Сюрпризи Шабнами Сурайё дар зодрӯзи духтараш
3445


Маликаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар ҳалқаи дӯстону наздикон зодрӯзи яккадухтари нозанинаш Шарифамоҳро ҷашн гирифт.

Шарифамоҳ ба бистсолагӣ қадам гузошту модари шӯҳратманд ва бибии меҳрубонаш хостанд зодрӯзи ӯро ба таври фаромӯшношуданӣ таҷлил намоянд. Шабнам ба духтари ноздонааш мошини тамғаи “Porsche” тақдим намуда гуфтааст:

“Ту омадиву дунёву дилу дидаву дору давлатамро зебу зиннат бахшиди, эй нимаи ман! Ту омадиву нафасҳоям ширин, оғӯшам гарм, ҳарфам олудаи номат гашт. Қимматтарин неъмати умрам, ҳадяи наҷибтарини Офаридгорам, хунам, номам, ҷонам, шоҳсатри китоби ҳаётам, нишонаи ман, пораи ҷигарам, муаллифи шодиҳову хандаҳоям, нафасам, ишқи нотакрорам, умеди фардоям, замину осмонам, маънои буданам Шарифамоҳи фариштарӯйи оча, солрӯзи зебои умрат ҳумоюн бод! Бигзор танат бедарду умрат дароз, зиндагиат моломоли шодиҳо, ҷоддаҳоят сабз ва имрӯзу фардову охиратат саодатбор бошад! Бароям бемисол қиммати. Танҳо хушиву бахтатро бинам. Дунёи ман, ҷону ҷаҳони ман, зодрӯзат муборак!”


Аз “ТВ-Сафина” рафтани наттоқи беҳамто ва актрисаи шинохта Таҳмина Раҷабова, ки барандаи бахши русии барномаи”Навид” буд, боиси пайдо шудани сару садоҳои зиёде гашт.


“Фарзонаи Хуршед, Мавзунаи Ҷовид ва дигар чеҳраҳои шинохтаи шоу- бизнеси тоҷик низ дар саҳифаи инстаграмашон аксу видеоҳои хотирмонро аз ҷашни зодрӯзи духтари Шабнами Сурайё гузошта, бо як ҷаҳон меҳру ихлос Шарифамоҳро бо рӯзи милодаш муборакбод гуфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Karomat 2019-12-19, 17:07
BaXudo kasam Oila az jurnalisthoi shumo gadotaru nodortaru befahmtar ham az jihati manavi ham maishi dar yagon jo nadidaam. Az mavzui chopkardaaton baroi xabarnigoronaton ba osoni baho dodan metavon. Yagon odami chashmu shikamash serro ba kor kabul kuned agar az pushti in safsatahoi kolxozi nagashta xabarhoi jolibro peshkashi xonandagon xoxad kard.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Karomat 2019-12-19, 17:07
BaXudo kasam Oila az jurnalisthoi shumo gadotaru nodortaru befahmtar ham az jihati manavi ham maishi dar yagon jo nadidaam. Az mavzui chopkardaaton baroi xabarnigoronaton ba osoni baho dodan metavon. Yagon odami chashmu shikamash serro ba kor kabul kuned agar az pushti in safsatahoi kolxozi nagashta xabarhoi jolibro peshkashi xonandagon xoxad kard.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД