formula
Фаврӣ: Назирҷони 14-сола таги ЗИЛ монд
2439

Шаби 15-уми март, тахминан соатҳои 22:00 ронандаи мошини боркаши тамғаи ЗИЛ ҳангоми ҳаракат дар наздикии деҳаи М. Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Назирҷони 14-соларо пахш кардааст.

Як кормандони БДА, бо шарти ифшои ифшо намудани номаш, ба хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт, ки ронандаи мошини тамғаи ЗИЛ, Эргашов Шердил Адуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Шаҳринав аст, зимни ҳаракат дар наздикии деҳаи М. Турсунзода писарбачаи ноболиғро зер кардааст. Навраси дар зери чархи мошинмонда низ сокини ҳамин деҳа аст. Гуфта мешавад, ки ноболиғ Назиров Назирҷон ном дорад. Ӯ хонандаи мактаби миёна буда, имсол дар синфи 7 таҳсил мекард.


ДАРАИ АЛМОСИИ ҲИСОР: КӮДАКИ 7-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН МАҶАҚ ШУД


Ноболиғи мазкур ҳангоми пахш шудан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дирӯз дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дошта, ронанда айни ҳол дар боздоштгоҳ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД