Arzon march 2024
Гӯр мурдаи фоҳишаро ба берун партофт
23.02.2020
Дилошӯб
6327

 Ишқи аскарбача

Мадуд дар Сибир, хунуктарин минтақаи иттиҳоди шуравӣ, хизмати ҳарбиро анҷом медод. Ӯ дар як оилаи серфарзанд, миёни ҳашт апаю хоҳар писари ягона, азизи дилу дидаи волидон буд ва аз ноҳияи гарму тафсони водии Вахш афтодан ба ин яхистон ё ба қавли ҳамхизматаш Аҳтамшо зиндони ҳазрати Сулаймон барояш бисёр гарон бошад ҳам, мардонавор тоқат мекард. Хаткашон ҳар ҳафта барояш даста- даста мактуб меовард. Дӯстонаш номаҳои ошиқонаи маҳбубаҳояшонро гирифта аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, Мадуд бошад ба ҳоли ин Маҷнунҳои сонӣ механдид, то он рӯзе, ки тири ишқ бар дилаш зад.

Номаи бахткушо
Якуним сол аз хизматаш сипарӣ гашта буд, ки аз хоҳари хурдияш Мастура мактуб гирифт. Дар қабати мактуб як дона расм низ буд. Мастура менавишт, ки бо дугонаҳояш Нозигулу Ғамза дар иди якуми Май ба ноҳия рафта сурат гирифтаанд. Мадуд ба акс нигаристу барқ задагӣ барин шуд, зеро аз дили коғази барфсон сафед нозаниндухтаре бо чашмони шарарбор ба ӯ менигарист. Ин Ғамза буд, духтари Собири галабон, ки дар якуним соли набудани Мадуд ба маликаи ҳусн мубаддал гаштааст. Ним соли дигари хизматро ҷавон бо ёди соҳиби он чашмони шарарбор пушти сар карда бо сари баланд ба деҳа баргашт…

Нозанини маҒрур
Мадуд ҷавони зардинаи қоматбаланд, лоҒарандом, хулоса он қадар зебо набуд, вале дилаш майли сояи зулфи зеботарин санами деҳаро дошт, аммо ба мактубҳои пай дар пайи акаи дугонааш ҷавоб намедод. Духтари мағрур Мадудро ба худ муносиб намедонист. Мағрурии ин парӣ ҷавонро бештар девона мекард. Вай ба худ қарор дода буд, ки бо кадом роҳе набошад, албатта дили Ғамзаро ба даст меорад. Рӯзе рози дилашро дар назди рафиқи наздикаш Нуралӣ кушод. Нуралӣ лазҳае сар ба ҷайби андеша кашиду пасон гуфт:

-Ҷӯра, бо мактубнависӣ ту ба коми дил намерасӣ, то ҷое, ки ман медонам, аҷдоду авлоди Ғамза чизпарастанд, ягона роҳи ба дили ин духтари мағрур роҳ ёфтан туҳфаҳои қиматбаҳост. Дилашро бо зару зевар ёбӣ, Ғазма азони ту мешавад, зихнагӣ кунӣ, метавонӣ ишқатро дар дилат гӯр карда, дигар номи ӯро ба замон наорӣ. Беҳуда нагуфтаанд:

Хоҳӣ, ки дили дилбари ту гарм шавад.
Аз парда бурун ояду бешарм шавад.
Зорӣ макуну зурӣ макун, зар биёр,
Зар бар сари фулод ниҳӣ нарм шавад!

Мадуд, ки дар хизмат хонда соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гашта буд, дар автобазаи ноҳия ба ҳайси ронанда ба кор даромаду аз маоши аввалинаш барои Ғамза либоси касмаёфте харид ва сари роҳи ӯро дошта, изҳори муҳаббат карда гуфт:
-Ғамзаҷон, розӣ шав, хостгоронамро фиристам, бароят тамоми моли дунёро нисор мекунам, чизе бихоҳӣ, пайдо мекунам, хоки раҳат мешавам!
Духтар туҳфаро гирифта кушод ва помбархзари сурхи зебоеро дар даруни коғазпеч дида, чашмонаш барқ заданду ваъдаи дидор дод:
-Имшаб таги тути поёни ҳотаамон биё, суҳбат мекунем.
Он рӯз аз Мадуд хушбахттар мард дар рӯйи олам набуд, ҷавон дар дилаш ба Нуралӣ офарин мегуфт ва ҳатто ба гӯшаи хотираш ҳам намеовард, ки дили Ғамзаро ҷилои матоъ бурдааст, на сеҳри ишқи пок…

Кушоиши кор
Пас аз гузаштани посе аз шаб, Мадуд оҳиста-оҳиста чун дуздон байн-байни ҳотаи мардум гузашта, дар назди тути поёни ҳотаи Собири галабон қарор гирифт. Оромии шабро садои чир-чиракҳо ва аҳён-аҳён овози одамон омехта ба ҷакиши сагҳо беқарор мекарданду халос. Мадуд рӯйи юнучқазори сабз дароз кашида мунтазири баромадани моҳаш буд. Пас аз як лаҳза садои пасти қадаммонӣ шунида шуду Ғамза наздаш омада чун шиноси дерин нишаст. Дили ҷавон дар сина пар-пар мезад, баъди раду бадали чанд сухан духтарро ба баҒал кашиду беҳунарона ба бӯсидан даромад, Ғамза низ дар навбати худ мӯйю рӯйи ҷавонро навозиш карда, оташи шавқашро меафрӯхт. Ин ҳама чанд дақиқа давом карданду Ғамза ба Мадуд гуфт:

-Пагоҳ ба маркази ноҳия меравам, мегӯянд дар универмаг туфлиҳои зебо омадааст…
Ҷавон мақсади духтарро фаҳмида гуфт:
-Пагоҳ не, рӯзи якшанбеи дигар ман туро худам ба маркази ноҳия мебарам…

Ҳамин тавр аз ҳисоби Мадуд дар се-чор моҳ Ғамза соҳиби либосҳои зебои касмаёбу касмахар гашта бошад ҳам, дилаш кашоли Носири муаллим буд. Носир қариб ҳар шаб ӯро ба хонаи холаи кампираш бурда, коми дил меситонду ҳамроҳаш ҳар гуна бозиҳои шаҳвонӣ мекард ва Ғамзаи хомхаёл умедвор буд, ки вай ӯро ба занӣ мегирад, аммо ошиқи муаллимаш якбора аз қишлоқ Ғайб зад.

Бозгашти ошиқи фирорӣ
Холаи бефарзанди Носир, ки ӯро баъди фавти модараш калон карда буд, ба мардум мегуфт, ки падари Носир пайдо шуда, писарашро ба наздаш ҷеҒ задааст. Ду моҳ пас Носир аз нав дар деҳа пайдо шуд. Ҳамроҳаш духтараки шаҳрии соҳибҷамолеро низ оварда буд. Мардум аз рӯйи нақлҳояш фаҳмиданд, ки падараш духтари занашро, ки аз никоҳи аввалаш будааст, никоҳ карда ба Носир додааст. Кампири Басбӣ ба шарафи хонадоршавии Носир гов кушта, барои мардуми қишлоқ тӯй дод ва қудоҳояш-домоди собиқашро бо занаш даъват намуд…

Аз бенамакӣ санг ҳам намак
Ҳамин тавр тарбузи умеди Ғамза аз баҒалаш уфтод ва аз ноилоҷӣ ба Мадуд гуфт, ки хостгоронашро фиристад. Мадуд ба норозигии волидон ва хоҳаронаш нигоҳ накарда, Ғамзаи таннозро бо обрӯ хостгорӣ ва тӯй карда ба хонааш овард. Меҳрубониҳои аз ҳад зиёди Мадуд арӯсро он қадар эрка карданд, ки на хусуру хушдоманашро писанд мекарду на хоҳаршӯйҳояшро. Дар хона Мастура монда буд, зеро дигар хоҳарону апаҳои Мадуд кайҳо шавҳар карда рафта буданд, аммо ситораи Ғамза ҳатто бо дугонаи худаш рост наомад….

Тардоман
Модари Мадуд-холаи Райҳон, ки зани чаққоне буд, маътали келини таннозаш нанишаста, тамоми кори хонаро худаш ба анҷом мерасонд. Кори Ғамза танҳо рӯфтани ҳавлӣ ва орою торо додани худаш буду бас. Ризоияти шавҳарашро гирифта арӯсак дар китобхонаи мактаб ба кор даромад. Акнун ӯ рӯзи дароз дар кор буду бегоҳ ба хона баргашта: «монда шудум» гӯён, мехӯрду мехуфт…
Коргар шудани Ғамза ҳадаф дошт, ин духтари тардоман то ҳол оҒӯши гарми Носирро фаромӯш накарда буд. Тақрибан баъди ду моҳи ба кор даромаданаш ошиқони дерин боз ба ҳам унс гирифтанд ва пайти муносиб ёфта, дар ягон гӯшаи хилват нафси ҳайвонии худро ором мекарданд.


МӮЙСАФЕДРО ҶОДУ КАРДАНДУ...


 

Овозаю овоза….
Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки ягон кори ҳаром пинҳон намемонад, қиссаи ишқварзии Носиру Ғамза низ дар деҳа овоза шуд, вале зани Носир-Лайло, ки ҳамшираи шафқат буд, ба ин ҳама бепарво нигариста мегуфт:
-Шавҳарам ҳар шаб бо ман аст, маошашро тин ба тин ҳисоб карда дар дастам медиҳад, зан нест, ки бадном шавад, бигзор чӣ номаъқулие, ки мекунад, кардан гирад. Муҳимаш вай маро дӯст медораду болои сар бардошта мегардад. Носир ягон бор номамро нагирифтааст, ҳамеша «ҷони ширин» мегӯяд, хушдоманам ҳам дӯстам медорад, писараки зебо дорам, ба ман дигар чизе лозим нест. Мегашта бошад, гаштан гирад, ман фахр мекунам, ки зане ба хотири шавҳари ман ба рӯйи тахту бахташ пой мемонад…
Мадуд ин ҳама овозаю ҳангомаҳоро шунида бошад ҳам, бовар накарда мегуфт:
-Зани ман хушрӯй аст, барои ҳамин мардум ба вай бахилӣ карда, ҳар хел гапу хабар паҳн мекунанд…
Ин ҷавонмарди хомхаёл худро ба карӣ зада, гӯшҳояш таги тоқӣ мегашт ва хомӯшии шавҳараш Ғамзаро торафт бебоктар мекард.

Аз «кулӯх» шарора париду…
Аз тӯяшон як сол нагузашта Ғамза аз Мадуд талаб кард, ки барояш хонаи алоҳида харад. Мадуд бори аввал ба сари занаш фарёд зад:
-Э аблаҳ, ту дар ҳамин хона дастатро ба оби хунук намезанию падару модарам ба хотири ман, писари ягонаашон лаб во намекунанд, Мастура шавҳар карда равад, намедонам ҳоли модарам чӣ мешавад, ҳама туро тарпоча ва Ғар мегӯянд, ман ҳамаи инро нодида мегирам, акнун боз хонаи ҷудо мехоҳӣ?!
-Эҳа, аз кулӯх ҳам шарора мепаридааст-ку,-Писханд зад Ғамза.
Хандаи хунуки занаш ба дили Мадуд мисли теғ халид ва худро дошта натавониста ба рӯйи ӯ шапотие зад. Ғамза бо гиряву фарёд либосҳояшро ҷамъ карда ба хонаи апааш, ки бева буду дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард, рафт….

Пушаймонӣ
Мадуд танҳо се рӯз ба ҷудоӣ аз занаш тоб оварду рӯзи чорум ба хонаи хоҳарарӯсаш рафта, худро пеши пойи Ғамза партофта, узр хост, аммо ҷавонзан шартҳои худро гузошт:
-Ман дигар дар хонаи шумо зиндагӣ кардан намехоҳам, агар хоҳӣ, ки саҒераат пеш-пеши пойи падарандар нашавад,-ба шикамаш ишора намуда гуфт ӯ,-барои ман хонаи алоҳида гир!
Мадуд он шаб бо Ғамза монд ва рӯзи дигар назди директори автобаза даромада, хоҳиш намуд, ки илоҷе карда барояш хобгоҳ ёбанд. Пас аз як ҳафта мушкили Мадуд ҳал шуд ва ба ӯ ҳавличаеро, ки ду хона ва ҳамому ҳоҷатхона дошт, ҷудо карда доданду ин оилаи ҷавон ба он ҷо кӯчид.
Холаи Райҳон келинашро дуои бад карда ашк мерехт, ки онҳоро миёни мардум шарманда ва аз ягона писараш ҷудо кард, аммо амаки Сафӣ ба нуқтаи дуре чашм духта гуфт:
-Занак, Ғам махӯр, писарат як рӯз саг барин пушаймон шуда бармегардад, мон дум-думи ҳамон беобрӯ гардад….

Заҳри хиёнат
Ғамза дар хонаи наваш ҷавлонкунон ин тарафу он тараф мерафту дар дил хурсанд буд, ки шаҳрӣ шуд, яъне аз деҳа ба маркази ноҳия кӯчид. Вай ҷойи корашро низ иваз карда, акнун котибаи директори автобаза буд ва назараш дигар оламу одамро намегирифт. Ғамзаи бероҳа дар як муддати кӯтоҳ бо директор соз гирифта ҳавличаашро ба номи худаш карда гирифт. Ҳама коргарони автобаза медонистанд, ки зани Мадуд маъшуқаи сардорашон аст. Шояд касофати бероҳагиҳояш буд, ки тифлаки нахустини Ғамза (ӯ ҳатто намедонист, ки падари фарзандаш Носир аст ё Мадуд) мурда ба дунё омад. Ин ҳама пинаки ин зани ба ботлоқи фисқу фуҷур афтидаро вайрон накарду пас аз каме беҳтар шудани вазъи саломатияш боз ба кор баромада кирдорҳои пасташро давом додан гирифт. Сарабек- сардори автобаза ҳамеша Мадудро ба сафарҳои дарозмуддат фиристода, ҳамроҳи Ғамза айшу ишрат мекард. Боре Мадуд корҳояшро зуд ҷо ба ҷо карда аз муҳлати муайянгашта пештар ба хона баргашту дар хонаи худаш, дар бистари поки никоҳӣ занашро дар оҒӯши сардораш дарёфт. Хун ба сари ҷавонмарди хиёнатдида зада, Сарабекро зери мушту лаҒат кашид, вале Ғамзаи маккора ҷони худоӣ гӯён, гурехт.

Ғарию пештозӣ
Рӯзи дигар Мадуд мошинашро бурда супорид ва бо хоҳиши худаш аз кор рафт, бо Ғамза бошад, танҳо баъди як ҳафтаи ин воқеаи нангин рӯ ба рӯ шуда, талаб кард, ки хонаро холӣ кунад, аммо Ғарию пештозӣ гуфтагӣ барин, зани тардоман бо овози баланд гуфт:
-Хона ба номи ман аст, худат метавонӣ либосҳои бӯгинатро гирифта ба ҳамон қишлоқи пӯсидаат равӣ, вагарна туро ба суд дода, барои туҳмат ба паси панҷара мешинонам!
Мадуд ба рӯйи Ғамза туф карда ба хонаи падару модараш баргашт ва чанд ҳафта чӯпон шуда ба куҳу саҳро баромада рафт. Ҳавои софи кӯҳистону шилдирроси чашмаҳои поку зулол каме дарди дилашро шӯста бошанд ҳам, ишқи Ғамзаи фоҳишаро аз дилаш рӯфта натавонистанд.


АЗ НИКОҲИ МАҶБУРӢ ТО ОҚИПАДАРИИ РӮЪЁ (ВИДЕО)



Савораи аспи ҳавас
Ба Ғамза Худо дода буд, акнун озодона чӣ коре, ки хоҳад, мекард, ба гӯшаш на насиҳати падар мефориду на зориҳои бародар. Бо мардони айёши пулдор шинос шуда ба қавли худаш кайф карда мегашт, аммо… Як рӯзи баҳорон Ғамза ҳамроҳи Барчиной ном дугонааш, ки мисли худаш бероҳа буд, бо ду мард ба куҳ рафтанду ҳангоми бозгашт ба садама дучор шуданд. Ғамза ҷо ба ҷо ҳалок шуду се нафари дигар ҷароҳатҳои вазинин бардоштанд. Ин хабарро кассири колхоз Давлатназар, ки барои додани пули чӯпонон ба куҳ рафта буд, ба Мадуд расонд ва ҷавонмард савори асп худро ба деҳа расонд. Вай ба ҷаноза нарафта бошад ҳам, аз дурӣ назорра мекард, ки чӣ тавр тобути Ғамзаро ба гӯристон бурда дар баландие ӯро ба хок супориданд. Мадуд талх гирист, ашки чашмони ӯро дида, модараш бо дилсӯзӣ гуфт:

-Гиря накун бачам, сиёҳпича он қадар занаки бад набуд, вале меҳрубониҳои аз ҳад зиёди ту ӯро ба ин роҳ бурданд. Айби худат, сиёсат надоштӣ бачам! Худо раҳматаш кунад, намедонам хок роҳаш медода бошад ё не, бо ин қадар ифлосиҳо….

Интиқом аз мурда
«Хок роҳаш медода бошад?!»-Ин ҷумла дар сари Мадуд давр мезаду нақшаи интиқом ситониданро аз мурдаи Ғамзаро мекашид…
Баробари фаро расидани шаб, вай бели тезеро гирифта оҳиста-оҳиста ба қабристон, ки дар наздикии хонаашон ҷойгир буд, рафт. Ба сари қабри Ғамза расид. ЧароҒи карасинӣ мил-мил месӯхт, онро наздикони маита аз рӯйи расму русум гузошта буданд. Мадуд бо шитоб ба кандани қабр оҒоз кард ва дар як соат хокро яктарафа карда, даҳони лаҳадро кушоду мурдаи кафанпечи Ғамзаро аз гӯр берун баровард. Дар рӯшноии чароҒи карасинӣ ва фурӯзонаки бо худ овардааш кафанро кушод ва бадани шир барин сафеди ҳамсари собиқашро ба серӣ тамошо кард. Ягон ҷояш осеб надида буд, танҳо як бари сараш кафида аз гӯшаш хун мерафт, ҳатто кафанаш хунолуда буд. Мадуд муддате ба чеҳраи сарду чун фаҒфур сафеди Ғамза нигариста гирист, ҳатто пойҳои сарду карахти ӯро бӯсид, лаҳзае пас ба худ омада аз кардааш пӯшаймон шуд, вале дигар вақти ӯро дубора ба гӯр гузошта, хокпӯш кардан набуд. Ҷавонмард мурдаро дар лаби қабр бараҳна гузошта, осемасар рӯ ба гурез ниҳод. Дуздона, тарсидаю ларзида ҳар дам ба қафо нигариста, вай ниҳоят ба хонаашон расид ва ба ҳамом даромада, сару танашро шӯст, сипас белро тоза шуста бурда пинҳон карду калӯшҳояшро, ки онҳоро пӯшида ба сари қабри Ғамза рафта буд, ба канале, ки аз назди хонаашон мегузашт, партофта, дарвозаро маҳкам карду ба ҳуҷраи хоби худаш даромад.

Даҳшати гӯшношунид…
«Ғамзаро гӯр ба берун партофтааст!!!»-Ин овоза аз сари субҳ дар деҳаи Заркамар паҳн гашта, мардумро ба даҳшат овард. Одамон дар сари роҳу рӯйи роҳ туда-туда ҷамъ шуда, танҳо дар ҳамин бора гап мезаданд. Яке мегуфт, ки гӯр Ғамзаро барои фоҳишагияш роҳ надодааст, дигарӣ гиребони тавба дошта, нақл мекард, ки ин ҳодисаи ягона нест, дар фалон ҷо низ гунаҳгореро гӯр роҳ надода буд. Додарони Ғамза субҳ ба сари гӯр рафтанд ва ин шармандагии гӯшношунидро дида, дарҳол мурдаи апаашонро зери хок карданду гуфтанд, ки ин кори дуздон аст, онҳо дандонҳои тиллои апаашонро канда гирифтаанд, аммо касе ба ин гап бовар намекард. Мардуми деҳа ним соли дароз дар бораи Ғамза ҳикоятҳо мебофтанд, гӯё ӯ пояшро болои мазори бузургворе монда, ба бузургии Худо шак оварда бошаду якбора бо се-чор мард мехобида бошаду….
Мадуд ба мақсадаш расид, бадномие, ки Ғамза дар зиндагияш дошт, пеши «аз гӯр партофтанаш» ҷаве арзиш надоштанд…
Аз ин ҳодиса солҳо сипарӣ шудаанду ҳоло ҳам мардум бо тарсу ҳарос, гиребони тавба дошта ин ҳодисаро ба ёд меоранд. Мадуд пас аз ин воқеа зан гирифта, соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони зиёде гашта бошад ҳам, ба май дил баст… Ҳар гоҳ маст шавад, чӣ гуна қасос гирифтанашро аз мурдаи Ғамза нақл мекунад, вале касе ба ӯ бовар намекунад….


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД