Ноза Абдулвосиева, ҳамсари 25-солаи баранда ва коргардони машҳури телевизиони Русия Александр Гордон дар Инстаграм аз миллатпарастӣ шиква намуда, гуфтааст, ки дар Маскав одамони шаклашон ба мардуми славянӣ монандӣ надошта, ҳатто машҳур бошанд ҳам, бо душвориҳои зиёде дучор мешаванд.
Худи Ноза Абдулвосиева аз Тоҷикистон буда, набераи коргардони маъруфи тоҷик Валерий Аҳадов мебошад. Ноза дар Русия ба дунё омадааст, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамеша ба табъиз дар заминаи қавмӣ дучор мешавад.
“Ҳар сол вазъ бадтар шуда истодааст. Аз ҳамин сабаб ман ва Гордон аллакай 4 хонаи истиқоматиро дар 6-соли зиндагии муштаракамон иваз кардем. Ичора гирифтани хона сол то сол мушкилтар мешавад,-мегӯяд Ноза.
Ҳамсари коргардони рус қисса кардааст, ки ҳар гоҳ бо мақсади ба иҷора гирифтани манзил ба соҳибхонаҳо занг зада, худро муаррифӣ намояд, бо шунидани номаш дарҳол ӯро тергавмекунанд, ки чаро Ноза ном дорад ва аз куҷо шаҳрвандии Русияро ба даст овардаасту бо киҳо зиндагӣ хоҳад кард...
“Бисёриҳо ба иҷора додани хонаҳояшонро ба шахсони "намуди зоҳирии славянӣ" дошта афзалтар мешуморанд,-гуфтааст Ноза Абдулвосиева, ки аз наҷодпарастию миллатгароӣ дар Русия ба дод омадааст...
Бародарам ба нею нестони модарам нигоҳ накарда, тӯтивор як гапро такрор мекард:
Вақте ки бо ҳамсари як шахсияти машҳур чунин муносибат менамоянд, тасаввур кардан душвор нест, ки ҳоли муҳоҷирони одии тоҷик дар Русия чӣ гуна аст ва бо чӣ таҳқиру хориҳо рӯ ба рӯ мегарданд...