Arzon march 2024
Анҷир давои прастатит
3070

 

Салом! Ман Эгамбердиев Рустам, марди 60- сола, аз ноҳияи дурдасти Балҷувон.

Дарде дорам, ки аз гуфтанаш шарм медорам, вале онро нагуфта ҳам наметавонам, чунки ҳоламро табоҳ карда истодааст. Ман ба бемории простатит гирифтор шуда, сахт азият мекашам. Илтимос, ягон роҳи осони табобати ин бемориро бигӯед, то ҷонам аз азоб халос шавад.

Р. Эгамбердиев, Балҷувон.

Посух

Одатан ба беморҳои ғадуди таносулӣ мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд, вале баъзан ҷавонон низ аз бепарвоӣ мубталои ин дард мегарданд. Бо мушоҳида намудани аввалин нишонаҳои беморӣ мардонро лозим аст, ки ба духтур-уролог муроҷиат намоянд, УЗИ кунанд ва пешоб супоранд. Простата чирк гирифта бошад, массаж аз роҳи маъқад зарур аст, то чирк хориҷ шавад, зеро бидуни ин амал табобат суде нахоҳад бахшид. Усулҳои табобати суннатии ин беморӣ низ мавҷуданд. Инак, чанд давои санҷидашударо ба шумо пешкаш месозем.

Нусхаи аввал

Гиёҳҳои раҳдавак, газанда, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, думи гов ва гули гандумро ба миқдори баробар гирифта, омехта намоед ва як таркиб созед. 2 қошуқи ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта аз болояш 400 гр., оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. 1 соат пас гиёҳобро полонда, рӯзе 4 маротиба ним истаконӣ пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед. Табобатро то ҳосил шудани сиҳатии комил идома додан лозим аст.

Нусхаи дигар

50 гр., пӯсти пиёзи бехиро дар 700 гр., об ҳамагӣ 4-5 дақиқа ҷӯшонда оташро хомӯш намоед ва монед 1 соат истад. Оби пиёзро рӯзе 1 пиёлагӣ пеш аз хӯрок ва баъди истеъмоли ғизо бинӯшед.

Нусхаи сеюм

3-4 дона анҷири хушкро бегоҳӣ дар оби ҷӯш тар карда, субҳ анҷирро хӯред ва баъдан обашро бинӯшед. Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд. Саломат бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД