arzon replenishment
Ҷиян шавҳари холаро гирифт (Қисми2)
25.09.2019
Дилошӯб
1960

 

Келини ин хонадон гашта бошам ҳам, аз рӯзи аввал бародару янга ва модару хоҳари Юсуф маро бад дида, ба ман чун ба девона менигаристанд. Дар хонадони шавҳарам баробари як саг обрӯ надоштам, вале ин маро заррае нороҳат намекард, чунки волидону пайвандонаш дӯстам надоранд ҳам, Юсуф маро болои даст мебардошт…


Ӯ мегӯяд: "Ман медонистам, ки Худо одил аст ва маро намегузорад, то ноҳақ кушта шавам!"

 


Деви рашк

Шавҳарам бо сари баланд ба донишгоҳ дохил шуд ва пас аз як сол ба шуъбаи ғоибона гузашта бо ёрии рафиқони падараш дар як ниҳоди бонуфуз ба кор даромад. Дар ин миён ман дугоник таваллуд намудам. Якбора соҳиби ду писараки зебо гашта, шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Юсуф ба норозигии волидонаш нигоҳ накарда маро ба шаҳр овард, то бо ду тифлаки ширхора азоб накашам. Шавҳарам бисёр серкор буд, субҳ аз хона мебаромаду баъди фаромадани пардаи торикӣ бармегашт, дили мани бадгумонро бошад, гурги тездандони рашк ханҷол мезад, ки шояд Юсуф маро фиреб дода бо баҳонаи кор дар ким-куҷо бо ойимчаҳои мурчамиён айшу ишрат карда мегардад. Бо шарофати шавҳари мансабдорам мани қишлоқии бесавод соҳиби зиндагии шоҳона гашта, дар тамоми маъракаҳо бологузар будам, вале на хонаву дари қасрмонандам ба назарам метофту на зару зевари қимматбаҳое, ки Юсуф дар ҳар иду айём бароям ҳадя меовард. Деви сиёҳи рашк дар дилам макон гирифта ҳаётамро заҳролуд мекард. Аз сари рашк ба чӣ пастиҳое, ки даст назадам, ҳамеша аз паси шавҳарам ҷосус барин поида мегаштам. Чанд бор ба ҷойи кораш рафта «бо шавҳари ман мегардед» гӯён, бо занҳои ҳамкораш даст ба гиребон шудам. Боре як котибаашро чунон задам, ки даҳону биниаш пур аз хун шуда аз ҳуш рафт. Духтарак ба беморхона афтиду модараш ба сарам омада, мӯю рӯямро канд, вале ин ҳама ба мани аз рашк девонагашта дарси ибрат нашуд…

Бегонадил

Ҳамболиниро Юсуф акнун танҳо ҳамчун қарзи шавҳариаш иҷро мекард, гӯё ман мард бошаму вай зан ҳамеша дар бистар ман ӯро меҳрубонию навозиш менамудам. Эҳсос мекардам, ки бо даҳони бефаровезу ҷангу ҷанҷолҳоям кайҳо ба дили шавҳарам задаам ва агар хотири Заршеду Фаршед набошад, Юсуф ҳатто як дақиқа ҳам бо ман зиндагӣ намекунад. Ҳамсарам падари хуб бошад ҳам, дигар нисбат ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат надошт.

Мор дар остин

Аз тарси девонагиҳои ман шавҳарам фақат занҳои миёнсолу безеберо котиба мегирифт. Котибаи навбатияш Нисохола бемор шуда аз кор рафт ва як «қадрдон» хабар овард, ки котибаи нави Юсуф як духтараки бисёр зебои баландболою абрӯкамон аст. Девонавор ба шавҳарам дарафтодам, ки боз бевабозиро сар кардӣ. Юсуф ба рӯям як шаппотӣ зада гуфт:

-Ҳой девона, Нигора хоҳарзодаи як рафиқам аст ва ман ӯро баробари хоҳарони худам медонам. Ду моҳ пас тӯйи арӯсияш баргузор мегардад. Рафиқам девонагии туро медонад, барои ҳамин то ёфтани котибаи нав ҷиянашро дар наздам ба кор монд. Боз ба сари ҳамин духтараки бегуноҳ ҳам рафта маро шарманда накунӣ, аҳмақ!

Шавҳарам хоҳарзода гуфту дар пеши назарам симои духтари апаам Сарвиноз ҷилвагар шуд, ки чун як себи дукафон ба ман монанд буд ва ҳамагӣ як ҳафта пас барои супоридани ҳуҷҷатҳояш ба пойтахт меомад. Апаам ҳамеша аз вай шикоят мекард, ки якраву гапнодарост, модарам бошад, бо лабханди талх «Сарвиноз ба холааш рафтааст» мегуфт.

-Сарвинозро ба шуъбаи ғоибона дохил карда ҳамчун котиба ба кор бигир, то дили ман ором бигирад,-талаб намудам аз Юсуф, бехабар аз он ки бо ин хоҳишам мори заҳрнокеро ба хонаам меорам.

Сарвинози пур аз ноз

Пас аз ду ҳафтаи ин гуфтугӯ Сарвиноз ҳамроҳи апаам ба хонаи мо омад. Язнааш ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи бонуфузе супорида бо шиносбозӣ ҷиянамро дохил кард.

-Хоҳарҷон, духтарамро ба туву туро ба Худо месупорам, ҳамеша ӯро насиҳат карда ист, то каме ҳам бошад одам шавад,-хоҳиш намуд вақти рафтан апаам.

Бо омадани Сарвиноз зиндагӣ дар хонаи мо ранги дигар гирифт, Заршеду Фаршед, ки яке дар синфи шаш, дигарӣ дар синфи ҳафт мехонданд, аз суҳбат бо апаҷонашон серӣ надоштанд. Духтари хоҳарам он қадар соҳибҷамол буд, ки одами ӯро дидагӣ як бори дигар бинам мегуфт, бар замми ин қобилу тозакор буд, баробари хизматгорзан корҳои хонаро мекард. Сарвиноз либосҳои Юсуфро дарзмол карда, ҳар субҳ «язнаҷон, ана инро пӯшед, ин гарданбандатон ба шумо мезебад» гӯён, дар атрофи шавҳарам парвонавор пар-пар мезаду дили ман бо дидани ин манзара боғ-боғ мешукуфт. Хаёл мекардам, ки дар симои Сарвиноз духтардор шудаам.

Эркачаи язнаву хола

Ба ҳамин минвол ду сол сипарӣ гашт, Сарвиноз рӯз аз рӯз зеботар мешуд. Бо омадани ҷиянам хонаи мо аз як ғурбатсаро ба қасри пур аз меҳру муҳаббат табдил ёфт. Юсуф тамоман одами дигар шуда, чун ҷавони ошиқ маро рӯ-рӯйи даст мегардонд. Ин ҳамаро мани сода аз пою қадами неки Сарвиноз дониста, тайёр будам барои ӯ ҷонамро фидо намоям. Язнааш қариб ҳар ҳафта пул медод, то ки ҳамроҳи Сарвиноз ба бозор рафта, чизҳои дилхоҳамонро бихарем. Хоҳарзодаам дар бозору мағозаҳо либосҳои зеботаринро хуш мекард ва ман ҳам дилашро ранҷондан нахоста тамоми чизҳои дилхоҳашро ба ӯ гирифта медодам.

Маъшуқаи телефонӣ

Тобистон фаро расиду дарсҳои Сарвиноз низ шуруъ шуданд. Хонаро ба Сарвинозу хизматгорзан гузошта, мо оилавӣ ба як осоишгоҳи хориҷӣ дамгирӣ рафтем. Дар осоишгоҳ Юсуф хеле асабӣ менамуд. Фарзандонам маҳви тамошои зебоиҳои табиат инро пайхас накунанд ҳам, ман ба хубӣ эҳсос менамудам, ки дарди шавҳарам пазмонист, вале пазмонии кӣ?!

(Идомааш фардо соати 21-00 гузошта мешавад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД