Шаҳри Алипурдуари кишвари Ҳиндустон макони зиёрати аксари сокинони Банголия гаштааст. Гап сари он аст, ки дар ин шаҳрак марде зиндагӣ мекунад бо думи 37 сантиметра.
Сокинони шаҳри Алипурдуар нисбати марди 35-сола Чандра Ораон бо сабаби хусусияти анатомияш муҳаббати зиёд доранд. Аз пушти ин марди ҳинду думи 36,83 сантиметра овезон аст. Мардум мӯътақиданд, ки марди думдор таљассумгари бути ҳиндуҳо Хануман аст. Қобилияти бемалол дар болои дарахтон гаштани Чандраро бо думаш тавъам медонанд. Зиёраткунандагон бо мақсади шифоёбӣ ё гирифтани дуои нек рӯзи дароз навбат мепоянд, то ки ба думи 37 сантиметра даст расонанд. Табибон думи пашмини марди ҳиндуро ноқисии љисмонї шуморида ба Чандра пешниҳоди аз он халос шуданро намуданд, вале «Хануман» рад кард.