arzon replenishment
Дандон хоб бинӣ, аз дунё реҳлат мекунӣ?
11846

 

Дандон
Дандон дар хоб оила асту дандони ашк сарвари хонадон. Дандонҳои болоӣ – мард асту дандонҳои поёнӣ зан. Набудани як дандон дар хоб маънои онро дорад, ки як аъзои оила кам мешавад. Нафаре, ки дар хоб тамоми дандонҳои худро рехта мебинад, умри дароз мебинад ва дар оила аз ҳама охир реҳлат менамояд. Дандонҳои тарафи рост маънои падарро доранду дандонҳои чап амакро. Рафту падару амак дар қайди ҳаёт набошанд, пас чунин хоб ба маънои хешовандони наздик ё дӯстон аст. Дандони нуқрагин дар хоб шаҳодати аз даст додани дороиро дорад. Дандони тилло маънои онро дорад, ки дар миёни наздикони шумо нафарони донову боистеъдод ҳастанд. Чунин хоб аз беморӣ ё сар задани сӯхтор низ дарак медиҳад. Тозагӣ ва сафедии дандон нишонаи қадру қимат ва манзалати оилаи шумо аст. Дандон задан ё калон шудани ҳаҷми дандон дар хоб нишонаи сар задании ҷанҷол ва хусумат миёни аъзоёни оила аст.


Шайтон
Шайтон, иблис дар хоб ба гуноҳ ва ҷиноятҳои содиркарда ишорат мекунаду ҳамзамон нишонаи ҳиллаву найранг, фиреб, ҷодугарӣ, ҳасад ва мухолифат байни зану шавҳар аст. Нафаре, ки дар хоб аз шайтон зарба мехӯрад, сад фисад аз ҳисоби қарз (рибо) нон мехурад. Шайтон ҳамчун душмани дину ҳаёти инсон ба ҳама гуна фиребу найранг қодир аст. Рафту шабаҳи шайтон ба нафари дар зикри номи Оллоҳи бузургбуда даст расонад, ин маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида душмани зиёд дорад, вале душманонаш ба мақсад намерасанд. Дар хоб ситорае аз осмон канда шуда, шайтонро таъқиб намояд, шахси чунин хобдида дар ақидаи худ рост аст. Агар дар хоб шайтон шуморо тарсонад, имонатон қавӣ ва қалбатон ором аст ва чизе ба шумо таҳдид намекунад. Хурсанду хушҳол дидани шайтон дар хоб маънои ба ишқи пургуноҳ афтиданро дорад. Рафту шайтон либосашро аз тан барорад, агар шахси хобдида ҳоким бошад, мақоми худро аз даст медиҳад. Марде хоб бинад, ки шайтон ба ӯ даст мерасонад, пас ин мард душмане дорад, ки зани ӯро бадном карда, ба доми худ андохтан мехоҳад. Дар хоб аз паси шайтон рафтан маънои онро дорад, ки душмане шуморо фиреб намуда, дар фикри рехтани обрӯву нуфузатон аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки ҳокими шайтонҳо гаштаасту онҳоро ба итоати худ даровардааст, соҳиби эҳтиром ва сарварӣ мегардад. Агар шайтон дар хоб ба болои кас барояд, ин нафар гуноҳ содир намуда, ҳарфи дурӯғ ба забон меорад. Дар хоб пинҳонӣ бо шайтон гап задан, маънои аз душманон маслиҳат пурсидану бар зидди нафарони парҳезгор ба онҳо кӯмак расонидан ва ба мақсад нарасиданро дорад. Агар нафаре хоб бинад, ки шайтон чизеро ба ӯ меомӯзад, ин нафар ҳарфи дурӯғ мегӯяд ё одамонро фиреб медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Чамилов рустамчон 2023-07-10, 15:18
Дар хоб зани амакамро тарсондан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Чамилов рустамчон 2023-07-10, 15:18
Дар хоб зани амакамро тарсондан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД