Духтар духтари ман аст, хоҳам мезанам, хоҳам мекушам, хоҳам ба шавҳар медиҳам,-паст наомада гуфт падарам ва ба таъкидҳои ҳомиёни қонун дар бораи манъ будани никоҳи духтарони ноболиғ аҳамият надода, мани 16-соларо зӯран ба шавҳар дод.
Барои он ки боз аз хона нагурезам, дасту пойҳоямро бо арғамчин баста, дарро аз балоям маҳкам карданд…
Ин пора аз нақли қаҳрамони навбатии мост, ки тӯйи арӯсӣ ба сараш бадбахтиҳои зиёде овардааст. Беҳтараш биёед саргузашти талхи Руъёро аз забони худаш мешунавем.