sebiston july new
Турсуной Зокирова соҳибкор ё экстрасенс?
3221

Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта ва экстрасенси маъруфу машҳур, дар шаҳри Гулистон,ки зодгоҳаш аст, осоишгоҳ месозад.

Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳи Зокирова шинос шудааст, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Аҳмадзода таъкид намудааст, ки корҳои сохтмонӣ бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Ӯ афзудааст, ки шаҳри Гулистон минтақаи сайёҳӣ буда, дар тӯли солҳои охир ба як макони дӯстдошта ва истироҳатии сокинони дохилу хориҷи мамлакат табдил ёфтааст.


ДУХТАРАМРО НАҶОТ ДИҲЕД, АПАИ ТУРСУНОЙ!

 


Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта дар баробари соҳибкорӣ ва корҳои хайраш бо қобилияти фавқулоддаи экстрасенсорияш дар қаламрави Тоҷикистону беруни кишвар маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури "Битва экстрасенсов-4" мебошад.
Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 -соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст",- навиштааст сомонаи Зокирова.

Ӯ қаблан дар Қайроқум як бинои истиқоматии 5-ошёнаро сохта онро ба 10 нафари ниёзманд ройгон тақдим карда буд.


ТУРСУНОЙ ЗОКИРОВА: СЕҲРУ ҶОДУ ВУҶУД ДОРАД, ВАЛЕ…

 


Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи экстрасенсии худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Президенти Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиеро,ки Турсуной Зокирова дар Қайроқум бунёд карда буд, ба истифода дод.

Солҳои охир дар Тоҷикистон ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, барои корҳои хайраш гоҳо дар сархати хабарҳо қарор мегирад.
Бознашр аз Спутник.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД