Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 64)
20.03.2020
А. ҲОҶӢ
3075

 

(Давомаш)

Шафоат баробари дидани Садоқат чашмашро гурезонда ба тарафи дигар нигоҳ кард, аммо Садоқат лаҳзае чанд ба ӯ нигаристу ҳарфе нагуфта ба тарафи ҳуҷрае, ки он ҷо ҷасади хушдоманаш мехобид, равон шуд. Шафоат, ки тайёр буд суханони заҳрогини Садоқатро шунавад, аз ин кори ӯ ҳайрон шуда, зуд худро ба паси дари ҳуҷрае гирифт. Ин дам чанд ҷавон бо кӯмаки Садоқат ҷасади Ҷамиларо аз ҳуҷра бароварда, ба тарафи баромадгоҳ бурданд. Шафоат аз паси дар ин манзараи ҳузнангезро назорат мекард. Вақте ки ҳама, аз ҷумла ҳамшираҳои шафқат низ аз паси маит ба берун баромаданд, Шафоат ҷониби шуъбаи эҳёгарӣ, ки он ҷо Муртазо мехобид, равон шуд. Духтар аз рӯйи равуои духтурон ва ҳамдеҳагонаш ҷои онро тақрибан муайян карда буд ва мисли гурбае, ки мушро мепояд, ба ҳар сӯ назар андохта, ба паси ҳуҷрае, ки дари дутабақа дошт ва дар болояш “Шуъбаи эҳёгарӣ” навишта шуда буд, расид. Вай гӯшашро ба паси дар монда ба овозҳои аз дарун оянда диққат дод, аммо аз дарун садое шунида намешуд. Шафоат оҳиста дастаки дарро ба тарафи худ кашида дид, ки боз аст, онро нимроғ карда сарашро дароварда ба дарун нигарист. Дар миёнаи утоқ як кровати калон гузошта шуда буд ва аз он ба ҳар тараф симу рӯдаҳои гуногун мерафтанд. Дар болои кат шахсе хобида буд, вале маълум набуд, ки зинда аст ё мурда. Дилашро воҳима зер кард. Хост ба қафо баргашта аз дар барояд, вале кадом қувваи ноаёне намегузошт, ки ин корро кунад. Вай худро маҷбур карда ба кат наздик шуд ва аз байни докаҳои сафед чеҳраи коҳидаи Муртазоро шинохт. Чашмонаш фурӯ рафта буданд ва зери он ҳалқаҳои сиёҳ ба назар мерасид. Сару рӯйяш докапеч буд. Духтар ба он қисмати рӯйи Муртазо, ки аз байни докаҳо намоён буд, диққат дод. Ранги рӯйи Муртазо зард шуда, рӯяш мисли рӯйи мурда менамуд. “Наход мурда бошад?” ба таҳлука афтод Шафоат ва сарашро ба сари Муртазо наздиктар бурда бо диққат гӯш дод. Муртазо оҳиста бошад ҳам, нафас мекашид. Шафоат сарашро аз болои ӯ бардоштанӣ буд, ки ин дам аз қафояш овоз баромад:

-Ту кистӣ, ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

Духтар як қад парида, ба қафо нигарист, дар паси ӯ сӯзандоруи барои гузаронидан тайёр дар даст, хоҳари шафқат меистод.

-Ман... ман… ҳамту барои дидан омада будам...

-Дидани кӣ? Ҳамаи онҳое, ки барои дидан омада буданд, дар берун мурдаи модари ин одамро гусел карда истодаанд. Ту чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ? Аз дар?

-Бале, дар кушода буд...

-Медонӣ духтарак, ба ин ҷо даромадан манъ аст. Ман намедонам ин кас ба ту чӣ мешаванд, вале ҳолаташон ҳоло хело бад аст.. Барои ҳамин зуд аз ин ҷо баро, ки агар духтур дида монад, пӯсти маро меканад. Фаҳмидӣ?

-Фаҳмидам,-бо сари хам ҷавоб дод Шафат ва оҳиста қафонокӣ рафта, аз дар баромад, вале дур нарафт.

“Аҳволи ин кас бад” гуфтани хоҳари шафқат дили ӯро хавотир кард. “Наход мурад? Он гоҳ ман дар ҳарду дунё рӯсиёҳ мешавам. Аз як тараф модарашро ба ғами Муртазо гирифтор карда куштам, аз тарафи дигар барои ман шуда аз зану фарзандаш ҷудо шуд ва худро аз ҷарӣ поён андохту ба ин ҳол афтод. Худо накарда ӯ мурад, худамро ҳаргиз намебахшам. Шабу рӯз дар ҳамин ҷо мешинаму аз Худо илтиҷо мекунам, ки ӯ зинда монад. Агар сиҳат шавад, ӯро ба зану бачааш месупораму худам меравам...”

Шафоат ба забон мегуфт, ки агар Муртазо сиҳат шавад, ӯро ба зану бачааш супорида меравад, вале дар мағзи дилаш боварӣ надошт, ки вай ин корро карда метавонад. Баногоҳ чашмаш ба ду-се сояе афтид, ки аз он тарафи даҳлези дарози бемористон ҷониби шуъбаи эҳёгарӣ меомаданд, зуд худро ба як тараф гирифт, вале ҷое намеёфт, ки пинҳон шавад. Дубора вориди утоқи эҳёгарӣ шуда дид, ки ҳамшира машғули доругузаронӣ ва диққаташ ба бемор аст. Оҳиста ба паси пардаи дарози назди тирезаи калон гузашта, пинҳон шуд. Пардаи ғафс тамоми бадани ӯро пинҳон карда буд ва касе пай намебурд, ки он ҷо шахсе ҳаст. Пас аз андаке интизорӣ аз паси дар садои по ба гӯш расид ва ба ҳуҷра доктор Салим, аз паси ӯ Садоқат ва модараш Холбибӣ даромад омаданд.

-Гулистон, аҳволи бемор чӣ тавр аст?

-Ҳамон ҳолати аввала доктор, набзаш суст, фишораш гоҳ баланд мешаваду гоҳ мефарояд…

-Давоҳои фармудаамро кардӣ?

-Бале, охиринашро ҳамин ҳоло гузаронидам.

-Ҳамин тавр назорат кардан гир,-баъд доктор ба Садоқат рӯй оварда ба суханаш идома дод,-Аслан, ба ин ҷо даромадани шумоён мумкин нест, вале азбаски шумо занаш мешавед, бояд аз ҳолати ӯ огоҳ бошед ва ба ҳама кор тайёр шавед, зеро аҳволи ӯ дар ҳақиқат ҳам вазнин аст. Мебинам, ки шумо зани бофаҳм ҳастед. Аз дасти мо, табибон танҳо ҳамин қадар кор меояд, ки донишамонро барои наҷот додани беморон сарф мекунем. Алҳол мо ҳамаи он чизеро, ки дар чунин ҳолат илми тиб мефармояд, кардем. Акнун боқимондааш танҳо дар дасти Худост, келинҷон. Дуо кунед, ки сиҳат шавад...

-Раҳмат духтур. Ростӣ, ман гумон карда будам, ки фақат чанд ҷояш шикастаасту гап зада метавонад. Акнун мебинам, ки вай дар дами марг аст,-инро гуфта Садоқат беовоз ба гиря даромад,-Аслан, Муртазо ҷавонмарди хуб буд, вале гаправу содда. Раҳматии очааш мегуфт, ки духтарам аз ӯ эҳтиёт шав, бачаи ман мисли кӯдак зудбовар аст, ӯро фиреб кардан бисёр осон, вале ғурури ман имкон надод, ки ӯро аз дасти бадон наҷот диҳам. Ҳамааш айби худам, агар ман ба ҳеҷ куҷо намерафтам, ягон кор намешуд. Акнун мушти надомат ба сари худ мекӯбам, ки чаро ӯро дар ин ҳолат партофта рафтам...

Духтур аз ин суханони Садоқат чизе нафаҳмида, бо ҳайрат ба гапҳои ӯ гӯш медод. Холбибӣ, ки дар паси ӯ меистод, бо нӯги қарсаш рӯяшро пӯшонда бесадо мегирист...

-Ба куҷо рафтед, ӯро партофта?-Бо ҳайрат пурсид доктор Салим.

-Вақте ки ин ҳодиса рӯй дод, ман дар шаҳр будам. Аз шавҳарам қаҳр карда рафта будам. Баъд ба воситаи телефон ҳардуямон ҷанг кардем. Аниқтараш, ӯ бо ман ҷангҷол карду маро талоқ дод. Модараш ва модари ман барои фаҳмидани сабаби ин моҷаро ба деҳа рафтанд. Дигар чӣ шуду чӣ монд, ман намедонам. Муртазо худро ба ҷарӣ ҳаво додаасту акнун ҳолашро дида истодаед...

-Ҳа, ана гап дар куҷо будааст! Чаро шумо бо вай ҷанг карда аз хона баромада рафтед? Сабаб чӣ буд? Акнун, ки сар кардед, ҳамаашро гӯед, ҳарчанд дигар гуфтану нагуфтанатон барои ин мард,- ба тарафи кати хоби Муртазо ишора намуд доктор,-фарқ надорад...

-Сабаби моҷарои мо як духтари мактабхон шуд, ки ба шавҳари ман ошиқ шудааст. Вай толибаи Муртазо буд, баъд намедонам чӣ кор кард, ки шавҳари соддафеъли ман ба доми ӯ афтода, ману писарашро пушти по зад. Боре шабона ман онҳоро дар вақти бӯсобӯсӣ дидам ва тоқат накарда, писарчаамро гирифта ба хонаи модарам рафтам. Мегӯянд, ки баъди рафтани ман вай ҳамон духтарро никоҳ карда гирифтааст…

-Муаллим толибаи мактабхонро?

Ин саволи духтур ба гӯши Шафоат, ки аз паси пардаи ғафс ҳамаи ин гуфтугӯро мешунид, мисли он садо дод, ки гӯё доктор Салим пурсида истода бошад: “Падар духтари худро?”

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД