arzon replenishment
Мағфират 3-рӯз пеш аз тӯй худкушӣ кард
4420

 

Рӯзи чоршанбе ба хонаи дугонаам рафтам. Махфират як духтари шӯху чеҳрахандон буд, вале аз чӣ бошад, ки ин навбат маро бо табъи гирифта пешвоз гирифт.

Чашмонаш аз шиддати гиря варам карда, суп-сурх шуда буданд. Мо пасопеш ба хона даромадем ва ман дарди дили дугонаамро пурсон шудам. Махфират оҳи сард кашида гуфт: “Дугонаҷон, шаш моҳ пеш як марди худобехабар маро тариқи телефон ба дом андохта, бо макру фиреб ба иҷорахонааш бурд ва зӯран ба номусам дастдарозӣ кард. Ҳайрон шуда, пурсидам, ки чӣ тавр вай, як духтари ҳушёру зирак ба доми ин марди ношинос афтидааст. Махфират бо алам нақл кард, ки шиноси телефониаш дар аввал худро бисёр одами нағз ва боодоб нишон дода, ҳарфи ноҷое намегуфтааст. “Ҳамон рӯзи наҳс мо ба тарабхона рафта, қариб ду соат суҳбат карда нишастем, баъди аз он ҷо баромадан вай гуфт, ки ҳамёнашро дар хонаи иҷорааш фаромӯш кардааст ва хоҳиш кард, ки як лаҳза ба хона даромада онро бигирем, баъд ӯ маро гусел мекунад. Мани сода ба ҳарфҳояш бовар карда, бе ягон гумони бад ҳамроҳаш рафтам, вале он номард дарро аз дарун қулф карда, маро зӯран ба хонаи хоб дароварду мисли гурги гурусна ба ман дарафтод. Зор-зор гириста, тавалло намудам, ки маро бадбахт насозад, вале он нокас заррае ба ман раҳм накарда, даҳонамро бо кафи дастонаш маҳкам дошта, зӯран таҷовуз кард...”


Дар мавзеи Пашмхар, ки байни Қирғизоба ва Ванҷоб ҷойгир аст, ҷасади занеро ёфт шуд, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ ҷисмашро пора-пора кардаанд.

 


Дилам ба ҳоли дугонаам сӯхт ва нисбати он номарди ҳайвонсират нафратам даҳчанд гашт. Мехостам суроғаашро гирифта раваму шармандагиашро барорам, вале дугонаам гуфт, ки аз ин ҳодиса аллакай шаш моҳ гузаштаасту дигар чизеро ислоҳ карда намешавад.

Махфират бо оҳанги ҳазин нақл кард, ки чанд рӯз боз хостгорон дарашонро мекӯбанд ва падару модараш ӯро ба шавҳар доданиянд. “Худат фикр кун, чӣ хел ман бо домони нопок ба хонаи он ҷавон меравам. Падару модар ва хешу табораш нодухтар будани арӯсро фаҳманд, чӣ мегӯянд? Шарманда мешавам, дугонаҷон, шарманда...” зор-зор гириста гуфт Махфирати бечора.

Сари калобаамро гум карда, ба ӯ чӣ гуфтанамро намедонистам. Гарангу малул ба хона омадам. Шаб Махфират ба ман занг зада гуфт, ки боз ҳамон хостгорҳои хира омаданд ва падару модараш ба нею нестони ӯ нигоҳ накарда, розигӣ доданд. Онҳоро охири ҳафта фотиҳа карданиянд. Ба дугонаам гуфтам, ки ин тӯй оқибати хуб надорад, беҳтараш рад кунад, вале талошҳои Махфират барабас рафтанду ӯро зӯран ба ҳамон ҷавон номзад карданд. Дугонаи бечораам аз тарси шармандагӣ се рӯз пеш аз тӯй худро дар оғили говашон ба дор овехт. Касе дар деҳа намедонист, ки чаро гул барин арӯсаки дар фотиҳа даст ба худкушӣ зад. Бисёриҳо бар он ақида буданд, ки шояд ба Махфират ҷин ё парӣ ёр шудааст, танҳо ман медонистам, ки дар марги дугонаам як деви дупои заминӣ гунаҳкор аст, ки зӯран ӯро таҷовуз намуда, то ба худкушӣ расонд. Саргузашти талхи дугонаамро ба шумо нақл кардам, ки ба дигар духтарон дарси ибрат гардад ва ба гапи ҳар марди шиносу ношинос бовар карда, ҳаёташонро бо дасти худашон насӯзанд.

Ануша, н. Шамсиддини Шоҳин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД