Яке аз истифодабарандагони фаъоли фейсбук Парвона Аҳрорӣ дар саҳифаи шахсиаш таассуроташро аз як вохӯрии кӯтоҳ бо духтараке, ки бо мошиншӯйи зиндагиашро пеш мебарад, баён намудааст.
Инак, мо тарҷумаи нигоштаи Парвонабонуро манзури шумо мегардонем.
Ин духтаракро бори аввал ман аз тирезаи утоқи кориам дида будам. Ростӣ, сароғоз чандон аҳамият надодам, вале баъдан гирумонашро дида, дар ҳайрат афтидам. Намедонам то он лаҳзае, ки чашми ман ба ӯ афтид, чанд мошин шуста буд, вале шумори мошинҳои пасон шустаашро дида, аз чусту чолокиаш ангушти ҳайрат газидам.
Чой дам кардам ва як лаълича шоколад дар даст ба кӯча баромадам, то ҳамроҳи ин духтараки чаққон сӯҳбат ороста, аз зиндагиаш воқиф гардам.
-Ҳаво бисёр хунук аст, даро, чой менӯшем,- духтаракро ба сӯҳбат кашиданӣ шуда ба утоқи кориам даъват намудам ман, вале духтар бо табассуми малеҳ пешниҳодамро рад карда гуфт:
-Вақт надорам, кор кардан даркор.
-Дастонат аз хунукӣ суп-сурх шудаанд. Даромада як пиёла чой бинӯш, андак гарм мешавӣ.
-Апа, дар тӯли як соле, ки дар ин ҷо кор мекунам, шумо аввалин касе ҳастед, ки маро ба як пиёла чой даъват кард,-бо лабханди дардолуд ҷавоб дод духтарак.
-Дар ин ҳавои сард дар таги барф мошин мешӯӣ, дилам ба ҳолат сӯхт.
-Ғам нахӯред апаҷон, ман пули хуб кор мекунам.
Кунҷковона пурсидам:
-Дар як рӯз чанд пул кор мекунӣ? Албатта, агар ин сирри махфӣ набошад...
-Баъзан то 100 сомонӣ кор мекунам,-бо табассуми беғаш ҷавоб дод духтарак ва афзуд:
-Инаш 5 сомонӣ медиҳад( духтарак ба лексуси сафед ишорат намуд) ваяш 20 сомонӣ (мерседесси нуқрагунро дар назар дошт)
Ҳамин вақт ронандаи БМВ ба мошинаш наздик шуд ва аз дидани мошини топ-тоза ба ваҷд омада ба духтарак 50 сомонӣ дароз кард. Бовар кунед, ман аз духтараки мошиншӯй дида бештар хурсанд шудам ва ба ронандаи ҳотамсифат изҳори миннатдорӣ намудам. Ҷавон сахт шарм дошт ва зуд ба мошинаш нишасту бод барин дар як лаҳза аз назар ғоиб гашт.
ПАРК ҶОЙИ ИСТИРОҲАТ Ё РИШВАСИТОНӢ?
Ҳамин тавр дар бадали чанд дақиқаи сӯҳбат ман аз рӯзгори сахту сангини ин духтараки мошиншӯй огоҳӣ ёфта, дар дил ба ӯ аҳсанд хондам, ки бо ин ҳама шикастҳо аз зиндагӣ дилсард нагаштааст. Ҳангоми хайрухуш духтарак бо лабханд ба сӯям даст афшонда гуфт:
-Апаҷон, барои ман зиқ нашавед! Худо хоҳад, рӯзе фаромерасад, ки бо либосҳои наву зебо ва гӯшворҳои тиллоӣ ба наздатон меоям, он гоҳ ҳардуямон ба ягон тарабхона рафта, аз таҳти дил чақ-чақ мекунем. Ман аз гуруснагӣ наметарсам. Ягона чизе, ки ман аз он ҳарос дорам, ҳамин аст, ки танбалу коргурез шуда, ба дигарон мӯҳтоҷ нашавам!