shoh palace
Ҷиян шавҳари холаро гирифт
3155

 

Зулайхо ном дорам. Дар оилаи ашхоси баобрӯ ва сарватманд ба дунё омада, духтари нозпарварди падар будам.

Модарам барои аз ҳад зиёд шӯху якрав буданам, маро нимҷиддӣ «девонаи ҷарапар» мегуфт, вале бибиам тарафамро гирифта таъкид мекард, ки духтар нозу нузашро дар хонаи падар мекунад, фардо, ки шавҳар карда рафт, гапдаро мешавад. Солҳо чун турнаҳои баҳорӣ гузашта рафтанду мани жулидамӯй қад кашида, ба як духтари соҳибҷамол табдил ёфтам, вале ҳама бачаҳо аз ман ҳазар мекарданд. Ҳамсинфонам аз заҳри забонам тарсида аз бало ҳазар гӯён, худро аз ман дур мегирифтанд.

   Юсуфи афсонаҳо

Дар синфи даҳ мехондем, ки роҳбари синфамон ҷавони зебоеро ба синф дароварда бо мо шиноскунон гуфт:

-Бачаҳо, ин ҳамсинфи нави шумо Юсуфҷон, падарашро дар ноҳияи мо сардори шуъбаи милитсия мондаанду оилаи онҳо ба ин ҷо омадаанд.

-Зулайхо ана Юсуфатро оварданд,-ба ман нигариста шухӣ кард дугонаам Саида.


Аз байн ҳанӯз даҳ моҳ нагузашта буд, ки Некон аз омадани худ дарак дод. Акнун волидони Рухсора мурғи посӯхтаро мемонданд.

 


Ба сӯйи вай нигоҳи норозиёна партофта бошам ҳам, дилам аз ин шӯхии ширин дар сина шодона тапид, зеро ҳамсинфи навам чунон хушрӯй буд, ки гумон мекардӣ Юсуф-пайғамбар дубора зинда шудааст.

Оҳиста-оҳиста Юсуф бо аҳли синф унс гирифта, одами худӣ шуда монд. Дар гирди вай парвонавор давр задани духтарони синфамонро дида, ман аз рашк дар мегирифтам, вале аз сари ғурур инро нишон намедодам, то он рӯзе, ки …

Сайри лола

Фасли баҳор фаро расид. Роҳбари синфамон, ки муаллими ҷавон ва ошиқи табиат буд, моро ба сайри лола бурданӣ шуд. Духтарон пухтупаз карданду писарон масолеҳи ошро хариданд, мошинро барои ба доманакуҳ бурдани мо Юсуф бо мадади падараш ташкил кард. Азбаски дар шароити куҳистон ҳаракат кардани мошинҳои сабукрав душвор буд, мо бо мошини боркаш ба сайри лола рафтем. Ҳамсинфон, роҳбари синф ва ҳатто ду муаллимаи русамон ба болои ЗИЛ баромаданд, вале Юсуф, ки дар кабина нишаста буд, маро садо карда гуфт:

-Зулайхо, биё дар паҳлӯи ман шин!

Не нагуфта дар паҳлуи Юсуф нишастам.

Сайри лола ману Юсуфро бо ҳамдигар чунон қарин гардонд, ки дигар ҳатто як лаҳза бе ҳамдигар зиста наметавонистем. Ҳама аҳли деҳа медонистанд, ки мо якдигарро дӯст медорем, вале ишқи Юсуф чунон пок буд, ки ягон бор ҳатто дасти маро намедошт.

Қасди ҷон

Мактабро хатм кардему Юсуф барои идомаи таҳсил ба пойтахт роҳ пеш гирифт, аммо падару бародарони ман зидди хондани ман баромаданд. Юсуф барои хайрухуш ба наздам омада гуфт:

-Зулайхо, ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки аввал хонда диплом мегираму баъд оиладор мешавам. Туро волидонат хондан намонданд, умратро беҳуда бо умеди ман нагузаронда, ба шавҳар баро!

Қаҳрам омад. Як шаппотӣ ба бари рӯяш зада ба хона баргаштам. Асабҳоям чунон вайрон буданд, ки ногуфтанӣ. Дар навори гумонҳои зиштам Юсуфамро дар иҳотаи духтарони шаҳрӣ дида, девона мешудам. Ба хотири қасд гирифтан аз Юсуф дар варақчае чунин навиштам: «Худамро барои он куштам, ки Юсуф бо фиреб доманамро доғдор карду оқибат маро партофт!» Варақчаро болои мизи чойхӯриамон гузошта ба ҳамом даромадам ва раги дастонамро буридам.

Бозгашт аз он дунё

Чашм кушода худамро дар беморхона дидам. Модарам дар болои сарам нишаста ашк мерехт. Падари Юсуф ба хотири нарехтани обрӯ ва доғдор нашудани номи худашу писараш аз падарам узр хоста, маро хостгорӣ намуд ва дар як ҳафта тӯйи зебое ороста тақдири ману Юсуфро бо ҳамдигар пайваст. Келини ин хонадон гашта бошам ҳам, аз рӯзи аввал бародару янга ва модару хоҳари Юсуф маро бад дида, ба ман чун ба девона менигаристанд. Дар хонадони шавҳарам баробари як саг обрӯ надоштам, вале ин маро заррае нороҳат намекард, чунки волидону пайвандонаш дӯстам надоранд ҳам, Юсуф маро болои даст мебардошт…

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
МСА 2019-09-28, 07:14
Идомааш кучо шуд?
Посух
МСА 2019-09-28, 07:14
Идомааш кучо шуд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
МСА 2019-09-28, 07:14
Идомааш кучо шуд?
Посух
МСА 2019-09-28, 07:14
Идомааш кучо шуд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД