Деворҳои хона, роҳраву даҳлез ҳавзи хун буданд….
Навид бо дӯстдориҳои зиёд бо ҳамсинфаш Улфатмо хонадор шуд. Волидони онҳо ҳамдигарро хуб мешинохтанд, аз ин рў барои ба ҳам расидани ду дилдода монеае пеш наомад. Зиндагии ширину гуворои ду ошиқ дар хонаи алоњида оғоз ёфт, зеро Навид дар совхози навбунёди яке аз ноҳияҳои водии Вахш агроном шуда кор мекард ва чун мутахассиси ҷавон барояш хона дода буданд. Мардуми атроф ба ҳаёти ширини ин зану шавҳари ҷавон бо њавас менигаристанд, зеро ин ҷуфти зебо аз чизе камбудӣ надоштанд, аммо…
Доғи дил
Солњо чун турнањои баҳорӣ гӯё дар як нафас гузашта хонадории Навиду Улфатмоҳро 15 сол шуд, вале ҳеҷ не, ки нахли умри ҷавонзан бор биёрад. Дар тӯли ин солҳо зану шавҳари ҷавон борҳо ба назди табибони номдор рафта табобат гирифтанд, аммо Худованд оҳи дилашонро нашунид. «Хунатон як аст, то аз ҳамдигар ҷудо нашавед, фарзанддор намешавед»-ҳамин буд ҷавоби тамоми табибон. Навид назди қисмат ночор монда бо дили хунбор аз ҳамсараш ҷудо шуд. Улфатмо ба хотири надидану насўхтан, пас аз ҷудоӣ аз Навид ба пойтахт, ба хонаи холааш, ки мисли худаш бефарзанд буд ва пиру дастнигар шуда, ёрдамчие надошт, рафт, то дар дами пирї асои дасти ӯ гашта фарзандвор хизматашро ба ҷо биёрад.
Бахтшикаста
Навид баъди ҷудоӣ аз зани дӯстдоштааш чанд моҳ ба худ омада натавонист. Волидонаш ба хонаи ў кўч бастанд, то писари дилшикастаашон аз ғам ба ягон беморӣ гирифтор нашавад. Насиҳатҳои падару меҳрубониҳои модар ба ҷавон таъсир карданду дар бадали як сол ӯ каме ба худ омада, аз пайи дубора обод намудани кошонааш гашт. Пиру кампир духтараки ҷавонеро, ки ҳамшираи шафқат шуда кор мекардааст, барои писарашон хостгорӣ намуданд ва бо тӯю тамошо келин фароварданд. Ба бахти Навид Амина духтари мењнатию хушахлоќ баромад, вай ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманашро ба љо оварда, шавҳарашро дӯст медошт, аз дасташ тамоми ҳунарҳои занона меомад, вале…
Худо, ки надод…
Ҳомиладор нашудани Амина дили шикастаи Навидро сиёҳтар мекард. Вақти бо Улфатмоҳ аз ташхис гузаштанаш табибон гуфта буданд, ки айб дар хунашон аст ва агар аз занаш ҷудо шуда зани дигар бигирад, албатта фарзанддор мешавад, аммо зани дуюм ҳам ниҳоли ормони ӯро борвар накард. «Худо, ки надод, сад зан бигирӣ ҳам намедодааст»,- аз дил мегузаронд ҷавонмард ва асабҳои дар тӯли ин қадар соли навмедӣ харобгаштааш торафт харобтар мешуданд. Як шом Амина ба захми дили шавҳараш намак пошида гуфт:
-Мардак, ман назди духтури занона рафтам, мегўяд, ки ту ягон айб надорї, шавњарат бояд табобат кунад…
Ин суханони зани ҷавонаш як алами Навидро сад алам карданд ва инони ихтиёр аз даст дода девонавор фарёд зад:
Ман табобат намекунам, безор шудаам аз духтурдавӣ, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ, ту ҳам баромада рав!
Амина гўё интизори ҳамин лаҳза бошад, ақаллан то саҳар тоқат накарда, ҳамон замон либосҳояшро ғундошту баромада рафт. Рафтори занаш ба Навид бисёр сахт расид ва ғурури мардиаш нагузошт, ки дубора ба суроғи Амина равад. Ҳамин тавр онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
Ашки сӯзони модар
Навид тамоми њастияшро ба кор бахшида, дар даштҳои беоб аз пайи оббёрӣ кардани заминҳои лалмӣ овора буд. Фикри зангирӣ дигар аз гӯшаи хаёлаш ҳам намегузашт. Падару модараш борҳо насиҳат карда бошанд ҳам, ба бори сеюм хонадор шудан розӣ нашуд. Мӯйсафеди падараш аз ғами бадбахтии Навид ба сактаи дил гирифтор гашта, аз олам гузашт, модараш бошад, шабу рӯз оби дида рехта мегуфт: «Бачаҷон, кадом рӯз ман ҳам мисли падарат аз ғами ту мемурам, барои чӣ зан намегирӣ? Мехоҳӣ, ки модарат рӯйи набераро надида, аз ин дунё оромонӣ равад?»
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)