arzon replenishment
Турсуной Зокирова: Сеҳру ҷоду вуҷуд дорад, вале…
4060

-Турсуной Зокирова аз назари худи Шумо кист: фолбин, экстрасенс, ғайбдон, назаркарда…?

-Танҳо як бандаи Худо! На фолбинам, на экстрасенс, на ҷодугар. Росташро гӯям, худам ҳам намедонам кистам, вале дардманде ба наздам дарояд, дарҳол дарди ӯро дар ҷисму ҷони худ эҳсос менамоям. Ҳар як инсон мисли стансияи барқӣ, ки нерӯи барқ истеҳсол мекунад, аз худ энергия хориҷ мекунад, Худованд ба ман чунин қудрат додааст, ки ба майдони энергетикии одамон ворид шавам, дар бораи беморӣ ва мушкилоташон маълумот бигирам, ба дардашон дармон бахшам…

-Тақдири инсон дар дасти кист?

-Дар дасти Худо ва дар дасти худи одам.

-Мегӯянд, ки экстрасенсҳо бо сеҳру ҷоду сарнавишти одамонро тағйир медиҳанд, шавҳарро аз зан ҷудо мекунанд, дари бахтро ба рӯйи кас мекушоянд ё баръакс мебанданд, метавонад чунон кунанд, ки ба сари кас борони пулу мол борида, соҳиби давлату сарват шавад?

-Дар 99 %-и ҳолатҳо аз дасти экстрасенсҳо ягон кор намеояд, тақдири инсон мисли ресмонест, ки як нӯгаш дар дасти Худою нӯги дигараш дар дасти худи одам аст. Аслан сарнавишт азалист, вале бисёр чизҳоро одам метавонад бо дониш ва ақлу фаросаташ тағйир диҳад, дигаргун созад ва барои худ як зиндагии арзанда бунёд намояд.

-Бисёриҳо, аксаран бонувон аз он меноланд, ки касе бо сеҳру ҷоду дари бахташонро бастааст ё ҳамсарашонро аз худ намудааст…

-Гуфта наметавонам, ки сеҳру ҷоду нест, ҳаст, вале инсон метавонад пеши роҳи ҷодуро бандад….

-Бо кӯмаки соҳири дигар?

-Не, худаш, мустақилона.

-Чӣ гуна?

-Аслан сеҳру ҷоду фақат се рӯз таъсир мекунад. Пас аз се рӯз таъсираш кунд мешавад, ба шарте, ки одам ба он дода нашавад. Ба ҷоду бовар карда, маро ҷоду карданд гуфта бечоранолӣ карда шинед, дар ҳақиқат корҳоятон бебарор гашта, дари бахту саодат ба рӯятон баста мешавад, вале бовар накунед, аҳамият надиҳед, на ҷоду шуморо шикаста метавонаду на ягон ҷодугари машҳур. Боз такрор мекунам, ки экстрасенс ва соҳиру ҷодугару фолбинҳо қудрат доранд танҳо 1 % ба сарнавишти инсон таъсир расонанд, боқӣ ҳамааш аз худи одам вобаста аст. Зан меҳрубон, покдоман ва фармонбардор бошад, шавҳараш аз ӯ намегурезад, мард мардона бори зиндагиро бар дӯш бигирад, занаш думболи марди дигарро намегирад, духтар боодоб ва ҳунарманду хоксор бошад, албатта дари бахт ба рӯяш боз мешавад…


Соле нест, ки Турсуной Зокирова ба ягон бемористон, ятимхона ё чанд оилаи камбизоат дасти мадад дароз накунад.

 


-Энергияи Шумо ба сеҳри сафед дохил мешавад ё ба сеҳри сиёҳ?

-Албатта ба сафед!

-Дар Русия рақобат байни экстрасенсхо бисёр шадид аст, соҳирони сиёҳ Шуморо ҷоду намекунанд?

-Кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи маро банданд, монеа эҷод намоянд, вале ман худро муҳофизат мекунам, ба қавли худи русҳо «защита» мегузорам, то энергияи манфии онҳо ба ман таъсир нарасонад…

-Саломат бошед!

(Бознашр аз ҳафтаномаи “Оила”)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мехрангез 2019-12-20, 21:59
Бахт
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мехрангез 2019-12-20, 21:59
Бахт
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД