Arzon march 2024
Абдурозиқ бо Шабнам Тоҳирӣ хонадор мешавад?
12053

-Як соли охир тамоми расонаҳо дар бораи ӯ мегӯянду менависанд.
-Видеоҳояш дар ютубро дар сархати сербинандатринҳо ҷой доранд.
-Сурудҳояш миллион –миллион “лайк”-у “каментария”мегиранд.

-Духтарони зиёд барои “лайк”-и зиёд гирифтан бо ӯ акс мегиранд.
-Журнаслитон барои пайдо кардани ӯ моҳҳо интизор мешаванд, то дар бораи навгониҳои ӯ чизе нависанд.
-Кӯдакони зиёд , дар орзуи аз наздик дидани ӯ ҳастанд.
Фикр мекунам, аллакай пай бурдед, ки мо дар бораи кӣ гап мезанем.


ҒАЛАБА БА АБДУРОЗИҚ МУБОРАК БОШАД!


Абдурозиқ дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи миллонҳо одамон маъво гирифт ва ба қатори ситораҳои машҳури эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Садриддини Наҷмиддин дохил гашта, ҳаводорони зиёдро дар интернет соҳиб гашт.
Суруди “Ватан-модар”-и ӯро дар шабакаи Ютуб қариб 2500000 нафар тамошо карданд, таронаи “Оҳанги дили зор”-и Абдурозиқ бошад, беш аз 3000000 тамошобин пайдо карда, рекорде гузошт, ки расидан ба он амри маҳол аст.


БАРОН АБДУРОЗИҚРО ИСТИФОДА МЕКУНАД? (ВИДЕО)


Тавре ҳамагон медонанд ин ҷавони ғайриоддии 17 -сола зодаи шаҳри Панҷакент буда, дар оилаи камбизоат таваллуд ёфтааст. Ӯ дар айёми кӯдакӣ мубталои бемории рахит шуда, вазъи иқтисодии оила дар вақташ имкон надод, ки ӯ табобати комил гирад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ ҳунарашро сайқал дод ва бо истеъдоди худододу ҳарфҳои ширинаш духтарони ҷавонро ошиқи шайдои худ намуд.

Яке аз дилбохтагони садову симои ин ҷавони булаҷаб журналисти шинохтаи сомонаи Oila.tj Шабнам Тоҳирӣ аст, ки мехоҳад бо Абдурозиқ хонадор шавад. Шабнам, ки ошиқи суруду таронаҳои марғуби Абдурозиқ аст, кӯшиш мекунад аввалин шуда, навгониҳои ҳунари ӯро тамошо намояд ва дар борааш матлабе нависад.


Абдурозиқ мехоҳад дар Панҷакент меҳмонхона созад


Шабнам худаш қоил шуда гуфта буд: “дӯст доштан ин гуноҳ нест, ман ҳар гоҳ Абдурозиқро тамошо мекунам, дилам волаву шайдояш мегардад, ният дорам, ки маблағ ҷамъ намуда, табобати саломатии ин ситораи ютубро бихарам. Ба саволи он, ки Абдурозиқ ба шумо изҳори ишқу муҳаббат кунад ва ҳамчунин пешниҳоди хонадоршавӣ намояд, розӣ мешавед? Шабнам бо табассум гуфт, ки Абдурозиқ аз ман хурд аст ва тақдир агар моро бо ҳам расонад, албатта рад намекунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД