Давраи ҷанг буд. Падарамро дар роҳи Қӯрғонтеппа дар дохили мошинаш ба қатл расонданд. Қасам хӯрда будам, ки калон шуда хунбаҳои падарамро аз душманонаш меситонам.
Бо ранҷу машаққати зиёд модарам моро калон кард, аммо доғи марги падар ҳеҷ аз хотираи ман зудуда намегардад. Ҳарчанд кофтам, қотилони падарамро наёфтам, вале қувваи ноаёне дар вуҷудам ҷо шуда, маро ҳамеша ба қасос ситонидан водор месозад. Мабодо касе бо ман аз бинӣ боло гап занад, дарҳол ба ғазаб омада, лагадкӯбаш мекунам. Бачаҳои маҳалла маро бинанд, ба пояшон ларза меафтад ва «Одамкуш омад» гӯён, рӯ ба гурез мениҳанд. Модарам ҳар рӯз маро насиҳат мекунад, ки фикри интиқом ситониданро аз сар берун карда, одамвор зиндагӣ кунам. Мехоҳам гузаштаро фаромӯш карда, аз пайи омӯзиши илму ҳунар шавам, аммо ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҷисми пурхуни падарамро аз лавҳи хаёли худ зудуда наметавонам.
Модарам ният дорад, ки маро хонадор намояд. Мегӯяд, зан бигирӣ, аз паси зиндагӣ шуда, ҳамаашро фаромӯш мекунӣ. Ҷавони зебои бо китфу бозу ҳастам, аз ҳамин хотир номам ба авбошию муштзӯрӣ баромада бошад ҳам, духтарҳои зиёде ба ман бо чашми ҳавас менигаранд. Боварии комил дорам, ки модарам ба кадом духтаре, ки хостгорӣ равад, рад намекунад, вале дудилаам, ки зан гирам ё не. Метарсам, ки баъди тӯй худдорӣ карда натавониста, ҳамсарамро низ барои дупула гап лагадкӯб накунам. Марги фоҷиабори падарам асабҳои маро чунон хароб кардааст, ки ногуфтанӣ. Метарсам, ки оқибат “маняк” ё одамкуш нашавам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Салмон, хонандаи сомонаи «Оила.тч»