...Чун Сулҳия ба назди утоқи 18 расид, дид, ки дар пушти дар навишта шудааст: “Ҷаводова Замира, генеколог”. Ҳайрон шуд. Табибзан баробари дидани Сулҳия гуфт: “Худатонро дар қайди поликлиникаи ҷойи истиқомат монед, шумо ҳомила ҳастед...”
Ин хабар Сулҳияро чун барқ зад.
Ин барояш шумхабар буд ё хушхабар. Охир, ӯ барои бефарзандӣ аз шавҳар ҷудо шуда буд. Аз тарафи дигар номи ҳаромизойро бардоштан осон нест...
Ашки талх ва дарди дили марди маъюб
...-Бале, зинда монда бошам ҳам, пурра аз пой монда, ба бистари беморӣ мехкӯб гаштам. Инак, ду сол мешавад, ки дар рӯйи ҷогаҳи беморӣ хобам. Зани дигар мебуд, шояд ким-кайҳо мани маъюбро партофта мерафт. Хушбахтона, ҳамсарам аз оилаи одамони нек аст ва тарбияи хуб гирифтааст. Вай маро мисли як кӯдак парасторӣ мекунад...
Зани тоҷик чоргоник таваллуд кард
...“То ҳол аз шодӣ ҳарф задану ором нишаста наметавонам. Ман танҳо як маротиба ба назди фарзандонам даромадам ва онҳоро аз наздик дидам. Гӯиё вориди дунёи дигар гардидам, ки атрофам пур аз тифл буд. Аз ин бештар шодие барои волидон нест”,-афзудааст падари хушбахт. Далер барои дидани фарзандонаш чанд маротибаи дигар кӯшиш кардааст, аммо табибон дигарбора иҷозати даромадан ба назди чоргоникҳоро надодаанд...
Мӯйи сарро бо молу ашё иваз кунем?
...Солҳои охир шумораи лӯлизанҳое, ки дар дасташон халта ба ҷамъ кардани мӯйи сари занҳо машғуланд ва бар ивазаш ашёи рӯзгор медиҳанд, зиёд ба чашм мерасанд. Тибқи андешаҳои аксари муллоҳо чунин амал зидди мазҳаби мост, вале намедонем то куҷо ин ҳақиқат дорад. Мехостем барои мо шарҳ диҳед, ки оё воқеан ҳам мӯйи сарро бо чизе иваз кардан убол аст? Сангинов Б, хонандаи “Оила”
Модели тоҷик чеҳраи маҷаллаи “Vogue Arabia” интихоб шуд
...“Аввалин бонуи тоҷик ҳастам, ки аксҳоям дар “Vogue” чоп шуданд ва аз ин хеле хурсандам. То ҳол бовариям намеояд, зеро ҳамагӣ як моҳ пеш орзу мекардам, ки аксҳоям дар ин маҷалла чоп шаванд. Бениҳоят хурсандам, ҳатто ашки шодӣ рехтам”,-гуфтааст Карина Комил дар суҳбат ба “Sputnik-Тоҷикистон”. Нура Сулаймон расмҳои Каринаро дар Инстаграм дида, ӯро ба ҳамкорӣ даъват кардааст, зеро дар Арабистони Саудӣ оҷонсиҳои моделӣ фаъолият намекунанд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 50-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 23-юми декабри соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!