Дар Хакасия як зани 34-сола духтарчаҳои 7-8 солаашро бар ивази пули калон ба марди дӯстдоштааш, ки 53-сол дорад, фурӯхтааст.
Зани кӯдакфурӯш аз соли 2012 бо ин марди бачабоз робитаи маҳрамона доштааст. Ошиқи разилаш аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои бо духтарчаҳояш, ки яке 7 ва дигарӣ 8 сол доштанд, ҳамхоба шудан розигӣ диҳад. Модари бераҳм бар ивази пули клаон ин пешниҳоди аблаҳонаро қабул карда, духтарҳои хурдсолашро ба ин шайтони пир мефурӯшад. Педофил бо макру фиреб кӯдаконро ба мошинаш савор карда ба ҷойи хилват мебарад ва бо истифода аз ҳолати оҷизонаашон ба номуси ҳарду духтарча таҷовуз менамояд.
Беҳуда “дуздию ғарӣ пушти саргини хар” нагуфтаанд, сирри ин зану марди худобехабар ба зудӣ фош гашта, педофил ба даст афтид.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки айбдоршаванда қабл аз ин низ бо чунин корҳои ҳаром машғул буда, як ноболиғи дигари 14-соларо таҷовуз кардааст. Вай бо ин ноболиғ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм шинос шуда ӯро ба вохӯрӣ даъват менамояд ва зимни мулоқот ба нмусаш таҷовуз мекунад.
Ташхис нишон додааст, ки дар ин мард аломатҳои вайроншавии афзалияти ҷинсӣ дар шакли педофилияи гетеросексуалӣ вуҷуд доранд.
Акнун натанҳо педофил, балки модари кӯдакфурӯш низ барои амали нангини худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Ногуфта намонад, ки харидуфурӯши кӯдакон ва тавоҷуз ба номуси шахсӣ бараъло ба синни балоғат нарасида ҷинояти вазнин маҳсуб ёфта, ба ҳар кадоми онҳо то 20 соли маҳрумият аз азодӣ бо адои ҷазо дар ба зиндони низомаш сахт таҳдид менамояд.
(Хабари мазкур аз Rambler гирифта шудааст.)