Formula novemver 2024
Ҳисор: Набера боборо бо табар зад
6788

 

Як рӯз қабл дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ҳодисаи гӯшношуниде ба вуқуъ пайваста, Ҳанон ном мӯйсафеди 73-соларо наберааш бо табар задааст...

Фаррух, яке аз ошноёни ин хонавода бо шарти зикр накардани насабаш дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ сабабҳои сар задани ин ҳодисаи мудҳишро шарҳ дода, чунин гуфт:

-Писари бобои Ҳанон-Салим 12 сол боз дар Русия аст ва боре ҳам аз ҳоли аҳли оилааш хабар намегирад. Салим дар бадали ин солҳо ба зану фарзандонаш ягон тин пул нафиристодаасту намефиристад. Келини мӯйсафед зани меҳнатӣ ва покдомон буда, фарзандонашро бо садҳо азобу машаққат бе падар ба воя расонд. Писари калонии Салим 23-солаю писари хурдиаш 22-сола ва ҳаррду донишҷӯ мебошанд. Ин ду бародар бо маслиҳати модарашон дар замини бобоӣ бо обилаи кафи даст хонаи нав сохтанд, аммо баъди он ки сохтмон ба итмом расид, мӯйсафеди бобояшон пӯстинашро чаппа пӯшида, келину набераҳояшро аз дар берун кардан мехоҳад. Ҳамдеҳагон чанд маротиба бобои Ҳанонро насиҳат карданд, ки ҳарчи ҳам набошад, ин бачаҳо фарзандони писараш ҳастанд ва ба замину хона ҳақ доранд, аммо мӯйсафед ду пояшро ба як мӯза андохта “аз падарашон чи дидам, ки аз инҳо мебинам. Дафъ шаванд, хонаи маро холӣ карда, ба куҷое, ки мераванд, рафтан гиранд” мегуфт...


ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ ЧИН БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД(ВИДЕО)

 


Ба қавли Фаррух, билохира моҷарои хона бо фоҷиаи хунин анҷом ёфта, рӯзе қабл бобою набера барои ҳамин як порча замин даст ба гиребон шудаанд. Зафари 22-сола, набераи хурдии мӯйсафед, ҳангоми ҷанҷол инони ихтиёр аз даст дода, ба бобояш ҳуҷум мекунад ва ӯро як табар мезанад. Ҳамин вақт писарони мӯйсафед аз дарвоза даромада, шоҳиди ин манзараи хунин мегарданд ва ҷияни табар ба дасташонро чунон лагадкӯб мекунанд, ки аз даҳону бинии Зафар хун фаввора зада мешорад. Бобои Ҳанон сахт захмӣ нагашта бошад ҳам, аллакай аз болои набера ва келинаш ба мақомот аризаи шикоятӣ навиштааст. Замине, ки фарзандони Салим дар он хона сохтаанд, расман ба номи бибишон ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Пиру кампир мехоҳанд келину набераҳояшонро аз хонае, ки онро писарони Салим-Сафар ва Зафар бо обилаи кафи даст ва хуни ҷигар бунёд намудаанд, берун карда, ин манзилро ба писари хурдиашон Ҷовид диҳанд.

Ҳамсари Салим мегӯяд, ӯ бо шавҳараш расман ақди никоҳ дорад ва ин хона ҳаққи ҳалоли фарзандонаш мебошад, аммо хулосаи ниҳоиро дар ин масъала танҳо мақомот бароварда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД