалиёти махсусеро зери унвони ”Амалиёти корд”роҳандозӣ намудааст.
Ҳадаф аз ин амалиёт пешгирӣ кардани муноқишаҳои хунин дар байни ҷавонону наврасон мебошад, аммо новобаста ба ҳама талошҳо ҳанӯз нафароне ёфт мешаванд, ки бо истифода аз яроқи сард ҷони одамони бегуноҳро мерабоянд.
Боз як муноқишаи хунин дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъ пайваста, корд риштаи ҷони ҷавони 19-солаеро бераҳмона бурид ва як хонаи ободро мотамсарой гардонд. Тавре ки Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҷанҷоли хунин дар ҷамоати деҳотӣ Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат сар задааст.
Дар хабар омадааст, ки се нафар ҷавонмардони 24, 19 ва 18 сола бо як ҷавони 19-солаи сокини деҳаи Меҳрбахши Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, ба қафаси синааш корд задаанд. Моҷарои хунин субҳ, тахминан соатҳои 09-30 дақиқа ба вуқуъ пайваста, ҷавони кордхӯрда аз хунравии зиёд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҷинояткорон аллакай аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.