Arzon march 2024
Фирӯза Ҳафизоваро “суд” мекунанд?
4530

Пахши клипи нави Фирӯза Ҳафизова бо номи “Фу мегум, фу” дар сомонаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро миёни истифодабарандагони интернет ба вуҷуд овард.

Бисёриҳо Фирӯза дар таҳқири рӯирости одамон гунаҳкор карда, талаб намудаанд, ки ин клипро аз ютубу инстаграм пок кунад. Овоза аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ин клипи Фирӯза Ҳафизова эрод гирифта, таъкид намудаанд, ки агар ин кплипро тоза накунад, метавонанд ӯро суд кунанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшо доир ба ҳамин масъала бо Фирӯза Ҳафизова сӯҳбат оростааст. Овозхон дар сӯҳбат аз ҷумла мегӯяд:

 


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба куҷо менигариста бошанд? Наход ягон ватандори асиле ёфт нашавад, ки лаҷоми чунин блогерҳои “буққа”-ро як бор нағзакак кашида монад, то ки дигар бо эҳсосоти мардум бозӣ карда, миллати тоҷикро мавриди мазоқу масхара қарор надиҳанд?!


-Ман як филми ҳаҷвиро тамошо кардам, ки қаҳрамони он филм зани фарбеҳ асту барои фарбеҳиаш ӯро ҳамеша таҳқир мекунанд ва ӯ аз ин дар ғазаб шуда суруди “Фу”-ро месарояд. Баъди тамошои ин филм ман ба хулосае омадам,ки ин сурудро бо забони тоҷикӣ ҳамчун суруди ҳаҷвӣ сароям. Дар сурудам ман на ягон касро таҳқир кардаму на дашном додам ва на ба иззати нафси касе расидам. Ягона бадии ин суруд дар он аст, ки дар он ҷо калимаи “фу”-ро ба забон овардаам. Дар ютубу инстаграм дар зери видеоҳои ман чунон дашномҳои қабеҳе менависанд, ки ҷонам ба лабам мерасид ва мехоҳам он бадгӯёнро ба ҳалокат расонам. Маҳз барои ҳамин бо дастгирии прдюсерам Беҳрӯз Зеваров тасмим гирифтам,ки сомонаи шахсии худро дар ютуб кушоям ва теъдоди подписчиконамро ба як миллион расонам.
Мо хостем сари ҳамин мавзӯъ бо худи Фирӯза Ҳафизова ҳамсӯҳбат гашта, то куҷо асос доштани овозаҳоро аниқ намоем, аммо чанд маротиба ба ин бонуи ҳунар занг зада бошем ҳам, гӯишро каси дигар мебардошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД