Sebiston new 2024 october
Худкушии духтари қуръонхон
7631

 

Овозаи худкушии Нозанин дар як лаҳза барқсон паҳн гашта ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Хурду калони деҳа сӯи хонаи Ҳотам шитофтанд. Мавҷи мардум мисли дарё равон буду ҳама ба якдигар танҳо як саволро медоданд: Чаро Нозанин худашро овехтааст? Охир вай духтари қуръонхон буд-ку?!

Ниҳоят расиданд ба хонае, ки соате қалб тӯйхонаро мемонд. Акнун аз фазои ин хонадон ба ҷойи хандаю сурур нолаҳои зори пайвандони маит ба гӯш мерасид. Мардуми ба мотамхона омада ба чашмони аз гиря варамидаи падару модари ҳунҷигар, ки аз алам рӯю мӯяшонро меканданд, бо раҳм менигаристанду ҷуръати пурсидани сабаби худкушии духтарашонро намекарданд.

Нозанин дар байни ҳамсинфону ҳаммактабиёнаш намунаи ибрат буд, ҳам аз ҷиҳати ахлоқу ҳам аз ҷиҳати дониш. Дар вақтҳои холигиаш вай дар назди бибиотуни деҳа- биби Ҳанифамоҳ таълими исломӣ мегирифт. Қуръонро фароварда буд. Зеҳни тез ва овози фораму ширадори Нозанин ба бибиотун хуш омада буд ва ӯро бештар аз дигар шогирдонаш дӯст медошт. Қуръонро ин духтараки фариштасимо чунон форам мехонд, ки ҷони кас роҳат мекард. Чунин як олиҳаро чӣ ба худкушӣ водор кард, саволе буд беҷавоб.

 


 “Лаънатиҳо, ба дастам афтодед” гӯён, тозон рафта дари хонаи писару келинамро кушодам. Ошиқи касофати Наргис бо дидани ман талхакаф шуда, роҳи гурезро пеш гирифт, вале ...

 


Пеш аз фоҷиа

Ҳамон рӯзи наҳс Нозанин ҳамроҳи хоҳару дугонаҳояш барои таҷлили Наврӯз ба наврӯзгоҳи деҳа рафта буд. Пеш аз рафтан модари азизашро оғӯш карда бӯсаборон намуду гуфт, ки зиқ нашуда шинанд, тез меоянд.

Аз рафтанашон вақти зиёде нагузашта Нозанин худаш танҳо баргашт. Модар, ки дар ошдони рӯи ҳавлӣ хӯрок мепӯхт, духтарашро дида, ҳайрон шуд. Нозанин гӯё модарашро надида бошад, тозон хона даромад.

«Чаро худаш танҳо омад? Боз мерафта бошад? Барои чи чизе нагуфта ба хона даромад?» дар як дам чанд савол дар майнааш чарх зад, вале модар андармони хӯрокпазӣ фурсати ба ин саволҳо ҷавоб ҷустан наёфт.

Арӯси дар расан овезон

Аз байн чи қадар вақт гузашт, ёд надорад, вале ногоҳ гурумбосзанон афтодани чизе ба гӯшаш расиду риштаи хайёлоти модарро барканд. Кафлезро ба як сӯ гузошта, тозон ҷониби садо давид. Ба хона даромада Нозанинро дар дор овезон диду фиғони ҷонкоҳе кашид ва беҳуш рӯйи фарш афтид. Шавҳару фарзандонаш фарёди ҷонхарошашро шунида осемасар ба хона даромаданд ва манзараи мудҳишро дида, лол гаштанд. Падар дарҳол бо дастони ларзон ресмонро бурида Нозанини аз барги гул нозанинашро аз ҳалқаи дор раҳо кард, вале аллакай дер шуда буд. Нозанини моҳрӯро аз марг наҷот додан ба пайвандони хунҷигараш муяссар нагашт.

Мурда не, рашки маҳтоб

Нозанин мисли моҳтоби аз осмон ба замин фаромада руӣ хона мехобид. Аз тамошои чехраи барф барин сафеду абрӯвони сиёҳи пайваста ва миҷгонҳои хамзадааш кас сер намешуд.

Модар рӯю мӯяшро канда нола мекард: «Нозинини барги гули оча, ин чӣ корӣ кардагият буд?! Маро зинда дар гӯр кардӣ, арӯси чодари арӯсӣ нодидаи модар…

Модари зор хуни дил аз дида рехта рӯйканон мегуфту мегирист, вале Нозанин дигар фиғони ҷонсӯзиашро намешунид.

Падари Нозанин банди дастбофи бо он худро овехтаи духтарашро ба даст гирифта, тавба мекард, ки ин бандро Нозанин аз куҷо ёфтаасту онро кӣ бофта бошад, охир дар хонаи онҳо чунин банд ҳеҷ гоҳ набуд ва умуман вай ин хел банди дастбофро дар умраш бори аввал мебинад.

Аз пасам касе мегардад, оча!

Вақтҳои охир Нозанин тез-тез ба модараш мегуфт: Очаҷон, баъзан хаёл мекунам, ки аз қафоям касе мегардад. Кадом як махлуқи ба чашм ноаён аст, вале манн буданашро барало ҳис мекунам, чунки баъзан мӯйҳоямро мекашад ва ҳатто пичиросзанон «Нозанин, биё бо мо меравем мегӯяд.» Модари аз дунё бехабар «шухӣ накун, духтарҷон, аз паси ту кӣ ҳам мегардад?! Оятҳои қуръонро хону дар баданат куф кун, нағз мешавад» мегуфту ба гапҳои духтараки ба балоғат расида аҳамият намедод.

Акнун модар ангушти пушаймонӣ мегазид, ки чаро дарҳол аз пайи табобат нашуд. Шояд ягон чиз сабаб мешуду Нозанин зинда мемонд. Мардуми ба ҷаноза омада саволомез ба пайвандони Нозанин менигарситанд. Мазмуни нигоҳҳои ҳаққу ҳамсояро дарёфта модари аламзада пичирос зад:

-Нозанини ман дар бораи худкушӣ ягон бор даҳон намекушод. Қуръонхон буд, гуноҳи азим будани худкуширо медонист. Онҳое, ки худкушӣ мекунанд, зиндагии вазнин доранд, ҷабру ситам мебинанд, фиреб мехӯрданд ё арақхӯру наркаман ҳастанду ҷонашон ба лабашон расида, ин корро мекунанд. О ба духтари мо чӣ намерасид, ки дастба худкушӣ зад? Гули сари сабади хонадон буд, ҳама барояш садқаву банда. Ҳайронам, ки ин духтар чаро ин корро карда ба ҷони ҷавонаш ҷабр кард. Мегӯянд, ки мурдаи одами худкушӣ кардаро ҷаноза намехонанд. Худоё, чӣ даҳшат аст! Ҷигарбандатро аз даст медиҳию намедонӣ, ки ӯро кӣ кушту чаро худашро овехт, бар замми ин қадар сӯзу гудозу аламат боз чунин муносибат!

Аз нақли момаи Нуқра

Пас аз ба хок супурдани Нозанин хешовандони дуру наздик дасту рӯяшонро шуста ба хона даромаданду кампираки 85-сола, момои Нуқра чунин қисса кард:

Дар ҳамсоягиам Додихудо гуфтани мардак зиндагӣ мекард. Ҳамагӣ як духтар дошт, ки номаш Анқос буд. Анқос мисли парӣ зебо буд, вале дар синни 17 ё 18 солагиаш ба дарди васвос гирифтор шуд. Мудом ба падару модараш мегуфтааст, ки худамро мекушам, шумо аз ман безоред. Духтаракро назди чандин табибу духтурҳо бурданд, лекин дардашро наёфтанд. Аловгардону дуохонӣ карданд, пас аз ин гӯё каме беҳтар шуд. Таъби падару модараш аз беҳшавии ҳоли фарзандашон шод гашта бошад ҳам, ҳамоно беташвиш набуданд ва мудом аз паси духтарашон назорат мекарданд. Як рӯз Анқос аз хоб хеста, рост ба оғил меравад. Падараш аз қафояш поида мебинад, ки банди ғафсеро дар рави оғил андармон карда, бо касе гап мезадагӣ барин худ ба худ пичир-пичиркунон дор сохта истодааст. Гӯш мекунад, ки духтараш чи мегуфта бошад. Анқос «ман рафта корро ба сомон мерасонаму баъд меоям» гӯён, аз оғил мебарояду гӯё ягон чиз нашуда бошад, сархам аз паси саришта кардани корҳои хона мешавад. Падараш номаълумакак як гӯсфандро сар зада, сари хуншорашро бурда дар ҳамон дори сохтаи Анқос овезон мекунад ва поида мешинад, ки духтараш боз чи кор мекарда бошад. Анқос корҳояшро тамом карда боз ба оғил медарояд, то худашро дар ҳамон банди тайёркардааш овезад. Ба оғил даромадан замон духтар чунон фиғони талх мекашад, ки овозаш тамоми ҳавлиро фаро мегирад. Падараш давида наздаш мераваду мепурсад: «Ба ту чи шуд, духтарам?» Анқос дир-дир ларзида мегӯяд:

-Ду кампир ба ман ваъда дода буданд, ки корҳоятро тамом кун, мо туро дар арғунчак бод медиҳем. Ман арғунчакбозӣ омадам, лекин момоҳо аллакай сари пурхуни кадом ҷондорро дар арғунчак овехта ҳойбод дода истодаанд.

Ҳамон сари хуншори гӯсфанд сабаб шуду ҷони Анқос раҳоӣ ёфт ва шавҳар карда, соҳиби шаш фарзанд шуд.

Кампир инро гуфту сукут намуд. Нақли момои Нуқраро шунида ман ба фикр фурӯ рафтам. Дар ҳақиқат «хун кунед, садақа кунед» гуфтани калонсолон беҳуда набудааст, агар падару мдари Нозанин нисбати гуфтаҳои духтарашон бепарвоӣ накрада, сари вақт чора меандешиданд, шояд ин фоҷиа сар намезад...

Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рамазон 2019-09-10, 21:27
Худованд ҷояшро Ҷаннат гардонад! Ба модару падари ғам дидааш сабри ҷамил хоҳонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рамазон 2019-09-10, 21:27
Худованд ҷояшро Ҷаннат гардонад! Ба модару падари ғам дидааш сабри ҷамил хоҳонам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД