Formula novemver 2024
Марями 40 сола кай фурсати соҳиби 44 фарзанд шуданро ёфт?
2502


Марям Набатанзи Бабире умре дар орзуи оилаи калон буд. Орзуҳояш амалӣ шуданд ва акнун дар синни 40-солагӣ ин зан модари 44 фарзанд гаштааст, ки ба падарашон даркор нестанд. Марям ҳаёти сангинеро аз сар гузаронидааст.

 


Бо чашмҳои ашкбор вориди зоишгоҳ шудам. Вақте ки ҳамшираи шафқат "духтар" гуфт, худро бевазане ҳис кардам, ки бо се кӯдаки хурд, хори як бурда нон аст!

 

 


Ҳанӯз дар 13-солагияш волидонаш ӯро ба як марди 27 сол аз худаш калон ба шавҳар доданд. Баъди як соли издивоҷ Марям дугоник, баъди ду сол сегоник ва баъди чор сол яку якбора чоргоник ба дунё овард. Замоне, ки Марям аллакай 23 фарзанд дошт, ба табибон муроҷиат намуд, то ки сади роҳи серфарзандияш шаванд. Ташхис нишон дод, ки кори тухмдонҳои ин бону хеле фаъол аст ва ҳама гуна дахолат ба саломатияш хатар дорад. Ҳамин тавр, Марям дар маҷмуъ 44 фарзанд: 6 дугоник, 4 сегоник, 3 чоргоник ва 2 фарзандро дар алоҳидагӣ таваллуд кардааст. 6 фарзандаш дар навзодӣ вафот карда, 38 нафарашон зиндаву барҳаётанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД