Sebiston new 2024 october
Духтарат қотил шуд, оча!
5288

 Модарҷон, азобҳои духтаронатонро аз дур тамошо карда аз худ хабар намедиҳед. Кафшҳоямон дар муддати панҷ сол аз кофтан сӯрох шуданд, вале нишониятонро пайдо накардем.

Ба куҷо ғайб задед, ба таги кадом замин даромадед, ки ҳарчанд мекобем, шуморо намеёбем. Се духтар аз хавфу хатари дунё натарсида, дар ҳама ҷо модар кофтем, вале шуморо гӯё замин фурӯ бурда бошад, касе даракатонро надод. Раҳматии падарамон мағозаи хўрока кушода буд, то зиндагиро пеш барем, вале тақдири бераҳм риштаи ҷонашро бармаҳал барканд. Умедамон ба шумо буд, вале домони марди дигареро гирифта аз баҳри мо гузаштед. Гила надорем, тақдирнавис аз рӯзи азал сарнавишти моро чунин талх навишта будааст! Як шаби боронӣ се-чор ҷавони бангии авбош ба мағозаамон ҳамла намуда, тамоми борҳоро чапагардон карданд, вале пули кироӣ ёфта натавонистанд. Оишаву Роҳиларо ба замин афтонда, зӯран ба номусашон дастдарозӣ кардан мехостанд. Ин ҳодисаи даҳшатангезро бо чашмони сарам дида, чӣ гуна аз замин болғаро бардошта ба сари яке аз онҳо задам, намедонам. Майнаи сари он авбоши ҳаром ба замин пош хӯрда фарши мағоза аз хун гулгун гашт. Ҳамроҳонаш талхакаф шуда рӯ ба гурез ниҳоданд. Ана ҳамин тавр, барои наҷот додани номуси хоҳаронам ман қотил шудам. Он лаҳзаҳои мудҳиш бо чашмони пурашк хоҳаронамро ба оғӯш гирифта, девонавор як гапро такрор мекардам: «Ман одам куштам! Акнун ҷоям кунҷи зиндон мешавад!»


Мафтуна писари Нисоро ба дарё партофт

 


Оишаву Роҳила баробари ман гириста «мо намегузорем, ки туро ҳабс кунанд, охир ту номуси моро ҳимоя кардӣ, апаҷон» мегуфтанд.

Ҷисми беҷони авбош ҳамоно бо сару рўи пурхун дар рӯйи фарши мағоза мехобид. Милисаҳо омаданд. Кӣ онҳоро хабар кард, намедонам, шояд ҳамон авбошҳо бошанд. «Қотил кадоматон?»-пурсид омирона сардорашон. Хоҳаронам «Марям гунаҳгор нест, вай намебуд, ин се авбош ҳардуи моро таҷовуз мекард» гӯён, зориву тавалло намуданд, ки маро ҳабс накунанд, вале милисаҳо ба гапашон аҳамият надода ба дастони ман завлона зада, ба мошин бор карданд. Баъди тафтишу пурсупоси зиёд суд барпо гашт. Саги бесоҳиб барин танҳо будам он рӯзи тақдирсоз, на падар дар барам буд, на модарам, ки қуввати дилам гардад. Ду хоҳарам мисли гунҷишкакони пару болашон шикаста бо нигоҳи илтиҷоомез ба судя нигариста, бегуноҳии маро исбот кардан мехостанд, вале касе ба гапашон гӯш надод.


МОДАРИ БАЧАКУШ КӮДАКРО ДАР ГАҲВОРА КУШТ

 


Ҳамин тавр суд маро барои одамкушӣ ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон кард. Ин ҳукми ноодилонаро шунида ҳуш аз сарам парид. Гирёну нолон «инсоф кунед, охир ман нангу номуси хоҳаронамро ҳимоя кардам» гӯён, гоҳ ба прокурор ва гоҳ ба судя менигаристам, аммо дар дили сангинашон ягон зарра раҳму инсоф пайдо нашуд. Айни замон дар зиндонам. Дигар имкони модаркобӣ надорам, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, то бо воситаи ин сомона дарди диламро бигӯям. Модарҷон, илтиҷо мекунам, хоҳаронамро танҳо намонед. Як зарра меҳру муҳаббати модарона дар қалбатон боқӣ монда бошад, ба хона баргардед ва аз ҳоли мани зор дар ин зиндони тираву тор хабар гиред. Илтиҷо мекунам, бегуноҳии маро исбот намуда, раҳоям созед, вагарна дар ин зиндони тангу торик аз ғаму дарду алам мемирам!

Марями зиндонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Милашка 2020-02-19, 16:25
Сабр кунед иншааллох озод мешавед. Апаи марямбону
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Милашка 2020-02-19, 16:25
Сабр кунед иншааллох озод мешавед. Апаи марямбону
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД