arzon replenishment
Маро ҳамроҳи занам гӯр кунед!»
5488

 «Маро ҳамроҳи занам гӯр кунед!» мегуфт мӯйсафед бо чашмони гирён...

Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад

Дар қишлоқ мотам буд. Яке аз занҳои номдори деҳа, холаи Зуҳро, ки дар тамоми маъракаҳо дастурхончӣ ва саркор буд, аз олам гузашта буд. Зуҳрохоларо натанҳо хешу табори худаш, балки тамоми аҳли маҳалла дӯст медоштанд, чунки ба ҳама маслиҳатгар, роҳнамо ва дастгиру мададгор буд кампир. Хурду бузурги деҳа дар сӯги ин зани бадасту панҷа гиря карда, афсӯс мехӯрданд, ки зиндагӣ ба вай бақо накард. Вақте ки ҷасади кампирро ба хок мегузоштанд, шавҳараш, бобои Абдувањоб бо чашмони аз гиря варамида ба гӯр даромада, дар паҳлӯи мурдаи кампир дароз кашид ва зор-зор гиря карда, зорӣ намуд, ки ӯро ҳам ҳамроҳи занаш гӯр кунанд. Мардони дар сари манзил буда «ин мӯйсафед аз ғам девона шудааст» гӯён, базӯр Абдуваҳоб-отаро кашолакунон аз қабр бароварданд. Ашки сӯзони мӯйсафед мисли борони баҳорӣ ба рухсораҳояш шорида, риши мисли барф сап-сафедашро тар мекард. Гиряи пуралами ин пири танҳомонда, ки занаш дар зиндагӣ ӯро мисли шоҳ азизу гиромӣ дошта, намегузошт, ки гарде ба сару либосаш бишинад, ҳамаро гирён кард, вале тақдирро тадбир карда намешуд. Нашъаи кампирро бо риояи тамоми расму оинҳо ба хок супурда, мардум «шукри фарзандонатонро кунед, иншооллоҳ бачаҳо шуморо хору зор шудан намемонанд» гӯён, мӯйсафедро тасаллӣ дода ба хонааш оварданд, вале…

Мунозира бо Худо

«Умри инсон аз оби равон ҳам тезтар мегузаштааст, гӯё дирӯзакак кампиракам зинда буд, вале аллакай аз маргаш як сол гузашт-а! Бачаҳо маъракаҳои ҳафту чилу соли модарашонро дода ҳар кадом аз паси зиндагии худашон овораанд, вале мани танҳо ҳеҷ ба тақдир тан дода наметавонам. Худоё, чаро маро пеш аз кампирам накуштӣ, ки ба ҳар касу нокас зор нашавам? Мард бе зан хор мешудааст, хор…», -Мӯйсафед худ ба худ гап зада бо Худованд мунозиракунон дар болои як қабат кӯрпачаи чиркин хобаш бурда монд…

Дар олами руъё

Нав ѓанабаш бурда буд, ки занашро хоб дид.

-Эй очаш, худатӣ, хеле зебо шудаӣ-ку?! Аз рухсораҳоят нур борида истодааст… Кампир номардӣ кардӣ-да, номардї! Маро танҳо партофта рафтӣ, бе ту ба ман мушкил, бисёр мушкил…

-Дадеш, чӣ чора, ба тақдир тан додан даркор, мурдан ҳақ аст.

-Шабҳо то саҳар миҷҷа таҳ карда наметавонам, маслиҳатгар, розшунаве нест, ки дарди диламро гуфта андаке бошад ҳам, сабук шавам. Одамро хоб набарад, шаб аҷаб дароз мешудааст, ҳеҷ саҳар намешавад, ки намешавад…

-Истед, ки шумо барои чӣ дар бистари чиркини фарсуда дароз кашида хобидаед? Ба сару либосатон нигоњ карда намешавад, њолатон чунон хароб, ки ногуфтанӣ…Ин қадар ғариб нашавед, марди забардаст шуда истода чаро гиря мекунед? Худатонро доред, охир! Гиред, чашмонатонро бо ин рӯймоли ман пок кунед, гиред дадеш, гиред…» Мӯйсафед барои гирифтани рӯймоли сафед аз дасти занаш дасташро дароз кард, вале ҳамин дам як қад парида бедор шуд. Дилаш чунон бошиддат метапид, ки хаёл кард ҳозир аз қафаси синааш мебарояд. Дар хобаш ба кампиракаш дарди дил карда карда аз алам чунон гиря кардааст, ки болини зери сараш аз оби чашм шип-шилта шудааст.

Моҷарои келинҳо

«Аҷаб, чаро кампир ба ман рӯймол додан мехост? Таъбири хоби дидаам чӣ бошад?»-мӯйсафед андешакунон аз ҷояш хеста пардаи тирезаро бардошту ба берун нигарист. Келинҳо дар рӯйи ҳавлӣ ҷомашӯйӣ мекарданд. Келини калонӣ «ин дафъа либосҳои хусуратонро шумо шӯед» гӯён» куртаҳои ӯро сӯйи келини хурдӣ партофт, вале «ман бачаи майда дорам, корам аз мӯйи сарам зиёд аст, як кас нест, ки либосҳои худамро шӯяд» гуфта, авсунаш онҳоро дубора сӯйи ӯ ҳаво дод. Келинҳо «шумо шӯед» гӯён, либосҳои ӯро яке ҷониби дигарӣ ҳаво медоданд. Либосҳои мӯйсафед мисли тӯби футбол дар байни ду келин аз як тараф ба тарафи дигар ҳаво мехӯрданд… Чашмони мӯйсафед бо дидани ин манзара ҳавзи об шуданд ва ашки сӯзонаш ба рӯйи риши барфсон сафедаш шорида боз бо Худованд мунозира оғоз кард: «Худоҷон, барои чӣ ҷони маро пеш аз занам нагирифтӣ, ки ба ҳар касу нокас зор нашавам. Кампирам зинда мебуд, либосҳои ман чунин зери по намешуданд. Ҳа, мард бе зан дар зиндагӣ хору зор мешудааст, хору зор…»

Таъбири хоб

Мўйсафед аз рӯйи келинҳо ба писаронаш шикоят намекард, зеро хуб медонист, ки аз шиква кардан суде нест. «Аз духтарҳои мардум чӣ гила, вақте ки бачаҳои худам, фарзандони аз ману хуни ман ба дунё омада як бор аз ҳолам пурсон намешаванд? Бегоҳ аз кор омада хӯрокашонро мехӯранду бо баҳонаи хасташавӣ дарҳол ба хонаҳои худашон даромада хоб мераванд. Андеша намекунанд, ки як дам бо падарамон нишаста суҳбат кунем, заҳри одамро одам мегирад…»- андеша мекард мӯйсафед…

Ҳамон шаб бобои Абдуваҳоб боз кампирашро хоб дид.

-Очаш, мана партофта нарав, шабњо хона дар назарам чунон бадвоҳима менамояд, ки ногуфтанӣ. Хаёл мекунам, ки ҳозир аз ҳар як кунҷи хона сад ҷину аҷина баромада хуни маро зинда ба зинда мехӯранд. Одамизод дар пирӣ дубора кӯдак мешавад гуфтани мардум беҳуда набудааст, аз рӯзе, ки ту маро партофта рафтӣ, тарсончак шуда мондаам, шабу ними шаб ягон гурба аз дарахт парад ҳам, дилам шуввӣ карда меравад. Бачаҳоят то саҳар занҳояшонро оғӯш карда мехобанду парвои падар надоранд,-шиква намуд ба кампираш.


Мастона: Бародаронам маро зада-зада девона карданду...

 


-Дадеш, Худо гӯед, ки ба фарзандонамон ақлу фаросату инсоф дињад. Худатон ҳам суст-дия, о рӯймол додам, чаро рӯймоли додаамро нагирифтед? Мана гиред, ҳамин рӯймолро гиред, дигар ба касе зор намешавед…

Мйсафед хост дасташро ёзонда рӯймолро аз дасти кампираш гирад, вале натавонист. Касе дастони ӯро ба пушташ тоб дода сахт баста буд.

Бобои Абдуваҳоб ба обу арақ ғутида бедор шуд. Дилаш боз худро мисли кабки беқарори дарӣ ба қафаси сина зада, берун шудан мехост. «Чаро кампир дар хобам ба ман фақат рӯймол дароз мекунад?»- аз дил гузаронд мӯйсафед, вале ҳарчанд фикр кард, ҳеҷ хоби дидаашро таъбир карда натавонист…

Исёни фарзандон

Нисфирӯзӣ хоҳараш ба хонаи онҳо меҳмонӣ омад. Келинҳо ош пухта, духтарҳоро низ хабар карданд. Вақте ки ҳама фарзандони бобои Раҳматулло сафу ҷамъ шуданд, аммаашон аз дур сухан оғоз карда гуфт:

-Шукри Худо, хонаи ҳамаатон обод, зиндагиатон тинҷу осуда аст, акнун бояд фикри падаратонро ҳам кунед, охир дар зиндагӣ ба мард як дамдаму ҳамроҳ лозим аст, ки…

-Амма, ин гапро як бор гуфтед, дубора такрор накунед! Дониста монед, то рӯзе, ки мо зиндаем, намемонем, ки ягон зани дигар ҷойи модарамонро гирифта, дар ин хона давру даврон карда гардад,-Дарҳол ба миёни гапи кампир лагад зад ҷияни хурдиаш.

-Дадаам пир шудаанд, занро чӣ кор мекунанд?!-Сухани бародарашро тақвият дод писари калонии мӯйсафед.

-Падарам умри имрӯз доранд, пагоҳ доранд, зан гиранд, баъди сари ин кас як беваи дигар ба гардани мо бор шуда мемонад. Ба худ дарди сар харидан чӣ лозим?!-Бародаронашро ҷонибдорӣ кард духтари Раҳматулло.

Кампир чун дид, ки гапаш ба фарзандони додараш намегузарад, оҳи сард кашида гуфт:

-Фарзандони Њошимбой ҳам шумо барин якравӣ карда «намехоҳем дар ҷойи модарамон зани дигар давру даврон карда гардад» гӯён, падарашонро зан гирифтан намонданд, бечора мардак аз танҳоӣ безор шуда, оқибат домони як ҷӯгизанро гирифта баромада рафт. Акнун ҳама бачаҳояш мушти пушаймонӣ ба сар кӯфта, афсӯс мехӯранд, ки чаро ба падарашон ягон зани калонсоли муъмину мусалмонро гирифта надоданд…

Хоҳараш инро гуфта бо табъи гирифта баромада рафту бобои Раҳматулло низ омин карда аз сари дастурхон хест…

Ғуссамарг

Мўйсафед то қарибиҳои саҳар мижжа таҳ карда натавонист, вале дами субҳдам ғанабаш бурд. Боз занашро хоб дид, вале ин дафъа кампир ба вай ягон ҳарфи таскинбахш нагуфт ва рӯймолашро ҳам дароз накард. Хомӯшона як ба мӯйсафед нигаристу дар дили торикӣ ғайб зад…

Бедор шуда чашмонашро молида-молида аз бистари хобаш хест. Сараш вазнин, пойҳояш бемадор шуданд. Дилаш дард мекард. Мӯйсафед худро базӯр кашолакунон то дами тиреза расонд ва пардаро боло карда ба берун нигарист. Келинҳояш либосҳои дирӯз шустаашонро дар сари тор овезон карда буданд. Бобои Раҳматулло ба тори либосҳо чашм давонд, ана он куртањо азони писараш, ана инҳояш азони худи келин, дуртар куртачаю эзорчаҳои набераҳояш овезон… Нигоҳи мӯйсафед аз тор ба тўдаи либосҳои ношуста афтид. Куртаҳои вай ҳамоно дар рӯйи замин ба чангу хок олуда мехобиданд…

Ба дилаш гӯё касе бераҳмона корд зада бошад, қафаси синааш якбора ба сӯзиш омад ва пеши чашмонаш аз шиддати дард сиёҳӣ заданд. Хост писаронашро садо кунад, вале овозаш дар гулӯяш дармонда, мӯйсафед мисли чанори решагардон гурсосзанон ба замин афтид. Вақти афтидан ришу мӯйи барфсон сап-сафедашро чизе мањин сила карда гузашт ва мӯйсафед дар олами руъё дид, ки рўймоли сафеди кампиракаш дар фазо парвозкунон се маротиба дар гирди сараш чарх зада, баъд рӯйи ӯро пӯшонд…

Вақте ки писаронаш ба хона даромаданд, рӯз аллакай бегоҳ шуда, манаҳи мӯйсафеди ҳанӯз субҳдам ҷондода кайҳо афтида буд…

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД