Гулсара Ҷалолова зодаи ноҳияи Вахш буда,74-сол дорад. Модари 7 фарзанд бошад ҳам, дар дами пирӣ ягон фарзандаш асои дасти модар нагаштааст.
Чор писари момаи Гулсара дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ба андозае бемеҳру бепарво шудаанд, ки ба модари пирашон на як тин пул мефирстанду на ягон бор занг зада, аз аҳволаш пурсон мешаванд. Модари зор маҷбур аст, ки нони даҳонашро бо чӯпонӣ ёфта хӯрад. Аслан чӯпонӣ касбӣ мардона аст. Занеро пайдо кардан душвор аст, ки дар барфу борон ва гармову сармо кӯҳ ба кӯҳу пушта ба пушта аз паси гову гӯсолаву бузу бузғола давида гардад. Вақте сабаби рӯ ба чӯпонӣ овардани момаи Гулсараро пурсон шудем, модар оҳи сард кашида гуфт:
-Вақте,ки шавҳарам аз дунё гузашт, бачаҳоям ҳанӯз хурдсол ва фарзанди ҳафтумам дар батнам буд. Барои он ки кӯдаконам хору зор нашаванд, дар дари хонаи ҳамсояҳо хизматгорӣ карда, бо меҳнати ҳалол фарзандонамро мехӯрондаму мепӯшондам. Гумон доштам, ки бачаҳоямро ба воя расонда, дар дами пирӣ роҳат мебинам, аммо хаёлам хом баромад. Аз ҳафт фарзанд ягонтоашон дар пирӣ дастгиру мададгорам нагаштанд. Дар вақташ очаҷон будам, вале баъди он ки бачаҳоям хонадор шуда, мазаи занро чашиданд, модар барояшон “киха” шуда монд.
Зану кӯдаконашонро гирифта ба Русия рафтанду модарро фаромӯш карданд, на занг мезананд, на суроғ мекунанд. Ман модар ҳастам ва ҳаргиз фарзандонамро дуои бад намекунам. Бигзор худованд худаш ба онҳо тавфиқу инсоф диҳад. Ба он хотир чӯпонӣ мекунам, ки мӯҳтоҷу мунтазир нашавам. Бисту як сар чорво дорам, аз субҳ то шом дар дашту саҳро молҳоямро чарронда, аз ҳамин ҳисоб нони даҳонамро меёбам. Ростӣ, духтаронам аз ҳолам хабар мегиранд вале духтар моли мардум аст ва онҳо наметавонанд хонаву дар ва шавҳару фарзандонашонро партофта, як умр аз паси ман давида гарданд. Душвор бошад ҳам, ман аллакай ба ҳаёти чӯпонӣ одат кардаам. Шукр мекунам, ки аз пушти молу ҳолам як бурида нони беминнат мехӯрам. Маро фақат як чиз азоб медиҳад-ғами дурии писаронам. Дилам баъзан барои фарзандони роҳдурам гум мезанад ва шабҳоро бо гиря саҳар мекунам. Ба писарони сангдилам Сангин, Раҳим, Салим ва Исроил ки ба гапи занҳояшон даромада, аз модар рӯй тофтанд гуфтаниам, ки ҳарчанд бемеҳру бепарво бошанд ҳам, ман онҳоро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва намехоҳам рӯйи фарзандонамро надида аз ин дунё бо дили пурормон гузарам. Фарзандони азизам, агар тавонед, зудтар ба Ватан баргардед, то ки рӯятонро ба серӣ дида, бе ормон бимирам!