Аз шабакаи «ТНТ» барномаи ҳаҷвии «Наша Раша»-ро тамошо карда бо дидани Равшану Ҷамшуд ба ғазаб меомадам, ки чаро мардуми таъриху фарҳанги бой доштаи моро ин қадар мазоқу масхара мекунанд, аммо баъди он ки ба Русия сафар намудам, боварӣ ҳосил кардам, ки ТНТ не, худи мо, аниқтараш як гуруҳ тоҷикбачаҳои бесаводи муҳоҷир обрӯйи миллати тоҷикро дар ин кишвар мерезонанд.
Аксари бачаҳое, ки Русия коркунӣ мераванд, забони русиро намедонанд, бар замми аз фарҳангу маданият бехабар буданашон боз бисёр дағал ва авбошсурат ҳастанд. Шояд шумо ба ғазаб меоед, ки мани тоҷик тоҷиконро паст зада истодаам, вале дар асл чунин нест. Ман ҳаргиз ҳаммиллатони худро таҳқир карданӣ нестам, баръакс ҷонам дард мекунад, ки ба хотири чанд ҷавони беандеша обрӯи миллати тоҷик мерезад. Пештар то ин дараҷа бесаводӣ набуд, мо бо русҳо озодона суҳбат мекардем, ҳамкорӣ мекардем, сари як дастурхон менишастем, хуллас, муносибатҳоямон бародарона буд, имрӯз бошад, ҳамин ки хӯҷаин аз дар баромад, тоҷик ягон балоро ба сар меорад.
Русҳо ҳам инсонанд, фиреб надиҳӣ, ҳаргиз туро шатта зада аз дар берун намекунанд. Онҳое, ки «кор фармуда пуламонро надоданд» мегӯянд, худашон чандон мӯсичаи бегуноҳ нестанд, корро ҳарому ҳалол мекунанд ё зарари калон меоранд, барои ҳамин ҳаққи хизматашонро надода кафшҳояшонро дар пеши пояшон мегузоранд. Аз ҳамин хотир ба тамоми тоҷикбачаҳо гуфтаниям:
Бародарони азиз, модари тоҷик то ба кай хизматгор мезояд?! Равшану Ҷамшудҳо то кай обрӯйи миллати тоҷикро мерезонанд? Беҳтар нест, ки савод омӯзед, забон омӯзед, маданияту фарҳангро омӯхта баъд ба Русия биёед, то ҳам худатон дар ин мулки бегона сарбаланд бошеду ҳам обрӯйи миллати тоҷикро баланд бардоред?!
О., Соҳибов