Абдурозиқ, овозхони навраси тоҷик нақша дорад, ки дар зодгоҳи худ, деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент барои сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ меҳмонхона месозад.
Абдурозиқ, ки моҳи октябри соли 2019 аз ҷониби блогер ва рэпсарои тоҷик Беҳрӯз Шарифӣ (Baron) ба шаҳри Душанбе оварда шуда буд, пас аз се моҳ ба аёдати волидонаш рафт. Абдурозиқ давоми чанд рӯзи дар ҳалқаи пайвандон буданаш, ба Baron ва гурӯҳи кории ӯ баъзе аз мавзеъҳои зебои деҳаи Ғиждарваро нишон дода, онҳоро бо шароити зиндагии мардуми деҳоти дурдаст ошно кард. Ҳамчунин, ба дидорбинии ҳамсинфону устодонаш ба мактаби деҳа рафта, аз онҳо дуои нек гирифт. «Ба ҷойҳои мо сайёҳон зиёд меоянд, аммо баъди тамошо зуд гашта мераванд. Ҳоло мо нақша дорем, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи калон бунёд кунем, то сайёҳон дигар ба тамошо омада, дар зери сангҳо хоб накунанду дар меҳмонхона боҳузур истироҳат кунанд»,-мегӯяд, Абдурозиқ, вале дар бобати кай ва аз ҷониби кӣ бунёд шудани меҳмонхона маълумоти дақиқе нагуфт. Абдурозиқ 17 сол дорад, аммо ба назар кӯдаки 4-5 соларо мемонад.
Ситора Фармоноваро ҷавони тоҷик ба занӣ мегирад?
Волидонаш инро ба бемории «рахит» рабт медиҳанд, ки қаблан имконияти табобаташро надоштаанд. Ҳоло Абдурозиқ яке аз машҳуртарин ситораҳои шабакаи YouTube мебошад, ки ҳар навори ӯро миллионҳо нафар аз назар мегузаронанд. Ӯ бисёр бачаи чаққон аст ва дар оянда мехоҳад, ки сарояндаи номдор шавад.