Нимаи дуюми рӯзи 14-уми январ, тахминан соатҳои 16.00 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, аниқтараш дар хиёбони Рӯдакӣ 176 таркиш ба амал омад. Ин ҳодисаи нохуш бо айби Мезентсев Иван Андреевич ном ҷавонмарди 32-солаи рус ба амал омада, боиси марги худи Иван ва изтироби сокинони шаҳр гашт...
Тавре ки Беҳрӯз Раҳимов, яке аз ҳамсояҳои Мезентсев дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ Рустам Азимӣ гуфт:
-Биное, ки Иван Мезентсев бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард, сеошёна буда, дар наздикии боғи Айнӣ, дар байни маркази савдои “Манижа” ва мактаби №44 воқеъ гаштааст. Ин ҷавони русро ҳамсояҳо бо номи Ваня мешинохтанд. Ваня дар манзили истиқоматиаш "граната"-норинҷакро нигоҳ медоштааст. Ҳангоми ба кӯча баромадан дар назди дармадгоҳ-"подезд" аз беэҳтиётии Ваня норинҷак таркида, натанҳо ҳамсояҳо, балки сокинони биноҳои дар атроф воқеъ гаштаро низ ба даҳшат афканд. Дар натиҷаи таркиши норинҷак Ваня ҷароҳатҳои бисёр вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расид.
Аз сӯҳбати ҳамсояҳо ва шоҳидони ҳол чунин бармеояд, ки Иван ё Ваня ҷавони майзада ва нашъаманд будааст. Чанде қабл модаркалони Ваня-Светлана аз ошёнаи дуюм афтида мурда буд. Пас аз марги кампири 95-сола дар байни мардум миш-миш ва сару садоҳо пайдо шуданд, ки Ваня бибиашро аз ошёнаи дуюм партофтааст, аммо табиист, ки аҳли хонавода ин овозаҳоро рад мекарданд.
“Мастӣ ба пастӣ мебарад” гуфтани халқ беҳуда нест, оқибат ишқи шароб ба сари ин ҷавони рус об рехта, дар натиҷаи таркиши норинҷак ба таври фоҷиавӣ ин дунёро тарк гуфт.