arzon replenishment
БАРҚАСДИ ТОҶИКБАЧА ШАВҲАРИ РУС КАРДАМ, АММО...
14358

 

...Кӯдакам дар қадам буд, ки шавҳарам тамоман аз худ мерафтагӣ шуд. Нашъа мезаду нисфи шаб ба хона омада, мани ҳомиладорро мисли тӯби футбол лагатборон мекард.

Хешу таборамро, ки дар Русия буданд, аз ҳоли зорам хабар додам. Дар як мижа задан ба наздам ҳозир шуданд ва субҳи дигар чиптаи ҳавопаймо харида, маро бо тифли батнам ба Тоҷикистон гусел карданд, то аз дасти шавҳарам дар мулки бегона кушта нашавам...

Саргузашти ғамангези зани тоҷикро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!

Зане, ки дар хаскаппа мезист, соҳиби хонаи 3 хуҷрагӣ шуд

...-Мо аз аввал камбағал будем. Бечора шавҳарам ҳар сол ба Русия мардикорӣ равад ҳам, базӯр аробаи зиндагиро ба пеш кашида, моро танҳо бо хӯрока таъмин менамуд. Имконияти қолину палос ва сару либосҳои ранг ба ранг хариданро надоштем. Пинҳон намекунам, тӯли 15 сол фарзандонам фақат кӯҳнаколои мардумро мепӯшиданд, вале ба ҳамааш шукрона мекардем...

Шодии модар ва 5 фарзанди ӯро ҳадду канор нест, зеро онҳо соҳиби хонаи замонавӣ шуданд. Oila.tj боз як оиларо соҳиби манзил кард. Шакли пурраи маводро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Афзалшоҳ Шодиев зинда аст!

...Кормандони КҲФ дар ноҳияи Айнӣ талош доранд, мошини Афзалшоҳ Шодиевро, ки ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе ба Фондарё сарозер шудааст, берун кашанд. Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи Айнӣ дар шарҳи ин хабар гуфт, мошини тамғаи "Дулан", ки таҳти идораи Афзалшоҳ Шодиев қарор дошт, чаҳор рӯз пеш ба дарё фурӯ рафтааст...

Шарҳи ин ва дигар хабарҳои тозаи олами шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

Шавҳарат туро дӯст медорад?

...Ҳар як зан мехоҳад барои шавҳараш дӯстдоштаву ягона бошад. Муҳаббату меҳрубонии мард барои зан аз ҳазор ганҷи дунё болотар меистад, вале Худованд ин неъматро ба ҳар кас насиб намегардонад. Ҷуфтҳое ҳастанд, ки як умр дар як болин сар монанд ҳам, ҳамдигарро дӯст намедоранд ва танҳо ба хотири фарзандон ё гапи мардум зиндагӣ мекунанд...

Мехоҳед донед, ки шавҳаратон шуморо дӯст медорад? Пас, ба саволҳои санҷишномаи ҳафтаномаи “Оила” аз сидқи дил ҷавоб диҳед!

Меҳрнигори Рустам: Шаъну шарафи духтари тоҷикро паст назадаам!

... Чанде қабл овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ наворе нашр кард, ки дар он ҳамроҳ бо духтарони гурӯҳи рақсии “Step Up” ба таври аврупоӣ мерақсад. Пас аз нашри навор корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Меҳрнигорро зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки гӯиё бо рақсҳояш шаъну шарафи духтари тоҷикро паст кардааст..

Шарҳи ин ва дигар хабарҳои тозаи олами шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

 

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД