Sebiston new 2024 october
Янгаам кӯдаки маймунбашара зоид
13.05.2019
Дилошуб
4066

Духтари сархӯр

Қисмат аз рӯзи аввали ба ин дунё омаданам ба ман бевафоӣ кардааст, чунки ман чашм кушодааму модарам ба таври абадӣ чашм пӯшидааст. Мани сархӯр инро танҳо баъди худро каме шинохтанам фаҳмидам. Ростӣ, аз кӯдакӣ ҳайрон мешудам, ки чаро волидони ҳамсолонам ҷавонанду падару модари ман аллакай пири фартут шудаанд, вале пас аз он ки ақлам даромад, дарк намудам, ки ин пиру кампир дар асл бобою бибиам буда, баъди сари модарҷони ғуррамаргам мани ба қавли баъзе ҳамсояҳо сархӯрро ба тарбияи худашон гирифтаанд…

 Меҳрубонтар аз модар

Ёд дорам, дар хурдиям ҳар гоҳ бемор мешудам, модаркалонам, ки он вақтҳо ман ӯро оча мегуфтам, дар болои сарам нишаста ашк мерехту зери лаб нола мекард: «Духтараки берӯзиам, агар Худованд ба ту раҳм мекард, аз шири модар серат менамуд ё ақаллан падаратро зинда мемонд, ки саратро сила кунад. Ман ҷонамро дар ҷонат монам ҳам, ҷойи онҳоро гирифта наметавонам…»

Калонтар шуда рӯзе аз бибиям пурсидам:
-Очаҷон, модарам-ку сари фарзанд рафтааст, падарам дар куҷост? Бибиям оҳи сарде кашид ва бо гӯшаи рӯймоли сафедаш оби дидаашро пок карда гуфт:

-Пас аз се рӯзи марги модарат падарат бо яроқи хизматияш (падарам милиса будааст) худашро парронда ҷавонмарг шуд. Бобою бибиат баъди сари писарашон дигар тобу тоқати дар ин ҷо зистанро накарда, хонаашонро фурӯхта рафтанд ва туи навзодро гунаҳкори ҳамаи ин фоҷиаҳо дониста, «духтари сархӯри шумқадам» гӯён, дигар суроғат накарданд…

Ин гапро шунида бо алам гиря кардам. Бибиам сари маро ба синааш пахш карда гуфт:

-Ҳеҷ гоҳ худатро дар марги падару модарат гунаҳкор накун духтарам, ту сархӯр нестӣ. Худованд аз рӯзи азал дар тақдири инсон чизе, ки навишта бошад, онро надида илоҷ надорад…

 Гулаки нозпарвард

Агар гӯям, ки азоби ятимӣ кашидаам, ношукрӣ мешавад, чунки бобою бибӣ ва чор холаю ду тағоям маро чун гавҳараки чашмонашон эҳтиёт карда, гул барин нигоҳубин мекарданд. Зани тағои калониям, ки мисли ман дар хурдсолӣ аз модар ятим монда буд, аз кӯдакӣ ҳунари дӯзандагиро ба ман ёд дода, таъкид мекард, ки одами ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Янгаам нисбати ман чунон меҳрубон буд, ки ягон одами оилаи моро хуб намедонистагӣ ба хонаамон меҳмонӣ биёяд, гумон мекард, ки очаю духтар ҳастем. Дар ин оила ман нозпарвард будам, чизе, ки мехостам дарҳол муҳайё мешуд. Падару модарам кайҳо аз дунё гузашта бошанд ҳам, ягон вақт худро яккаю танҳо ва бе такягоҳ ҳис намекардам, аммо…

 Арӯси маккора

Дар синфи ёздаҳ мехондам, ки тағои хурдиямро хонадор намудем. Арӯс амакдухтари модарам, яъне духтари додари бобоям буд. Ҳанӯз чилаи арӯс набаромада, бобоҷонам бе ягон касал аз дунё гузашт ва ҳамсояҳо ба зани амакам лақаб монданд: «келини шумқадам».

Марги бобоҷонам дили маро шикаста шабу рӯз гиря мекардам. Арӯсак худро меҳрубону ғамхор нишон дода, косаи хӯрок дар даст рӯзи дароз аз паси ман мегашт ва таваллою зорӣ мекард, ки худамро ин қадар обу адо накарда, ягон чиз хӯрам, то аз мадор наравам. Меҳрубониҳояшро дида, гумон мекардам, ки Худованд ба бибиам боз як келини фаришта додааст, аммо хаёлам хом баромад.

 Дар ниқоби фаришта

Тағоҳоям бо якдигар дӯст буданд ва як мавизро бе ҳам намехӯрданд. Пас аз додани сари соли бобоям тағои калониям рӯзгорашро ҷудо кард ва бибиям ҳама чизи дар бисоташ бударо ба келинҳояш тақсим кард. Арӯсаки меҳрубону таърифии мо ҳангоми тақсими мерос чеҳраи аслиашро нишон дод.

Ёд дорам, ҳамон бегоҳ ман дар сари мошинаи дарздӯзӣ нишаста курта медӯхтам, бибиам бошад ба чашмаш айнак монда, қуръон мехонд. Баногоҳ аз хонаи тағои хурдиам садои доду фиғон ва гиряву нола баланд шуд. Ба ташвиш афтида ҳарду ба он сӯ шитофтем. Баробари аз дар даромадан ҳуш аз сарамон парид, зеро янгаи арӯсакам бо дастони пур аз хун биниашро дошта гиря мекард, тағоям бошад, аз ғазаб ларзида истода ӯро дашному ҳақорат медод. Бибиам аввал тағоямро ҷанг кард, вале пас аз он ки акаро ба додар бадгӯӣ кардани келинашро шунид, табъаш хира шуда гуфт:

-Садқаи одамгарӣ шавӣ, охир ман дар бисотам ҳамагӣ ду писар дорам, ба ту чӣ намерасад, ки акаю додарро шӯр андохтан мехоҳӣ?

Янгаи бахилу ҳасудам чун дид, ки тираш хок хӯрд ва бо бадгӯӣ лаҷоми шавҳарашро ба даст гирифта, ҳама чизи хонаро соҳиб шуда наметавонад, роҳи дигарро пеш гирифт…

 Келинчаки дузд

Келини таърифӣ даст ба дуздӣ зада, пулҳои бибиямро аз сандуқ медуздид ва пайти муносиб ёфта ба куртаҳои духтаам ранг мепошиду ман маҷбур мешудам, ки аз пули бо меҳнати сангини дӯзандагиям ёфта аз нав матоъ харида, ба мизоҷам аз нав курта дӯхта диҳам. Бибиам аз дасти ин келини дузду бахил ба ҷон расида бошад ҳам, нағмаҳои янгаамро ба писараш намегуфт, зеро метарсид, ки тағоям дар сари қаҳр талоқи занашро медиҳад.

 Ҳасуд

Ба ман аз як ҷойи хуб хостгор баромад ва тағоҳоям розӣ шуданд. Домодшаванда яккаписари оилаи сарватманде будааст, хушдоманам бароям чунон ҷиҳози зебое овард, ки даҳони ҳама воз монд. Чашмони янгаи бахилам бо дидани куртаҳои қиматбаҳо ва ҳалқаю ангуштарину гарданбанду дастпонаҳои тиллоиву бриллиантие, ки ба ман оварда буданд, аз косахонаи сараш қариб баромада буданд. Вай ҳасад бурданашро ошкоро нишон дода ҳар замон мегуфт:

-Худо, ки диҳад, намепурсидааст, ки ту сағераи кистӣ, инро бин, ҳанӯз як рӯз хизматашонро накарда, хусуру хушдоманат чунон ба ту чизу чораи бисёре овардаанд, ки ҳуш аз сари кас мепарад…

 Дуои бад

Маъракаҳои пеш аз тӯйро гузаронида қудоҳоро гусел намудем. Дар хона танҳо холаҳоям ва хешу табори наздик монда, аз пайи ҷо ба ҷо кардани ҷиҳози арӯсии ман шуданд. Вақте сандуқро кушоданд, рангашон якбора парида, холаи хурдиам нидо кард:

-Тилловориҳои арӯсро касе дуздидааст! Акнун ба хушдоманаш чӣ мегӯем, охир занаки бечора бо сад орзую ҳавас ба келинаш зару зевари қиматбаҳо оварда буд….

-Нее, набояд ин хел бошад, охир ман худам чизҳои ӯро ҷо ба ҷо карда будам, ҳамааш дар ҷояш буд,--нобоварона гуфт холаи калониам ва ба сари сандуқ рафта, онро дубора такорӯ намуд, вале аз зару зевар ному нишоне набуд. Дар қатори тилловориҳои овардаи хушдоманам чанд куртаи қимматбаҳо низ аз байни ҷиҳози арӯсии ман ғайб зада буданд.

Бибиам зор-зор гирякунон дастонашро сӯйи осмон бардошта дуо кард:

-Худоҷон, агар маро бандаам бигӯӣ, дар ҳамин дунё ҷазои он дузди худозадаеро, ки ба ҳаққи ҳамин сағераи бе оча даст дароз кардааст деҳ, то як умр дар байни мардум шармандаю сархам шавад!

 Пешгӯии фолбин

Тағову холаҳоям байни худ маслиҳат карда, пул партофтанд ва саҳарии барвақт холаи хурдиам ба бозор рафт, то барои ман зару зевар харад. Онҳо намехостанд, ки ман дар назди хушдоманам забонкӯтоҳ шавам. Холаи калониам нисфирӯзӣ ба куҷое баромада рафт ва бегоҳ бо табъи гирифта ба хона баргашт. Бибиам сабаби озурдагиашро пурсон гашт. Холаам оҳи сарде кашида гуфт:

-Оча, ман дар умрам ягон бор ба назди ягон фолбин нарафта будам, вале имрӯз ба хотири ҳамин ятимак ба хонаи як ғайбдон рафтам.

-Хайр, ғайбдон чӣ гуфт?- Пурсид холаи хурдиам.

-Фолбин гуфт, ки тилловориҳои арӯсро як занаки ҳомиладор гирифтаасту рӯзҳои наздик дузд ба ҷойи кӯдак маймун мезояд!

Бибиам «воҳ!» гӯён, даҳонашро бо кафи дастонаш дошт, холаам бошад, ба янгаам, ки дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор дошт ва шабу саҳар бояд таваллуд мекард, нигариста лаб газид…

-Шумо ба гапи ҳамон фолбин бовар мекунед?! Ҷакидан мегирад,-бепарвоёна даст афшонд янгаам ва масхараомез хандида ба хонаи худаш даромад. Вай боварӣ дошт, ки касе гуноҳашро исбот карда наметавонад ва бе ҷазо мемонад, вале…

 Тӯй болои тӯй!

-Се рӯз пас маро арӯс карда ба хонаи бахтам гусел намуданд. Рӯзи дигар саҳарии барвақт холаам бо як сатил тухм ва шириниҳои бисёр барои гузаронидани маъракаи келинбинон ба хонаи ман, аниқтараш ба хонаи хушдоманам омад. Ҳанӯз келинбинонро сар накарда, дар пушти дари хонаи хусурам боз як мошин қарор гирифт ва тағоҳоям бо як гурӯҳ меҳмонон, ки дастурхонҳои калон-калон ва туҳфаҳои зиёде доштанд, аз дарвоза даромаданд. Тағои калониам бо табъи болида ба китфи мани наварӯс, ки аз рӯйи таомул ба назди онҳо таъзимкунӣ баромада будам, тап-тап зада гуфт:

-Ҷиянҷон, шинос шав, инҳо амаку аммаҳоят ҳастанд. Шунидаанд, ки ту тӯй дорӣ, барои муборакбодӣ омадаанд. Ман онҳоро гирифта ба хонаат овардам, то ки тӯй болои тӯй шавад!

Аммаҳоям бо чашмони пурашк бо навбат маро ба оғӯш гирифта бӯсиданду ба гарданам гарданбанд, ба гӯшҳоям гӯшвора ва ба дастонам ангуштарину дастпонаҳои тиллоии бриллиантдор овехта, маро муборакбод гуфтанд, амакҳоям бошанд, ба сарам даста-даста пул пошиданд. Дар зару зевар ғарқ шудани маро дида янгаи бахилам қош парронда гуфт:

-Ана ҳама, чизҳои гумкардагият ду карат зиёд шуда баргаштанд!

-Дасти дузд сабук будааст,-бо нафрат ба ӯ нигариста гуфт холаам.

Хусурам фармуд, ки ба шарафи омадани амаку аммаҳоям гӯсфандеро сар зада, аз нав маърака ороянд. Дар як дам аз куҷое ҳофизи номдореро ёфта оварданд ва ба ҷону ҳолам намонда, маро дубора ба сари тахт бароварданд. Хешу табор табассум карда мегуфтанд:

-Дар умрамон бори аввал мебинем, ки як шаҳу арӯсро ду бор тӯй карда ба сари тахт бароваранд. Ана инро хушбахтӣ мегӯянд!

 Хабари нохуш

Аз байн ду рӯз гузашту холаам занг зада хабар дод, ки янгаамро дарди зодан гирифтаасту ӯро ба беморхона бурдаанд. Хушдоманам, ки зани бисёр боодамгарӣ аст, дарҳол чизу чораи бисёре гирифта ба таваллудхона, ба аёдати янгаам рафт ва қарибиҳои нисфирӯзӣ ба хона баргашта хабар овард, ки янгаам писар зоидааст. Беҷуръатона хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад ба дидани янгаам равам. Модаршӯям лаҳзае сукут карда гуфт:

-Келин, ман зидди рафтани ту нестам, вале метарсам, ки кӯдаки зоидаи янгаатро дида натарсӣ.

-Наход, одам аз кӯдак тарсад?!-Гуфтам бо табассум.

-Гап дар сари он ки кӯдак модарзод бемор таваллуд шудааст. Афташ мисли маймун, бинӣ метарсӣ,-хушдоманам гиребонашро дошта, тавба кард: -Худоҷон, чунин рӯзро ба сари ягон кас набиёрад!

Бо шунидани ибораи «маймун» рангам канда пойҳоям ба ларза даромаданд ва бо чашмони пуроб зорӣ кардам, ки маро ба дидани янгаам баранд. Модаршӯям оҳи сарде кашида, аз ҷояш бархост ва ба ронандае, ки ба оилаи мо хизмат мекард, фармуд, ки мошинро гарм кунад, ба таваллудхона меравем….

 Даҳшат!

Ҷиянамро дида аз тарс қариб аз ҳуш рафта будам. Рӯйи пур аз пашм, чашмони калон-калони бозингар, пешонии дунг ва манаҳи ба таври даҳшатовар ба пеш баромадааш ба бачаи маймун монандӣ дошт. Янгаам зор-зор гиря карда, аз ман бахшиш пурсид, вале кори шудагӣ аллакай шуда буд ва оби рехтаро дигар бардошта намешуд. Ман ҳеҷ гоҳ намехостам, ки зани тағоям кӯдаки маймунбашара зояд, вале аз афташ худи Худованд ба ғазаб омада, ҷазои янгаи дуздамро дод.

Ҷазои парвардигор

Фарзанд бачаи саг нест, ки бурда партоӣ, тағову янгаам низ натавонистанд аз тифли маслуқ ба дунё омадаашон даст бикашанд. Янгаам аз шарм то яксолагиаш писарчаашро аз ҳамсояҳо пинҳон мекард, аммо бача сӯзан нест, ки ба назар нанамояд. Оҳиста-оҳиста ин сир фош гашт. Ҳангомаҷӯён бо ҳар баҳона ба хонаи тағоям меомаданд, то кӯдаки булаҷаби янгаамро бубинанд.

Писари тағоям аллакай ҳафтсола шудааст, вале то ҳол бемалол роҳ гаштаю дуруст гап зада наметавонад, танҳо замбӯр барин ғинг-ғинг мекунаду халос, ҷуз модараш дигар касе чӣ гуфтанашро намефаҳмад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми афти хунукаш ҷиянам боз кӯзапушт аст, ӯро дида дилам хун мегиряд, вале….

Янгаам баъди писари маъюбаш боз як духтарчаи дигар таваллуд кард, аммо кӯдак сиҳату саломат ба дунё омада бошад ҳам, рӯзи дигар бе ягон сабаб дар таваллудхона мурд. Пас аз ин худованд дигар ба янгаам фарзанд надод.

Дилам ба тағоям месӯзад, охир умраш ба чил дакка хӯрдаасту ақаллан як фарзанди солим надорад, ки фардо такягоҳаш гардад…
Замира, сокини ш. Душанбе.      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД