Бонувон дар тамоми фаслҳои сол зебову ботароват будан мехоҳанд. Умедворем, ки маслиҳатҳои мо барои зебову раъно мондани занҳои тоҷик дар фасли гармо кӯмак мерасонанд.
- Об-манбаи зебоӣ
Барои он ки пӯсти рӯй солиму ботароват бошад, дар як рӯз на камтар аз 2 литр об нӯшед. Об на танҳо пӯстро тароват мебахшад, балки қобилиятҳои муҳофизатияшро низ дучанд мегардонад.
- Пӯстатонро аз офтоб ҳифз кунед
Малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунандаро 20 дақиқа қабл аз кӯчабароӣ молед. Малҳамро тавре молед, ки дар пӯст қабати тунуки муҳофизатӣ пайдо шавад. Пӯсти нармаки гӯш ва гарданро фаромӯш насозед.
- Витамини C зарур аст
Дар сурати хеле кам дар зери офтоб будан низ пӯсти рӯй ожанг пайдо мекунад. Барои пешгирӣ намудани ожангзании рӯй бештар маҳсулоти витамини С доштаро (аз қабили шарбати меваҳои ситрусӣ) истеъмол намоед.
- Гел ба ҷои собун
Ҳангоми оббозии саҳарӣ гелро истифода баред, зеро собуни одӣ ба пӯсти аз офтоб сӯхта зарар дошта, боиси аллергия мешавад.
- Маҳси пой
Пойҳоятон хаста шудаанду вазнинӣ эҳсос мекунед? Ҳатман барои маҳс вақт пайдо намоед. Аз кафи пой сар карда ҳар як ангуштро дар алоҳидагӣ маҳс кунед ва баъди 10 дақиқа поятонро аз сатҳи сар баланд бардоред.
Ниқобҳои тобистона
Қабл аз он ки ниқоби тобистонаро омода месозед, мӯятонро бо рӯймол нағзакак маҳкам намоед. Пӯсти рӯй, лабу гарданро тоза кунед. Дастонатонро бо собун шӯед.
Ниқобро ба пӯсти рӯй ва лабу гарданатон молед. Ба пӯсти атрофи чашматон ҳеҷ гоҳ малҳам намолед! Ба пӯсти ин мавзеъ чойи гарм, бобунаоб ё каме малҳами ғизобахш молидан мумкин аст. Баъди молидани ниқоб дароз кашида дар оромии мутлақ мусиқӣ гӯш кунед. Вақти хобидан надошта бошед, ақаллан гап назанед ва нахандед. Барои омодасозии ниқобҳои тобистона маҳсулоти тару тозаро истифода баред.
Ниқоб аз себ
1 қошуқ себи кӯфтаро бо зардии як дона тухм ва 1 қошуқ шири гарм омехта намоед. Маҳлулро гармогарм ба пӯсти рӯятон молида, баъди 20 дақиқа бо оби хунук шӯед.
Ниқоб аз харбуза
Шарбати харбуза пӯстро ботароват месозад ва ғизо мебахшад. Дилаи харбузаро ба рӯятон гузошта 20-30 дақиқа нигоҳ дореду сипас бо оби хунук рӯятонро шӯед.
Ниқоби картошкагӣ
Картошкаи бо пӯсташ пухтаро гармогарм кӯфта, 1-2 қошуқ шири ҷӯш ва зардии як тухмро илова кунед. Маҳлулро ба рӯю гарданатон молида рӯятонро бо сачоқ пӯшонед ва 20 дақиқа нигоҳ доред.