arzon replenishment
5-касалии хатарноке, ки аз никохи хешутабори пайдо мешавад
3843

Салом «Оила»-и азиз! Ман Нигина, хонандаи ҳамешагиат аз ноҳияи Қубодиён.

Имсол дар синфи 11 мехонам. Мехоҳам баъди хатми мактаби миёна таҳсиламро дар ягон донишгоҳ идома диҳам, вале падару модарам маро ба писари холаам ба шавҳар доданианд. Дар бораи никоҳи хешу табори бисёр мегӯянд, вале то имрӯз аз касе дақиқ нафаҳмидам, ки никоҳи хешовандӣ мушаххасан кадом бемориҳоро ба вуҷуд меорад. Мехоҳам ба ин савол аз «Оила» ҷавоб бигирам.

Хоҳари азиз Нигинаҷон! Ба ин саволи шумо мутахассиси варзида, мудири Маркази солимии репродуктивии Маркази солимии шаҳрии № 14 Исоева Зулфия Чилахоновна посух мегӯяд.

Одам қариб 3000 ген дорад. Генҳо ҳамавақт ҷуфт, яъне дутогӣ мешаванд, яке аз модар мегузарад, дигарӣ аз падар. Агар як ген бемор, яъне мутатсияшуда бошаду гени дигар солим, хатари бемор ба дунё омадани тифл камтар аст, вале ҳарду ген мутиатсия шуда бошанд, он гоҳ бемории генетикӣ ба вуҷуд меояд. Хеле кам мешавад, ки дар ду одами бегона ду гени якхелаи бемор вуҷуд дошта бошад, вале дар хешовандон генҳои ҳамранги бемор зиёд во мехӯранд, барои ҳамин бештар аз никоҳи хешу таборӣ тифлони носолим тавдил мешаванд.

Дар никоҳи хешовандони наздик хатари тавлиди кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 4-6 % мерасад. Маҳз бо сабаби зиёд будани никоҳҳои хешу табори ҳамасола миқдори тифлакони бо нуқсонҳои физиологӣ ва ақлонӣ ба дунё омада дар кишвари мо меафзояд. Дар панҷ соли охир аз 4000 ҳазор бемороне, ки ба шуъбаи генетикаи институти илмӣ-тадқиқотии акушери, гинекологи ва перенатологии ҶТ муроҷиат намудаанд дар 1000 нафарашон сабаби беморӣ никоҳи хешу таборӣ будааст. Ин ҳамту гапи хушку холӣ не, далели аниқ, яъне натиҷаи тадқиқот аст.

Акнун дар мавриди касалиҳое, ки бо сабаби никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд. Одатан ҷавононе, ки бо хешу табори наздикашон издивоҷ менамоянд бо мушкилоти безурриётӣ, исқоти ҳамл, ба дунё омадани тифли мурда фенилкетонурия-боздошти инкишофи ҷисмонӣ ва ақлии кӯдак рӯ ба рӯ мегарданд. Бемориҳои албинизм-пӯсти беранг, синдроми Секкелия-кӯдаки қадпасти ба парранда монанд, ки ақл надорад, синдроми Меккелия-инкишоф наёфтани қариб ҳама узвҳои бадан, гипертензияи дохили майнаи сар бо синдроми гидросефалия низ аз гени бемор бо сабаби никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд.

Барои ҳамин падару модаронро зарур аст, ки ояндаи фарзандони худро андеша намуда аз пайвастани тақдири ҷигарбандонашон бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои генектики супурдани хун барои муаян кардани бемории ноаёни генҳо айни муддаост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Азизов Умед 2019-08-01, 18:13
Саломалек ман писари 19 сола манро падару модарам бо духтари тагоям туй кардани хастанд. Мо хун споридем гурухи хуни хардуямон (2+) баромад боз. Ген споридем 9 отрицательный 1то положительный
Посух

НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД