Arzon march 2024
Фирӯза Сатторӣ дар 47 солагӣ соҳиби духтар шуд
5196

Дар долони медиахолдинги “Оила” интизори директори генералӣ Шариф Ҳамдампур будам. Он кас меҳмон доштанд. Каме интизор шудам. Сомонаи Oila.tj –ро тамошо мекардам, лек бо кормандон шиносоӣ надоштам.


Дар муддати 30 дақиқаи интизорӣ кормандони сомона, бахусус Фирӯза Сатториро ғоибона шинохтам. Сабаби шиносоӣ мухлисони сомона шуданд. Ҳар дақиқа занону мардон ва кампирону мӯйсафедон аз лифт фаромада, рост ба наздам меомаданду аз утоқи ҳафтаномаи “Оила” ро суроғ мекарданд. Аз онҳо мепурсидам, ки “Ба кӣ кор доред?”. Ҷавоб ҳама якранг буд “Фирӯза Сатторӣ”. Ҳар кадоми он меҳмононро зани хушмуомила, хоксор, нексухан бо лабханди умедбахш аз идоари Oila.tj мегуселонд. Ман донистам, ки зани миёнқади гандумгуни хушчеҳраи миёнсол, ки шикамаш мисли тӯб дамида буд ва мухлисони “Оила” ро мегуселонд, Фирӯза Сатторӣ аст. Ӯ базӯр қадам мемонд, лекин ҳатман он муроҷиаткунандагонро то дари лифт мегуселонд. Маълум буд, ки Фирӯза ҳомиладор аст. Аз ҳоли зан маълум буд, ки ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавад. Дар дилам мегуфтам, чаро Фирӯзаи Сатторӣ худаш ин меҳмононро мегуселонад , магар имкон надорад, ки ягон корманди дигар ин корро ба анҷом расонад? Охир ҳаракат барои зани дар батн тифл хело мушкил аст.


АБДУРОЗИҚ БО ШАБНАМ ТОҲИРӢ ХОНАДОР МЕШАВАД?


Баъдтар маро дар сомонаи “Оила”, ки таҳти назари ӯ интишор мегирифт, ба кор қабул карданд. Дар рафти кор дарёфтам, ки ӯ як зани меҳнатқарин будааст.
Фирӯза Сатторӣ аз соли 2003 то соли 2019 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила” буд. Аз соли 2019 то инҷониб ҳамчун сармуҳаррири сомонаи Oila.tj дар кору фаъолият мекунад. Дар арафаи таҷлили “Рӯзи Матбуот” аниқтараш 10-уми марти соли ҷорӣ ин журналисти соҳибқалам дар синни 47-солагӣ соҳиби духтарчаи нозанин гашт.
Ӯ муддати 17 соли фаъолият дар ҷодаи журналистика маҳбуби дили мухлисону хонандагон гардид. Дар давоми фаъолияти корӣ Фирӯза Сатторӣ бо беҳтарин чеҳраҳои фаҳрангиву сиёсӣ сӯҳбатҳои хонданибоб ороста, шумораи хонандагони “Оила”-ро боз ҳам бештар гардонд. Ӯро ҳама мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Фирӯза Сатторӣ ният дорад, ки духтарчаашро Ориёна ном ниҳад. Худо кунад, ки Ориёна номбардори модари номдораш шавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД