Ин модари танҳо Каримова Саодат Шаробҷонова ном дошта, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, колхози Россия, ҷамоати деҳоти Куштеппа мебошад. Саодат соли 2009 бо орзуву ҳавасҳои зиёд ба шавҳар баромада бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандид.
Ҳамсараш ба шароб дода шуда, мудом масту аласт мегашт, вале мисли аксари занҳои тоҷик Саодат бо умеди рӯзҳои нек зиндагиашро бо ин марди майзада идома дода, соҳиби ду фарзанд гашт. Соли 2015 баъди ба дунё омадани духтарчаи дуюмашон шавҳараш талоқи Саодатро медиҳад.
Қалам дар тасвири ранҷу азобҳое, ки ин зани бадбахт баъди аз шавҳар ҷудо шудан кашидааст, оҷиз мемонад. Мо танҳо ҳамин қадар мегӯем, ки пас аз оворагию сарсониҳои зиёд, соли 2016 қарзу қавола карда, Саодат як вагони фарсударо харидорӣ намудааст, то ки сарашро бо ду фарзандаш паноҳ кунад. Дар ин вагон ҳамроҳи Саодату фарзандонаш ҳамчунин хоҳар ва ду ҷиянаш зиндагӣ мекунанд, аммо...
Ба ҳамин зиндагии қашоқонаи онҳо ҳам чашми бад расида, рӯзҳои сиёҳ ба сараш омаданд. Сароғоз духтарчаи калонии Саодат ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гашта, ҷигараш кафид. Комилаи ноком дар беморхонаи Истиқлол аз хунравии зиёд вафот карда, дар дили модари зораш дарду доғи абадӣ ниҳод. Марги ҷигарбандаш қомати дар зери бори гарони зиндагӣ бармаҳал хамгаштаи Саодатро шикаст.
Ҳанӯз аз ин фоҷиа ба худ наомада, бадбахтии дигар дари ин зани тоҷикро ангушт зад. Ислом ном марди пулмаст дари Саодатро кӯфта иддао намуд, ки замин бе ҳуҷҷат аст, тезтар бору бандашро бардорад, дар ҷойи хонаи вайронаи ӯ мағозаи дуошёна месозанд.
РАВШАНУ ҶАМШУДҲО ТОҶИКОНРО БАДНОМ МЕКУНАНД
Саодат барои ҳалли ин масъала мисли мурғи посӯхта дар ба дари мақомот медавад, аммо мақомотҳои болоӣ ба арзу додаш гӯш надода, аризаҳои пай дар пайи ӯро ба ҳукумати ноҳия равон мекунанд, ҳукумати ноҳия бошад, фақат як гапро дастак кардааст ва “замин ҳуҷҷат надорад” гӯён, аз Саодат талаб менамоянд, ки кӯчу бандашро бардорад. Касе дар андешаи он нест, ки тақдири ин зани танҳо ва фарзандону аҳли оилааш чи мешавад.
Тибқи Сарқонун-Конститутсияи Тоҷикистон ҳаёти инсон дахлнопазир буда, ҳар як шахс ба зиндагии хушбахтона ҳуқуқ дорад, аммо Саодат ба иллати қашшоқӣ аз хушиҳои умр маҳрум мондааст. Умедворем, ки баъди мутолиаи ин мавод шахсони хайрхоҳе пайдо мешаванд, ки ба ин зани азияткашида дасти ёрӣ дароз намуда, барои Саодат парпаноҳе меёбанд. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,
Сад бандӣ ба зар харида озод кунӣ,
Сад сол ба рӯза бошиву шаб ба намоз,
З-он беҳ набувад, ки як диле шод кунӣ.
Шод гардонидани дили Саодат барин занҳои танҳои дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда алами некест, ки подоши онро офаридгор албатта бо некӣ бар мегардонад!