Arzon march 2024
Ҷиян шавҳари холаро гирифт (Қисми3)
26.09.2019
Дилошӯб
2687


Маъшуқаи телефонӣ

Тобистон фаро расиду дарсҳои Сарвиноз низ шуруъ шуданд. Хонаро ба Сарвинозу хизматгорзан гузошта, мо оилавӣ ба як осоишгоҳи хориҷӣ дамгирӣ рафтем. Дар осоишгоҳ Юсуф хеле асабӣ менамуд. Фарзандонам маҳви тамошои зебоиҳои табиат инро пайхас накунанд ҳам, ман ба хубӣ эҳсос менамудам, ки дарди шавҳарам пазмонист, вале пазмонии кӣ?!

Як шаб Юсуф ба айвон сигоркашӣ баромада буд, ки ба телефонаш паёмак омад. Осемасар онро кушода хондам, чунин навишта шуда буд:

Офтоб задай соя таги анҷирай,

Ҳайфи ёрам дар оғӯши кампирай…

Натавонистам бубинам, ки рақами фиристонандаи паёмак чанд аст, зеро Юсуф ба хона даромада, телефонашро дар дасти ман диду ҳуш аз сараш канд ва ба рӯям шаппотие зада гуфт:

-Ба ту кӣ ҳуқуқ додааст, ки телефони маро кобӣ?! Дониста мон, агар як бори дигар ба телефонам даст расонӣ, туро бо ана ҳамин дастонам буғӣ карда мекушам!

Он шаб мо сахт ҷанг кардем ва бо ҳамдигар қаҳрӣ шуда, то охири сафарамон аз ҳам ҷудо хоб кардем. Шабе дар меҳмонхона тасодуфан суҳбати телефонии шавҳарамро шунидам. Юсуф ба маъшуқааш мегуфт: «Бамаззаи ман, сахт ёд кардаам оғӯшатро, накҳати мӯйҳои сунбулатро, чашмони сиёҳи чун чашми оҳу дилшикоратро, лабонаи ғунчаатро, андоми сапеду хушбӯятро… Шавҳарам чанд сухани фаҳши дигар низ гуфт, ки ба такрор карданашон забонам намегардад. Хушгӯиҳои Юсуфро ба маъшуқааш шунида, мани содадил хаёлан Сарвинозро мазаммат намудам, ки язнаашро беназорат мондааст. Дилам чун шоми зимистонӣ сип-сиёҳ шуд. Дигар нуқлу навоӣ хориҷа ва баҳру ҷойҳои тамошобобаш ба назарам наменамуд, ҳар чӣ тезтар ба хона баргашта, «ғунчалаб»-и Юсуфро ёфта, ҷазояшро доданӣ будам, аммо…                   

Сирри фошгашта

Сарвиноз моро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт, чун сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудаасту дилаш дард мекунад. Писаронам туҳфаҳои аз хориҷа харидаашонро ба апаҷонашон дода, Сарвинозро бо меҳр бӯсиданду баъд оббозӣ карда ба хонаи хоби худашон даромаданд. Азбаски сарам сахт дард мекард, аз Сарвиноз хоҳиш кардам, ки бароям доруи дарди сар биёрад. Юсуф пас аз ҳамом ба хонаи хоби худамон не, ба ҳуҷраи корияш даромад. Руҳан монда шуда будам, баробари сарамро ба болин ниҳодан хобам бурда мондааст. Дар хобам море аз остинам баромада, маро заҳр заданӣ мешуд, фарёд зада бедор шудам, ки дар обу арақ ғутидаам. Аз ҷоям хеста об нӯшидам. Ба соат нигаристам, се шуда буд. Барои нофор накардани аҳли хонадон оҳиста-оҳиста қадам монда, хостам аз ҷевони айвон доруи дарди сарамро гирам, дидам дари хонаи хоби Сарвиноз кушодаю чароғи рӯйи мизияш фурӯзон. Ин духтар то ҳол бедор аст гӯён даромадам. Рӯйҷои болои рахти хобаш ғиҷим, дар рӯйи хона таҳпӯшҳояш парешон, вале худаш набуд. Гумон кардам, ки ба қазои ҳоҷат баромадаст, интизор шудам, ки ҳозир меояд, аммо қариб бист дақиқа гузашту аз ӯ дарак нашуд. Ба дилам алав афтид: «Худо зад, ин духтар ҳам ошиқ пайдо кардааст, чӣ бало» гӯён, ба таҳлука афтода, хостам Юсуфро бедор карда ба ҷустуҷӯи Сарвиноз равем. Чароғи утоқи кории шавҳарам хомӯш буд, вале дар хонаи шафат, ки онро хонаи хоби меҳмонҳо мегуфтем, шабчароғи гулобиранг месӯхту садои паст-пасти гуфтугӯ меомад. «Ай дар падарат лаънат духтардор, ошиқашро ба хона овардааст» гӯён, ба пушти дари меҳмонхона рафта гӯш андохтам. Садои ошнои шавҳарамро шунидаму ҳуш аз сарам парид. «Нозҷон, бе ту мемирам, хоки поятро ба дида мекашам, барои ту дар Дубай ҳавлӣ харидам, туро ба он ҷо мебарам…» меҳрубонона пичиррос мезад Юсуф. «Ман ба Дубай намеравам, мехоҳам ҳамроҳи ту бошам»,- фиқ-фиқкунон рад намуд Сарвиноз. Шавҳарам ӯро тасаллӣ дода мегуфт: «Ҷонакам, то таваллуд шудани кӯдакамон он ҷо бош, баъд он тарафашро мебинем…». Дигар чӣ гуфтанду чӣ кор карданд, намедонам, зеро замину замон дар назарам ба чархзанӣ даромад…


Занону духтарони тоҷикро кӣ ё чӣ маҷбур месозад, ки тарки Ватан, хонаву дар ва азизону пайвандони хеш намуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?

 


Вақте ки ба худ омадам, духтурҳо гуфтанд, ки ду ҳафта беҳушу беёд хобидаам. Дасту пойҳоямро ҷунбонида наметавонистам. Маълум шуд, ки ба сактаи шадиди мағзи сар гирифтор гашта, фалаҷ шудаам.

     Тобути тиллоӣ

Инак, ду сол боз дар бистари беморӣ хобам. Дасту пойи ростам хушк шудаанд, дасту пойи чапамро ба зӯр меҷунбонам. Писаронам ҳарду дар хориҷа таҳсил карда истодаанд. Дар ҳавлии калони бошукуҳамон танҳо мани маъюб мондаму ду хизматгор. Юсуф Сарвинозро ба занӣ гирифт. Ин шармандагиро шунида, фишори хуни модарам баланд шуду ба сактаи дил гирифтор шуда, аз ин олами пур аз макру фиреб рахти сафар баст. Апаам духтарашро оқ кард. Хешу табор аз Сарвиноз рӯй гардонданд. Онҳо гоҳ-гоҳ ба аёдати ман меоянд, вале ман касеро дидан намехоҳам. Ана ҳамин тавр мори дар остин парваридаам ба ҷони ман чунон неше зад, ки аз заҳраш ниҳоли ҷонам хушкид.

Хиёнати ёр ё ҷазои парвардигор?

Зиндагӣ ва табобату нигоҳубини маро Юсуф ба уҳда дорад, аммо як сол боз рӯяшро надидаам. Аввалҳо ба нею нестонам нигоҳ накарда наздам медаромад, вале як рӯз ҳарду сахт ҷанг шудему суханони нешдораш аз ҷавшани ҷонам гузаштанд. Юсуф бо нафрат фарёд зада гуфт:

-Ту дар вақташ бо туҳмат маро аз худ карда будӣ. Аз рӯйи ту падару модарам аз ман хафа ин дунёро тарк гуфтанд. Тамоми дороии маро ту ҳамроҳи хешу таборат мехӯрдӣ, вале ба ҷойи шукр гуфтан бо рашку итобат маро дар назди рафиқонам шарманда кардӣ. Аз ман гила макун, Худо туро бо дасти ҷияни худат зад! Ман бе Сарвиноз ҳатто нафас кашида наметавонам. Туро танҳо ба хотири фарзандонам нигоҳубин мекунам, вагарна дар зиндагият кирм карда мурда меравӣ! Аслан, ту бояд кайҳо мемурдӣ, вале ман бо доруву дармони қимматбаҳо туро дар ин дунё нигаҳ медорам, то азоб кашӣ…»

Тоқатам тоқ шуда фиғон кашидам:

-Дафъ шав, дигар дар назарам натоб! Рӯятро аз ин пас Азроил бубинад!

Юсуф бо нафрат рӯяшро тофта баромада рафт.

Шавҳари хиёнаткорам дигар ёди ман накарда бошад ҳам, хурду хӯрок ва дорувориҳои заруриро сари вақт фиристода меистад. Бемор бошам ҳам, аз ягон чиз камбудӣ надорам. Дар хонаи қасрмонанд зиндагӣ карда истодаам, хизматгор дорам, вале ин зиндагиро зиндагӣ номида намешавад. Ин хона бо ҳама зебоиву ҳашаматаш ба назарам дӯзах ё тобути тиллоиро мемонад. Оре, шавҳари пулмастам маро зиндадаргӯр намуда, дар ҳамин тобути тиллоӣ ҷой кардааст, то азоб кашида, азоб кашида ҳатто ба марг зор шавам…

  Зулайхо

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД