arzon replenishment
Хуршед худкушӣ кард, ё...?
3224

Бо амри тақдир бошад ва ё ноомади кор, ки вақтҳои охир ҷавонони мо бо ҳар баҳона ба доми аҷал меафтанд. Мақсад аз гуфтаҳо хабари хабари марги нобаҳангоми  Хуршед ном ҷавони 24 сола, ки тақрибан соатҳои 17:30 аз ошёнаи яке аз биноҳои навсохт афтида, ҷароҳати бениҳоят вазнин бардоштааст, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Хуршед сокини деҳаи Озодии Занони ноҳияи Рӯдакӣ буд. Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, вазъи шароити зиндагии Хуршед чандон хуб набуд. Гарчанде, ки мисли дигар ҷавонон ӯ низ орзӯи дар донишгоҳ таҳсил карданро дошт, вале вазъи иқтисодии оилавӣ ӯро маҷбур буд, ки фикри хонданро як тараф гузораду ба мардикорӣ машғул шавад. Бо ҳамин минвол ӯ дар бинои нав сохт тайи чанд моҳи охир ба ҳайси арматурбоф фаъолият кард.


АРӮС БО ВАСВАСАИ ҶИНҲО ХУДКУШӢ КАРД Ё...


Ин ҷавони ормонӣ ҳангоми бофтани арматур баногоҳ аз тирезаи ошёнаи панҷум ба замин афтида, ҷон ба ҷонофарин супурд. “Марги Хуршед ба он оварда расонд, ки духтарчаи бетақдираш ятим монду зани бадбахташ дар айёми ҷавонӣ бева шуд”-мегӯяд Акбар, дӯсти марҳум.
Ҷанозаи Хуршед дар масҷиди деҳаашон баргузор шуда, ҷасади беҷони ӯро дар оромгоҳи деҳаашон ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД