Бозгашти мурда аз он дунё
875

Зани 82-солаи ҳинду Виласа Дэви, ки соли 1976 мурда буд, пас аз 40 сол барои хабаргирии фарзандонаш ба деҳаи Bidhnoo баргаштааст.

Хешовандони Дэви муътақид буданд, ки ӯ аз заҳри мори кобраи сиёҳ фавтидааст, бинобар ин, мувофиқи анъанаҳои гузаштагонашон ҷисми ӯро насӯзонида, ба дарёи Ганг сар доданд. Тавре баъдан маълум гашт, зан намурда будааст. Моҳигире Виласаи беҳушу беёдро дар соҳили дарё пайдо намуда, ба хонааш мебарад. Табибони маҳаллӣ занро аз марг наҷот дода бошанд ҳам, хотираашро барқарор карда натавонистанд. Виласа гузаштаашро пурра фаромӯш карда, зиндагиро аз варақи сафед оғоз намуд, вале баъди чандин сол бо амри тасодуф як шинос ба деҳае, ки моҳигир мезист, меҳмонӣ рафта Девиро мебинад ва дар бораи оилаву фарзандонаш мегӯяд. Ҳамин тавр хотираи зан аз нав барқарор гашта, ба суроғи бачаҳояш меояд. Фарзандони Деви одамони баркамол бошанд ҳам, бо дидани модари “аз он дунё баргаштаашон” талхакаф шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД