Sebiston new 2024 october
Ситора Фармоноваро ҷавони тоҷик ба занӣ мегирад?
3378

 …Пас аз пахши озмуни «Central Asia's Got Talent» дар телевизион, ман ба яке аз аъзоёни ҳакамони озмуни мазкур Ситора Фармонова дил бастам. Медонам, ки ӯ дар ду дунё ишқи маро қабул намекунад, вале чӣ илоҷ, ки дӯст доштан кори дил аст ва ман ба ӯ ошиқи зор гаштаам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар бораи ӯ каме ҳам бошад, маълумот диҳед. Оё ӯ оиладор аст? Агар «ҳа», имрӯз чӣ рӯзу рӯзгор дорад? Шавҳараш кисту чӣ кора аст? Қаблан сипосгузорам ва умед дорам, ки хоҳиши ман қобили қабул аст. Бурҳон, аз шаҳри Душанбе.

Мехоҳед бидонед, ки Ситора ба ин ошиқбачаи тоҷик чӣ посух дод? Пас, шумораи нави ҳафтаномаи «Оила»-ро ҷӯед, ёбед, хонед!

                 Кӯдак ба мор мубаддал гардид

… Барои сабук сохтани дарди ҷонкоҳ Ҷаганнатҳа ҳар соат оббозӣ карда, ҳар се соат бояд ба пӯсти баданаш малҳами нармкунанда молад. Пӯсти бадани ин писарбачаи ҳинду ба пӯсти мор монанд гаштааст, зеро хушк шуда, ба назар пулакчаро мемонад. Илова бар ин, қабати болоии пӯсташ ҳар шаш ҳафта иваз мешавад…

Дар оянда Ҷаганнатҳаро чӣ интизор аст? Тақдири ин писарбачаи ҳинду чӣ мешавад? Оё бемориаш табобатшаванда аст? Шарҳи муфассали ин матлабро аз шумораи навбатии «Оила» бихонед!

                    Гадои «кӯр»

…Рӯзҳо мегузаштанд ва ӯ кори худро идома медод, аммо диққати маро як чиз ба худ ҷалб мекард. Гоҳ медидам, чашми чапаш бо дока баста шуда буд, гоҳ чашми росташ. Ман ҳайрон будам, ки чаро ин тавр аст? Аввал ба ӯ аҳамияте намедодам, баъдан аз худам пурсидам:

-Ӯ магар чашмашро то ҳол ҷарроҳӣ накардааст ё ҳар ду чашмонаш беморӣ доранд?...

Гадои «кӯр» ба даст афтод? Ӯро барои ин амалаш чӣ интизор аст? Пеш аз ҳама, пирамардро кӣ маҷбур кард, ки гадоӣ кунад? Шакли пурраи қиссаро аз шумораи ҷадиди «Оила» ҷӯё шавед!

  Тоҷири итолиёӣ хостгори Фарзонаи Хуршед шуд?

Оҷонсии иттилотии «Ориён» бо нашри як акс хабар медиҳад, ки гӯё овозхони шинохтаи кишвар Фарзонаи Хуршед айни замон дар Италия зиндагӣ дошта, ба тоҷири машҳури итолиёӣ Аллегро Марино ба шавҳар баромада бошад. Аксро як хонандаи «Ориён» ба суроғаи почтаи электронии онҳо ирсол намуда, ному насаби худро махфӣ нигоҳ доштааст…

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо бо продюсери Фарзонаи Хуршед тамос гирифтем. Медонед, ӯ дар ҷавоб чӣ гуфт? Саҳифаи «Ситорарез»-ро дар ҳафтаномаи «Оила» пайгир бошед!

                         Шона дар хоб

Шона дар хоб хушҳолӣ аст, аз рӯйи ривоятҳо шона илму дониш ва некӣ аст. Шахсе, ки дар хобаш риш ё мӯйи сари худро шона мезанад, аз ғаму андуҳ раҳо мегардад.

Зиёд хоб мебинед, аммо таъбири ҳеҷ кадоме аз онҳоро намедонед. Ҳафтаномаи «Оила» кори шуморо кайҳост, ки осон кардааст. Дар саҳифаи «Хобномаи исломӣ»-и ҳафтанома таъбири хоби худро биҷӯед!

                       Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем! Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

               «Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

                        Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

                        СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД