Sebiston new 2024 october
Ҷиян шӯйи аммаро гирифт
2866

 

Дугонаҳои ҷамолакӣ
Ману Олиҳа аз кӯдакӣ дӯсти наздик, яъне дугонаҳои ҷамолакӣ будем ва ҳама орзуву ҳавасҳоямонро танҳо ба якдигар мегуфтем. Нияти баъди хатми мактаб хонда мисли апаи Каромат духтур шудан доштани маро шунида Олиҳа ҳамеша ба ҳолам хандида мегуфт:
-Аз деҳаи мо ягон духтар то имрӯз ба шаҳр хонданӣ нарафтааст, ки туро хондан монанд. Ҳамин, ки мактабро тамом кардӣ, мисли панҷ апаат туро ҳам ба хонаи бахтат гусел мекунанд…
Дар ҳақиқат дар деҳаи мо танҳо чор зани маълумоти олидор буд, ки онҳоро ҳам шавҳаронашон аз шаҳр оварда буданд. Аз аҳли деҳа ягон зан ё духтар дар ягон донишгоҳ ё донишкада нахонда буд, зеро сари мардони моро аз танашон ҷудо кунанд ҳам, иҷозат намедоданд, ки бонувони хонадонашон ба шаҳр хондан раванд. Ҳамдеҳагон ва ҳамшаҳриҳои мо ҳама дар дин сахт, эшоннамо буданд ва хондани занро ба худ таън медонистанд. Занҳо ҳамеша бо рӯймоли калон мегаштанд, мардонамон бошад, риш монда, саллаю тоқӣ мепӯшиданд. Аксари духтарҳоро аз синфи нуҳум бароварда ба шавҳар медоданд. Духтар то 20 солагӣ ба шавҳар набарояд, аллакай пирдухтар ҳисоб мешуд ва дигар касе бо нияти хостгорӣ аз дарашон намедаромад…

Сирри ниҳон
Олиҳа аксар вақт бо меҳр дар бораи ҳамсинфамон Бахтовар сухан мегуфт, баъзан рубоиҳои навиштаашро дар бораи ишқу муҳаббат ба ман мехонд. Бахтовар воқеан ҷавони зебо, хушсухан ва аълочӣ буд, вале вай аз ишқи ин духтари мулло хабар надошт. Ман ҳам мисли дугонаам ошиқ будам, вале ин сирро ба ягон кас намегуфтам, ҳатто ба Олиҳа ҳам. Ҷавони дӯстдоштаам Фаррух аз мо ду синф боло мехонд ва писари раиси ҷамоат, апаи Анорхол буд. Ҳамон сол занги аввалро ҷиянчаи ман Сабоҳат, ки нав ба синфи 1 омада буд, зад. Фаррух ӯро сари китф бардошта буд ва Сабоҳат аз дур маро дида, хурсандона даст афшонда нидо кард: «Аммаҷон!» Бо шунидани ин нидои шодӣ Фаррух низ беихтиёр ба ман нигарист ва чашмони мо бо ҳамдигар бархӯрданд. Шарори чашмони ин ҷавони зебои қоматбаланд маро чунон беқарор кард, ки дилам мисли кабки дарӣ дар қафаси синаам ба тапидан даромад. Ҳамин тавр аз як нигоҳ оташи муҳаббат дар дилҳои мо аланга гирифту баъдҳо ба ҳамдигар мактуб менавиштагӣ шудем, аммо дар номаҳоямон номи ҳамдигарро наменавиштем, то ба дасти ягон муаллим афтад ҳам, ба кӣ тааллуқ доштанашро нафаҳманд…

Вохӯрии аввалин
Ману Фарух дар як деҳа зиндагӣ кунем ҳам, танҳо як бор, вақти ба хондан рафтани дӯстдоштаам вохӯрии ошиқона гузаронидем. Мулоқоти ошиқона оростан барои мо, ду ҷавони дилдода, ки дар муҳити тангназарон зиндагӣ мекунанд, қаҳрамонии ҳақиқӣ буд. Ҳамон шаб ман мисли партизанҳо сад бор ба гирду пеш нигаристаю ба ҳар як садо гӯш дода, бо сад эҳтиёт ба зери маҷнунбеди лаби чашмаи деҳа расидам. Фаррух дастамро дошта илтиҷокунон гуфт:
-Райҳонаҷон, баъди хатми синфи 11 боз як солаки дигар маро мунтазир шав, ҳамин ки ба курси сеюм гузаштам, тӯй мекунем, баъд ман туро ба шаҳр бурда ба ягон мактаби олӣ дохил мекунонам…
Ваъдаи ба ҳамдигар додаи моро ба ѓайри ману Фаррух, Худо ва маҷнунбеди кокулпарешону чашмаи Заҳро касе намедонист…

Язнаи таърифӣ
Аммаҳои Олиҳа дар пойтахт зиндагӣ мекарданд ва ҳар гоҳ меҳмонӣ биёянд, падараш гӯсфанд кушта, хоҳаронашро зиёфат медод. Ман дар ин рӯзҳо ба Олиҳа ёрӣ дода, барои меҳмонон қандина, самбӯса ва ҳар гуна шириниҳои лазиз мепухтам. Дугонаам се амма дошта бошад ҳам, бештар дар бораи зиндагии шоҳонаи аммаи хурдияш, ки зани сеюми як ҳоҷии тоҷир буд, нақл мекард. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки чӣ гуна зани сеюм шуда хушбахт будан мумкин аст. Ин ҳайрати маро дида, Олиҳа хандида мегуфт:
-Бахудо ту девонаӣ! Шавҳари аммаам Ҳоҷӣ Аёмшо заводи шахсӣ дорад ва бисёр марди сарватманд аст. Вай барои аммаам дар Душанбе хонаи қасрмонанди чорошёна сохта, барояш мошини чандҳазордоллара харида дод ва се бор ба ҳаҷ, ба зиёрати хонаи худо фиристод. Писарҳояш дар Англияю Дубай мехонанд. Язнаам натанҳо аммаам, балки тамоми хешу таборамонро таъмин мекунад, ҳар гоҳ меҳмонӣ биёяд, ба падарам дарза-дарза пул медиҳад…

Ҳоҷибибӣ ё маникени мағозаи тиллофурӯшӣ?
Нав мактабро хатм карда будем, ки ана ҳамин аммаи бою бадавлаташ ба хонаи Олиҳаино меҳмонӣ омад. Дугонаам ба ҷону ҳолам намонда маро кашолакунон ба хонаашон бурд. Тасодуфан дар дами дар бо аммаи таърифиаш во хӯрда худро базӯр аз ханда доштам. Аммаи дугонаам ҷавонзани соҳибҷамол бошад ҳам, мисли мурдаи кафанпӯш либосҳои сар то ба по сап-сафед пӯшида ба гӯшу гардан ва дастонаш чунон зару зевари бисёр овехта буд, ки агар ҳаракат накунад, одами дидагӣ ӯро маникени магазини тиллофурӯшӣ гумон мекард.

Тӯйи бе домод
Омадани аммаи тиллоии дугонаам беҳикмат набудааст, баъди рафтани меҳмонҳо фаҳмидем, ки вай Олиҳаро барои як хеши наздики шавҳараш хостгорӣ кардааст. Аз байн ду ҳафта нагузашта Олиҳаро тӯй карда ба пойтахт бурданд. Аҷибаш он буд, ки домод барои бурдани арӯс наомад, Олиҳаро аммаҳояш «Ёр-ёр» гӯён, арӯс карда ба хонааш бурданд. Мардум чанд рӯз дар бораи ин тӯйи бе домод миш-миш карда бошанд ҳам, баъд боз аз пушти ризқу рӯзии хеш шуданд…


АРӮСИ САРХӮР СЕ ДОМОДРО КУШТУ ХУДРО БА ДОР ОВЕХТ


 

Хандаи бахт
Ман баъди тӯйи таъҷилӣ ва аҷиби дугонаам худро танҳо эҳсос кунам ҳам ба ваъдаам устувор монда, ҳама хостгоронро навмед гусел мекардам. Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт. Фаррух баробари ба курси сеюм гузаштанаш ба қавлаш вафо карда ба хонаамон хостгор фиристод ва мо тӯйи оддияке ороста, риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Баробари баромадани чиллаи арӯсиам хусуру хушдоманам маро ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳр гусел карданд. Фаррух маро ба шуъбаи ѓоибонаи факултаи биологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил кард, дар як вақт ҳам мехондаму ҳам дар боѓчаи назди хонаамон кор мекардам.

Кӯчаҳои зиндагӣ
Як бегоҳ шавҳарам Фаррух, ки баъди дарс дар бонк кор мекард, ба ман занг зада гуфт:
-Райҳон ба хонаи апаам рав, имрӯз зодрӯзи писарчааш будааст, ман ҳам баъди кор расида меоям.
Ба хона омада худро ба тартиб овардаму ба хонаи хоҳаршӯям, ки дар маркази шаҳр буд, равона шудам. Мунтазири нақлиёт будам, ки дар наздам як мошини бадвоҳимаи хориҷӣ қарор гирифт. Гумон кардам, ки ягон марди шилқин аст, каме дуртар рафтам. Ҳамин вақт дари мошин кушода шуд ва аз он дугонаи ҷамолакиям Олиҳа, ки либоси ҳамранги мошинаш-сурх ба бар карда буд, фаромад. Вай чунон нозанин шуда буд, ки ҳама дар кӯча будагиҳо беихтиёт сӯяш нигаристанд. Раҳораҳ аз зиндагии якдигар пурсон шуда, рақами телефонҳоямонро ба ҳамдигар додем.

Қурбонии ҳирс
Баъди як ҳафта Олиҳа маро ба меҳмонӣ таклиф карда, бо ханда гуфт:
-Райҳон, мебахшӣ, ки шавҳаратро даъват карда наметавонам, охир худат нағз медонӣ, ки ман зани ҳоҷӣ ва духтари мулло ҳастам.
Аз Фаррух иҷозат гирифта, қандинаи калони зебое пухтаму ба хонаи дугонаам рафтам. Хурсанд будам, ки Олиҳаро боз пайдо намудам… Мошин дар назди дарвозаи боҳашаммати нақшине қарор гирифту маро хизматгорзан пешвоз гирифта, ба толори пазироии меҳмонон бурд. Дугонаам дар пеши поям пойандози атлас густурда маро гарму ҷӯшон истиқбол гирифт. Ману Олиҳа дар сари мизи пурнозу неъмат аз ину он чақ-чақ доштем, ки садои сигнали мошин баланд шуд ва ҷипи сиёҳшишаи қимматбаҳое пайдо шуд. Дугонаам «ҳозир ҳоҷиро ба хона медарораму баъд наздат меоям, вай камаш чор соат бояд хоб кунад, яъне ману ту барои дарди дил кардан ҳоло вақти зиёде дорем» гӯён, ба истиқболи шавҳараш баромад. Ҳисси кунҷковии занонаам боло гирифту пардаи ҳарирро бардоштам, то бубинам, ки шавҳари Олиҳа чӣ марде бошад. Дари мошин кушода шуд ва аз он марди тақрибан 60-65- солаи сурхинаи чашмтанге, ки риши кӯтоҳи мошу биринҷ дошт фаромад. Олиҳа дастонашро ба гардани мӯйсафед ҳамоил карда аз лабонаш бӯсид. Ин манзараро дида, ман дар ҷоям шах шуда мондам…

Олиҳа баъди чанде ба наздам даромад ва шояд ҳолати маро пайхас кард, ки гуфт:
-Ҳайрон нашав дугона, ман зани чоруми ана ҳамин хоҷӣ ҳастам, боз як сирри дигарро ба ту мекушоям, чунки медонам хабаркаш нестӣ. Аслан, овоза кунӣ ҳам парво надорам. Медонӣ шавҳари ман кист? Язнаам. Шавҳари ҳамон аммаи бою бадавлатам, ки ҳамеша дар назди ту таъриф мекардам. Дили ҳоҷӣ Аёмшо зани ҷавонтар кашидааст, аммаам ба хотири он ки давлату сарвати шӯяшро каси дигар соҳиб нашавад, маро аз падарам хостгорӣ кард ва худаш тӯй карда овард. Шавҳарам бар ивази ман ба падарам чанд кило тилло дод…
Дугонаам то қарибиҳои бегоҳ бо ифтихори аблаҳона шавҳарашро таъриф кард, вале гӯшҳои мани лолмонда дигар чизеро намешуниданд. Аз чор соати бо ӯ буданам танҳо ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки ҳоло лаҷоми ҳоҷӣ дар дасти Олиҳа буда, се зани дигари шавҳараш, аз ҷумла аммаи худаш ҳам ба ӯ хушомад мезадаанд.
-Камтари дигар давру даврон ронам, баъд, чор-панҷ сол пас барои ҳоҷӣ як шоҳписар таваллуд мекунаму ӯро аз ҳама занҳояш зада мегирам,-гуфт ҳангоми хайру хуш дугонаам…

Анҷом
Аз ин вохӯрӣ се моҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол ба худ наомадаам. Олиҳа зуд-зуд ба ман занг зада, авҳолпурсӣ мекунад, вале акнун ман ба дугонаи асири ҳирс гаштаам нафрат дорам. Ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чӣ гуна вай бо язнаи пири фартуташ дар як болин сар мемонад?! Наход ба хотири мошину ҳавлии дакаданг ва либосҳои зебою зару зевари гаронбаҳо инсон ба ҳамин гуна пастӣ равад?!

Райҳона.
Таснифи Дилошӯб

Р/С
Хонандагони азиз, ман ин қиссаро набофтаам. Чизе, ки шумо мутолиа намудед, сарнавишти занест, ки ман солҳо боз мешиносам. Албатта бовар кардан душвор аст, ки барои аз даст нарафтани боигарӣ зан метавонад ҷиян ё хоҳари худашро ба оғӯши шавҳараш андозад, вале бадбахтона чунин инсонҳои ғуломи нафс гашта дар байни мову шумо ҳастанд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД