arzon replenishment
Фоҷеа дар рӯзи Артиши миллӣ
3686

Ҳақназар Эшмуродови 64- сола дар рӯзи таҷлили Артиши миллӣ, ки савори дучарха ба нияти шунидани суханҳои табрикотии фарзандону наберагон хонааш шитоб дошт, ногаҳон аз беэҳтиётии ронанда дар зери чархи мошин ҷон ба ҳақ супорид.

Дар ин рӯз тамоми мардон саргарми таҷлили иди мардон буданду аз дӯст, дӯстдошта, ҳамсар, фарзанд, ҳамсинфу ҳамкорон тӯҳфаҳои шодбошӣ мегирифтанду Ҳақназари бетолеъ бошад, дар роҳи калони мошингард аз беэҳтиётии як ронанда ҷон ба ҷонофарин супорид.


ШАҲБАЧАИ ВАҲДАТӢ ПЕШ АЗ ТӮЙ ДАР РУСИЯ ГУМ ШУД


Тахминан соатҳои 8- и субҳ, ронандаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, Махкамов Ҷӯрабек ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Шаҳритус, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, Ҳақназар Эшмуродовро, ки савори велосипед ба хонааш мерафт, пахш кардааст.
Дар натиҷа номбурда осебҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Боз аз бепарвоии як ронанда марди нав ба синни нафақа расидаро ба марг расонд.
Аз ҳамаи ронандаҳои кишвар хоҳиш менамоем, ки ҳангоми идораи нақлиёт ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд, ҷони дигаронро зери хатар нагузоранд. Зеро онҳо ва мусофиронро дар хона фарзандон ва пайвандон интизоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД