Sebiston new 2024 october
Рашт: Хлопушка Зоҳирро бе хонаю бе хонумон кард
3946

Дирӯз тахминан соатҳои 17: 00 хонаи як марди Раштӣ, ки Зоҳир ном доштааст, ба коми оташ рафт.

Тавре ба хабарнигори сомонаи Oila.tj Маҳмудхон Эшонов, яке аз ҳамдеҳагони ҷабрдида гуфт, ду писарчаи Зоҳир “хлопушкабозӣ” карда, боиси бехонумон гаштани аҳли оила гаштаанд.
Эшонов мегӯяд, писарони Зоҳир баъди оташ додани "хлопушка" аз тарси он ки ин бозичаи даҳшатангез дар зери пояшон накафад, онро ба тарафи коҳдони хонаашон хаво додаанд. Дар натиҷа коҳдони пур аз алафи хушк оташ гирифта, алангаи он дар як лаҳза гову моли дар оғил буда ва тамоми дороии аҳли хонадонро несту нобуд сохтааст. Ҳамсояҳо хеле кӯшиш карда бошанд ҳам, натавонистанд алангаи оташро сари вақт хомӯш намоянд ва ҳамин тавр як бозии солинавии кӯдакона дар арафаи соли нав ин оиларо бехонумон гардонд.


Ин фоҷиаи гушношунид амали дасти ҷавони 18- солаест, ки модар ва ду бародари мактабхонашро бо корди говкушӣ ба қатл расонда, сипас ҷасадҳояшонро оташ задааст.


Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз дар ноҳияи Рашт арчаи солинавиро сӯзонда буданд, имсол бошад, кӯдакон хлопушкакафонӣ карда, хонаро оташ заданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД