arzon replenishment
Кесерево хубтар ё таваллуди табиӣ?
2440

 

Вақтҳои охир бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар (кесерево сечение) ба дунё овардани фарзанд дар байни занони тамоми олам, аз ҷумла хонумҳои тоҷик низ мӯд шудааст. Аксари бонувони ҳомила баробари наздик шудани муҳлати таваллуд карданашон ба воҳима меафтанд, зеро зиёд азоб кашидани занро ҳангоми тавлид зиёд шунидаанд ё худ аллакай ин дардро аз сар гузаронидаанду сахт метарсанд. Фақат ба хотири он ки камтар дарду азоб бикашанд, хонумҳо ҷарроҳиро аз таваллуди табиӣ авлотар медонанд, аммо...

Пеш аз оне, ки аз ду роҳ якеро интихоб намоед, шумо бояд бартарӣ ва камбудиҳои кесерево ва таваллуди табииро нағзакак омӯхта, баъдан хулоса бароред, зеро гап дар бораи ҳаёту мамоту ду инсон-модар ва кӯдак меравад.

 


 

Дарде дорам, ки аз гуфтанаш шарм медорам, вале онро нагуфта ҳам наметавонам, чунки ҳоламро табоҳ карда истодааст. 

https://oila.tj/news/anir-davoi-prastatit


 

Кесерево чи гуна ҷарроҳист?
Ҷарроҳии чоки қайсар амалиёти тиббие мебошад, ки дар рафти он тавассути чок кардани бачадон тифл аз батни модар берун оварда мешавад. Ин ҷарроҳӣ ҳанӯз дар замонҳои қадим ҳангоми марги зани ҳомила дар моҳҳои охири охири ҳомиладорӣ гузаронида мешуд. Айни ҳол ин ҷарроҳӣ дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади бо хавфи камтар ба ҳаёти модару тифл гузаштани таваллуд гузаронида мешавад.

Бартариҳои ҷарроҳии чоки қайсар

  1. Дар ҳолатҳои алоҳида-коси танг, бисёр калон будани кӯдак, дар қисмати пеши бачадон ҷойгир шудани ҳамроҳак, ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифтор будани зани ҳомила, норасоии гурда ва бемории чашм доштани модаршванда бо роҳи табиӣ таваллуд кардан бисёр хавфнок аст. Аз ҳамин сабаб дар чунин ҳолатҳо табибон ба зани таваллудкунанда гузаронидани ҷарроҳии чоки қайсарро тавсия медиҳанд.
  1. Бартарии дуюми ҷарроҳи чоки қайсар ин ҳис накардани дард ҳангоми ба дунё овардани фарзанд мебошад. Занҳое, ки бо ягон сабаб (махсусан занҳое, ки асабашон иллат дорад) тобу тавони бардоштани дардро надоранд, метавонад бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар фарзандашонро ба дунё оваранд.

3.Ҷарроҳии чоки қайсар хатари ҷароҳат бардории модар ва кӯдакро нисбатан камтар месозад, аммо ин маънои онро надорад, ки ба шумо ва тифлатон ягон хатар таҳдид намекунад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар тифлаконе, ки бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омадаанд, назар ба кӯдаконе, ки бо рҳи табиӣ таваллуд шуданад, осеби сутунмӯҳра ва энсефолопатияи постнатали бештар ба назар мерасад.

4.Тавлид тавасути ҷарроҳии чоки қайсарӣ ҳамагӣ 25-45 дақиқа давом мекунад, ҳол он ки таввалуди табиӣ метавонад 24- соат ва гоҳе бештар давом кунад.

5.Имконияти банақшагирии таввалуди фарзанд, дар вақти мувофиқ, зеро баъди ҷарроҳии чоки қайсар ҳадди ақал муддати се сол шумо бояд ҳомиладор нашавед.

 Камбудиҳои тавалуд бо роҳи ҷарроҳӣ

1.     Хатари баланди дучоршавӣ ба мушкилоти пас аз таввалуд, то 12 маротиба бештар нисбати таввалуди табиӣ.

2.     Таъсири манфии наркоз ба организми модар ва кӯдак. Ҳангоми анестизияи умумӣ хатари аз кор бозмондани дил, шамолкашии шуш ва халалдор гаштани торҳои асаб ба миён меояд. Ҳангоми анестизияи сутунмӯҳра ва эндуралӣ бошад шамолкашии ҷойи шикофкардашуда, қисматҳои ҷудогонаи мағзи сар ва осеби сутунмӯҳра ба вуҷуд меояд.

3.     Пас аз ҷарроҳӣ барои барқарор шудани органимз мӯҳлати тӯлонӣ лозим аст. 4.     Хунравии зиёд ҳангоми ҷарроҳӣ, ки баъзан ба камхунӣ оварда мерасонад.

  1. Пас аз ҷарроҳӣ дурудароз бисарӣ шудани модар, ки ба нигоҳубини навзод халал мерасонад.
  2. Ҳафтаҳо дард кардани ҷойи ҷарроҳӣ ва зарурати қабули доруҳои таскинбахши дард.
  3. Мушкилот дар оғози ширмаконӣ, ки дар натиҷаи ихтилоли гармоналӣ сар мезанад. Бо сабаби ба зудӣ ба худ наомадани модар ба аксар кӯдаконе, ки бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё омаданд, шири сунъӣ медиҳанд. Дар натиҷа кӯдак ба ин навъхи шир одат карда, дигар пистони модарро намегирад.
  4. Ба миён омадани хатари минбаъд низ бо роҳи табии таваллуд карда натавонистани зан.
  5. Гузаштан аз баҳри таввалуд муддати 2- 3 соли оянда, зеро маҳз ҳамин қадар вақт лозим аст, то кӯки ҷарроҳӣ пурра шифо ёфта, хатари ҳангоми таввалуди оянда даридани чоки ҷарроҳӣ бартараф гардад.
  6. Нигоҳубинӣ ҳамешагии тиббӣ пас аз ҷарроҳӣ.
  7. Норасоии гармонҳои асосӣ дар организми тифл, барои мутобиқшавӣ ба муҳити атроф.

 Бе ҷарроҳӣ таваллуд кунед, агар...
Таваллуди тифл- қисмати ниҳоии ҳомиладорӣ мебошад, ки бо ба дунё омадани тифл тавасути роҳҳои табиӣ ба анҷом мерасад. Зан, агар ба ягон бемории вазнин гирифтор набшад ва табибон барои гузарнидани ҷарроҳии чоки қайсар ягон асос набинанд, танҳо ба хотири ҳис накардани дард ҷарроҳӣ кардан шарт нест. Бартариҳои таваллуди табиӣ нисбат ба ҷарроҳии чоки қайсар инҳоянд:

  1. Ҳангоми таввалуди табиӣ ҷисми навзод тадриҷан ба муҳити нав мутобиқ мешавад.
  2. Организми зане, ки бо роҳи табиӣ фарзандашро ба дунё овардааст, нисбат ба зане, ки ҷарроҳӣ шудааст, зудтар барқарор мегардад.
  3. Модар метавонад ба зудӣ пас аз таввалуд ба ширмаконӣ ва нигоҳубинӣ кӯдак бипардозад.

 Камбудиҳои таваллуди табиӣ

  1. Дарди сахт ҳангоми таввалуд кардан.
  2. Хатари захмӣ шудани бачадон ҳангоми таваллуд-разрив

 Новобаста ба ин, аксари акушер-гинекологҳо таваллуди табииро аз ҷарроҳии чоки қайсар авлотар медонанд, бинобар ин, ҳангоми ба дунё овардани тифл ду поятонро ба як мӯза андохта талаб накунед, ки шуморо ҷарроҳӣ кунанд. Беҳтараш ҳамаашро дар тарозуи ақл бар кашед ва сипас хулоса бароред, ки кадомаш барои шумо авлотар аст. Бовар кунед, азоб кашида фарзанд ба дунё овардан низ лаззати нотакрори худро дорад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД